• 20.04.2019

Интернети қиммат ва эътирози мардум (Видео)

Ҳарчанд ин қарор новобаста аз назари ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт, интиқод ва эътирози мардуми тоҷикро дучанд кард. Вале сару садо ва эътирози шаҳрвандонро на мақомоти дахлдор ва на Ҳукумат ба назар гирифтанд.

  • 18.04.2019

Кайҳоннаварди тоҷик: чаро ӯро ҷаҳон эътироф карду Тоҷикистон не?

Дар бораи кайҳонварди аввалин Юрий Гагарин зиёд хондаему медонем, аммо кам касон маълумот доранд, ки баъди 37 соли ин, 23 январи соли 1998 ҳаммиллати мо Солиҷон Шарифов бо киштии «Индевор STS-89» ба кайҳон парвоз кард ва сафари ӯ 8 рӯзу 19 соату 46 даққиқа идома ёфт.

  • 01.10.2018

Конфронси илмию адабии «Мавлоно ва фарҳанги инсонӣ»

Бо ташаббуси раёсати илм ва иноватсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва факултети филологияи тоҷик бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар толори факултети филология тоҷик бахшида ба Рӯзи Мавлоно конфронси илмию адабӣ таҳти унвони «Мавлоно ва фарҳанги инсонӣ» доир гардид. Дар ибтидо муовини ректор оид ба корҳои илм ва иноватсияи донишгоҳ профессор […]

  • 01.10.2018

Вазири молия: Барои «Роғун» маблағҳои иловагӣ ҷудо мешавад

Барои сохтмони Неругоҳи барқи обии НБО «Роғун» соли равон маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд. Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон зимни ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» иброз дошт. Инчунин, номбурда зикр намуд, ки бо мақсади рушди […]

LM2019
  • 01.10.2018

Раиси ВМКБ иваз шуд

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод намудани Шодихон Ҷ. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Шодихон Ҷамшед бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 1 октябри соли 2018 №1110 […]

  • 01.10.2018

Талбак Назаров соҳиби ҷоизаи олӣ гардид

1  октябри соли 2018 дар ҳузури  кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов ба собиқадори хизмати дипломатии Тоҷикистон Талбак Назаров ҷоизаи олии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон – медали ба номи Назир Турақуловро супорид. Т.Назаров, ки 12 сол Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, барои таҳкими муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Дар […]

  • 01.10.2018

Модари Субҳони Ҷалил даргузашт

Субҳи имрӯз модари Субҳон Ҷалилов дар синни 62 солагӣ аз олам даргузашт. Як нафар аз пайвандони марҳум дар суҳбат ба сомона tajikistantimes.com қайд кард, ки марҳум бемории вазнин надошт ва озодона гашту гузор мекард. Баъзан аз дарди пойҳо шикоят мекард, ки он ҳам ҷиддӣ набуд. Имрӯз соати 16:00 дар шаҳраки Файзобод ҷанозаи маита  баргузор мешавад. […]

  • 01.10.2018

Асрори худкушии подполковник маълум нест 

Зафар Сафаров, подполковники милиса ва муовини раиси Иттиҳодияи автомобилчиёни ноҳияи Шаҳритус, худкушӣ кардааст. Ҷасади Сафарови 49-соларо субҳи 28-уми сентябр дар шохи дарахти чормағзи хонааш дар ҷамоати ба номи Рӯдакии ноҳияи Вахш овезон пайдо намудаанд.Дар идораи ташхиси додгоҳии вилояти Хатлон рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Зафар Сафаров худовезӣ кардааст, аммо то ба ҳол […]

  • 01.10.2018

Таҷовуз ва куштори духтарчаи 12-сола аз ҷониби ҳамсоя

Дар вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон як сокини 29-солаи ноҳияи Узун бо гумони таҷовуз ба номус ва қатли ҳамсояи 12-солаи худ боздошт шудааст. Духтарча дар синфи 5-ум мехонд. Яке аз фаъолони Узун гуфт, куштори бераҳмонаи духтари ноболиғ 25 сентябр рух додааст. Гумонбар духтарро нахуст таҷовуз карда, сипас барои пинҳон кардани нишонаҳои ҷиноят ӯро ба дор овехтааст. Манобеъ […]

Дин 0
  • 01.10.2018

Директори ЮНЕСКО аз Тоҷикистон дидан намуд

 Аз санаи 24 то 28 сентябри соли 2018 директори Бюрои минтақавӣ ва намояндагии ЮНЕСКО дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон Криста Пиккат бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд зимни ин сафар хонум Криста Пиккат аз ёдгориҳои таърихии воқеъ дар Тоҷикистон, ки ба рӯйхати қаблии Ёдгориҳои […]

  • 01.10.2018

Писари бадмаст модарашро кушт

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 29-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 19:20-дақиқа, ҳангоми дар хонаи истиқоматиашон дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, аз сабаби ба миён омадани муноқишаи оилавӣ бо модараш, зани 62-сола, ҷангу […]

  • 01.10.2018

Бибии наберакуш ҷузъиёти кушторро нақл намуд (Видео)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузориши видеоӣ дар бораи қатли бераҳмонаи набераи сесола аз ҷониби бибиашро нашр кард. Ҳоҷарой Ашӯрова дар ин гузориш эътироф мекунад, ки Беҳрӯзро ба далели муноқишаҳое, ки бо волидони ин кӯдак дошт, куштааст. Ӯ дар пеши дурбини камера нишон медиҳад, ки чигуна Беҳрӯзро аввал таги обу лой кард ва вақте дид, ки […]

  • 01.10.2018

Марги 7 нафар аз як оила дар садама

Дар Лахш садамаи пурфоҷеаи рух дод. Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лахш ё Ҷиргатоли собиқ рӯзи 1 октябр гуфтаанд, ки оилаи Шараповҳо шомгоҳ аз картошкачинӣ бармегаштанд, ки ба фалокат дучор шуданд. Ҳодиса соати 22:10 дақиқаи 30 сентябр рух дод. Фарзияи пешакӣ ин аст, ки ронандаи ЗИЛ Сунатулло Юсупов аз уҳдаи идораи нақлиёти боркаш набаромада, ба сой фурӯ […]

  • 01.10.2018

Роҳкироро арзон кунед!

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақолаи таҳлилии Исломи Раҷабалӣ, сокини шаҳри Кӯлобро нашр намудааст, ки дар он проблемаи нафуромадани нархи роҳкироро овардааст. Ду моҳи пеш бо сабаби боло рафтани нархи сузишворӣ ҳаққи роҳкиро ҳам гарон шуда буд, вале чаро нархи сузишворӣ поён шуду роҳкиро не?- савол мегузорад Исломи Раҷабалӣ. Ба навиштаи Исломи Раҷабалӣ, ду моҳ қабл дар кишвар […]

  • 01.10.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4191  сомонӣ; 1 евро – 10.9083 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1430 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4191 […]

App Banner