• 20.04.2019

Интернети қиммат ва эътирози мардум (Видео)

Ҳарчанд ин қарор новобаста аз назари ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт, интиқод ва эътирози мардуми тоҷикро дучанд кард. Вале сару садо ва эътирози шаҳрвандонро на мақомоти дахлдор ва на Ҳукумат ба назар гирифтанд.

  • 18.04.2019

Кайҳоннаварди тоҷик: чаро ӯро ҷаҳон эътироф карду Тоҷикистон не?

Дар бораи кайҳонварди аввалин Юрий Гагарин зиёд хондаему медонем, аммо кам касон маълумот доранд, ки баъди 37 соли ин, 23 январи соли 1998 ҳаммиллати мо Солиҷон Шарифов бо киштии «Индевор STS-89» ба кайҳон парвоз кард ва сафари ӯ 8 рӯзу 19 соату 46 даққиқа идома ёфт.

  • 10.10.2018

Кампираки 117-сола шодимарг шуд

Дар кишвари Мексика зани 117-сола баъди чанд соати ба даст гирифтани шаҳодатномаи таваллудаш ҷон ба ҷонофарин супурд. Тринидад Алварес Лира (Trinidad Alvarez Lira) чанд сол интизори гирифтани ҳуҷҷати мазкур буд, то аз имтиёзҳои муқарраркардаи давлат вобаста ба дарозмурӣ бархурдор гардад, вале кормандони мақомот корро кашол дода, ҳуҷҷатро вақте ба кампир супурданд, ки дигар аз он […]

  • 10.10.2018

Дуруст – МАСЧО(!), на КУҲИСТОНИ МАСЧО(??)!

Пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаққиқ ва рӯзноманигори мушҳур Обид Шукурзода ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ки номи дурусти ноҳияи Масчо, ки дар маъхазҳои таърихӣ омадааст ва имрӯз иштибоҳан Мастчоҳ навишат мешавад, барқарор карда шавад. Дар зер матни пурраи муроҷиати Одид Шукурзодаро  меорем. Ба таваҷҷуҳи роҳбарон ва дастандаркорони ҳар ду ноҳияи МАСЧО – аз […]

LM2019
  • 10.10.2018

Даргузашти Нурмуҳаммад Ниёзӣ – Шоири халқии Тоҷикистон

Зуҳри имрӯз дар шаҳри Хуҷанд қалби Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, дорандаи Ордени “Шараф” Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз тапидан бозмонд. Шоир чанд рӯзи охир дар бистари беморӣ буд. Нурмуҳаммад Ниёзӣ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш […]

  • 10.10.2018

Мустафо гум шудааст

Ҳар сол дар кишварҳои хориҷа, аз ҷумла дар Федератсияи Русия зиёда аз 5000 нафар муҳоҷирони кории давлатҳои Осиёи Миёна якбора бе ному нишон гум мешаванд. Барои падар, модар, бародар ва хоҳар беному нишон гум шудани фарзанд хеле мушкил мушкил асту бадтарин фоҷеа ин на зиндаву на мурда будани онҳост. Солеҳов Мустафо Гулмуродович, соли таваллудаш 07.07.1989 […]

  • 10.10.2018

Сардӣ ва бориш идома дорад…

Дар натиҷаи ҳаракат кардани ҳавои сарде, ки аз тарафи Урал ба Осиёи Марказӣ   ворид шуд, вазъи ҳаво дар ҷумҳурии мо чанд рӯзи охир ноустувор гардидааст. Дар натиҷаи паст шудани ҳарорати ҳаво  дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Файзобод    борон ба барфи тар мубаддал гардид.  Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар»   сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи […]

Дин 0
  • 10.10.2018

Рӯзи Фалак муборак

10 октябр ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвар як зумра барномаҳо бо ширкати фалаксароён аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.  Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1989 дар шаҳри Кӯлоб таҳти сарварии Давлатманди Хол ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. 16 ноябри соли […]

  • 10.10.2018

Душанбе: Баргузории фестивали чакан

Аз 11 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад. Дар ин бора  аз Кумитаи рушди сайҳӣ хабар додаанд. Фестивали мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами […]

  • 10.10.2018

Боридани борон ва барф дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат    ва  дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок,   борони  кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 м  боридани барф   дар назар аст.    Ҳаво дар ғарби вилоят […]

  • 10.10.2018

Қурби асъор барои имрӯз

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4106 сомонӣ; 1 евро – 10.7798 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1409 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4300; […]

  • 10.10.2018

Толеъномаи 10 октябр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Дар ин рӯз ба кӯмаку дастгирии нафарони воломақом умед баста метавонед. Бо ҳар сабаби ночиз хавотир нашавед. Кори ҷисмонӣ ё варзиш руҳатонро болидаву саломатиятонро беҳтар месозад. Агар як лаҳзаи холӣ ёфтед, аз танҳоӣ ҳаловат бардоред. Савр ( 21 апрел – 22 май) Дар ин рӯз ба ақидаву пешниҳодҳо бодиққат бошед. Нисбати наздикони […]

  • 10.10.2018

Командаи  Тоҷикистон ба финал роҳ ёфт

  Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар Бангладеш ба бозии финалии мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup»роҳ ёфт.   Дар бозии ниманиҳоӣ  ин бегоҳ футболбозони тоҷик бар тими миллии  Филиппин бо ҳисоби 2 : 0  ғалаба ба даст оварданд.  Тӯбро ба дарвозаи ҳарифон  Комрон Турсунов ва Аҳтам Назаров заданд. Тавре пештар хабар дода будем, фуболбозони кишварамон, ки дар гурӯҳи […]

  • 10.10.2018

Яроқсупорӣ дар Хоруғ

Дар РВКД Бадахшон, баъд аз танқиди президент дар шаҳри Хоруғ аз аҳолӣ беш аз 100 мил силоҳ ҷамъ овардаанд. Аҳолӣ силоҳҳои худро ихтиёран дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ супурдааст. То ин муддат танҳо як мавриди муқобилият сабт шудааст, ки  чанд рӯз пеш мақомоти милитсия сокини 25-солаи Хоруғ Соҳибназар Имомназаровро дастгир карданд. Аз даруни мошини сиёҳшишаи ӯ […]

App Banner