• 23.05.2019

Оқибати ошӯб дар зиндон: сомонаҳо масдуд шуданд

Дар рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон сомонаҳои ҷустуҷӯии Google ва Yandex ва як қатор шабакаҳои иҷтимоии маъруф боз намешаванд.

  • 22.05.2019

“Арсенал”: Мхитаряни арманитабор ба Боку намеравад

Футболбози арманитабори дастаи “Арсенал”-и шаҳри Лондон Ҳенрих Мхитарян дар бозии финалии Лигаи Аврупо бо дастаи “Челсӣ”-и Лондон, ки рӯзи 29-уми май дар Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, иштирок нахоҳад кард.

  • 11.10.2018

Муллоҳо дар Ваҳдат варзишгоҳ месозанд

Ходимони дини шаҳри Ваҳдат дар деҳаи Шоразми Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон барои мусофирон истгоҳи замонавӣ сохтанд. Инчунин, онҳо панҷараҳои атрофи муассисаи таълимии рақами 35-ро пурра таъмир намуда, дар деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти ба номи Карим Исмоилов як варзишгоҳ ва дар кӯчаи Меҳнати маркази шаҳр ду варзишгоҳи замонавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ходимони дини Ваҳдат корҳои бунёдкориро […]

  • 11.10.2018

Бозӣ бо мағзоба

Ҳунарманди хитоӣ Су Чунг бо як чолокии ба худ хос бо истифода аз мағзобаи муқаррарӣ чунон саҳнаҳои аҷиберо намоиш медиҳад, ки барои диданаш ҳазорон нафар ҷамъ меоянд. Бо шарофати ҳунараш Су Чунг соҳиби ду рекорди ҷаҳонӣ гаштааст. Бо тамошо кардани барномаҳои ҷолиби ин марди хитоӣ ба ҳақиқат доштани он боварии кас намеояд.

  • 11.10.2018

Боздошти муовини раис бо 6 200 сомонӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Маҳмадсолӣ Баротов, вакили халқ ва муовини раиси ноҳияи Шаҳритусро дар қаллобӣ айбдор медонад. Тибқи иттилои Агентӣ, М. Баротов аз соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва аз майи соли 2012 то инҷониб дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Шаҳритус фаъолият карда, бо истифодаи мақоми хизматӣ қаллобӣ […]

  • 11.10.2018

Озмун ба муносибати 400 солагии Сайидои Насафӣ

 Бахшида ба 400-умин солгарди зодрӯзи яке аз мутафаккирони забардасти адабиёти классики асри 17-и тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон маҳфилу чорабиниҳои илмӣ-адабӣ баргузор гашта истодааст.  Чунин як озмуни ноҳиявӣ бахшида ба 400 солагии ин адиби шинохта миёни омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид. Дар […]

  • 11.10.2018

Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили санҷишӣ оғоз меёбад

Бо мақсади амалисозии лоиҳаи Барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, аз 10 то 24 октябр дар Душанбе барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили санҷишӣ баргузор мегардад. Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили санҷишӣ дар маҳаллаҳои 64 ва 91-и шаҳри Душанбе ва шаҳри […]

  • 11.10.2018

Тавбаи марди занкалон

Дар деҳаи мо зане мезист, ки шавҳараш барвақт аз олам гузашта буд. Бечора занак дар хонаҳои ҳамсояҳо хизматгорӣ мекард, то бачаҳояш гуруснаву ташна ва сарлучу пойлуч намонанд. Вай бо азобу машаққат  кӯдаконашро калон карда, хононд ва соҳиби маълумоти олӣ гардонд. Писари калониаш дар кадом як донишгоҳи хориҷӣ таҳсил карда, ба қавле одами калон шуд. Модари […]

  • 11.10.2018

Падару духтари забонкалон

Падару духтар Байрон ва Эмили Шленкер ҳамчун одамони забонҳояшон паҳнтарин ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шуданд.  Бо дидани расмҳояшон баръало дидан мумкин аст, ки сохти забони онҳо аз забони одамони дигар ба куллӣ фарқ дорад. Паҳнии забони Байрон 8,6 см, буда, он 2 см аз  iPhone- 6 паҳнтар аст. Забони духтари 14-солааш Эмили бошад, 7,3 […]

  • 11.10.2018

Дар МТС буҷаи соли 2019-21-ро барассӣ карданд      

Санаи 11 октябри соли равон дар Маркази тадқикоти стратегии назди    Президенти ҶТ маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодӣ «Тавозун» дар мавзӯи: «Марҳилаи якуми ташаккулёбии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» баргузор гардид. Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории маҳфили «Тавозун» бо ҷалби  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО  ба роҳ  мондани  муҳокимаи фаъоли  буҷети миёнамуддати давлатӣ ҳамчун воситаи […]

  • 11.10.2018

«Оила» журналистонро дар Русия ба ҳамкорӣ даъват менамояд

Идораи ҳафтаномаи «Оила» хабарнигорон, нависандагон ва дигар афроди дорои қобилият ва маҳорати журналистиро, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия кор ва зиндагӣ карда, бештар аз ҳаёти муҳоҷирон менависанд, ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Шумо метавонед ҳамчунин дар асоси қарордод дар паҳн намудани ҳафтаномаи «Оила» дар Русия саҳм гузошта, аз ин ҳисоб фоида ба даст оваред. Резюме ва […]

  • 11.10.2018

Раҳимзода милисаҳои бадмастро аз кор ронд

10 октябр дар як ҷаласа дар вазорати корҳои дохилӣ қазияи тирпарронии кормандони милитсия дар фурудгоҳи Душанбе баррасӣ шуда ва вазири дохила Рамазон Раҳимзода фармон додааст, ҳамаи 13 афсари милиса, ки Рӯзи кормандони оперативиро бо арақнӯшӣ дар Варзоб таҷлил кардаанд, аз ҷумла иҷрокунандаи сардори ШКД фурудгоҳ аз сафи милитсия ронда шаванд. Бегоҳи 6 октябр сардори шуъбачаи кофтукови […]

  • 11.10.2018

Як садама ҷони ду бародарро рабуд

Рӯзи 10-уми октябри соли 2018, тахминан соатҳои 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Даймлер-Крайслер”, Мирахмедов Ёқубҷон Маҳкамович, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти бозори ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Вахш-Кӯшониён-Бохтар дар ҳудуди маҳаллаи Зарбдори шаҳри Бохтар, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, бо қисми […]

  • 11.10.2018

Маоши 400 сомонӣ Хароҷоти 1000 сомонӣ. Ба куҷо равонем?

 Шурӯъ аз моҳи сентябри соли равон бо Фармони Президенти кишвар музди кормандони буҷавӣ ва донишҷӯёну нафақахӯрон 15 фоиз боло бурда шуд. Аз  нигоҳи аввал хеле хуш ба назар мерасад. Воқеъан, ҳам хуш мебуд, агар… Агар пас аз баланд шудани маоши коргар нархи барқ боло намерафт. Агар донишҷӯи аълохон бо пули стипендияи худ роҳкиро карда метавонист. […]

  • 11.10.2018

Суғд: Боздошти зани танфурӯши навбатии гирифтори СПИД

Дар шаҳри Хуҷанд О. ном зани 31-солаи танфурӯшро дастгир кардаанд. РВКД Суғд мегӯяд, ин зан 4 сол боз гирифтори ВИЧ – вируси ангезандаи бемории қаттоли СПИД буд, вале бо ин вуҷуд ба шуғли танфурӯшӣ идома медод ва ахиран Т.М.И, як сокини 46-солаи ноҳияи Ғафуровро ба ин вирус олуда кардааст. Дар ду ҳафтаи охир ин алакай […]

App Banner