• 22.04.2019

Донишҷӯён: Дод аз дасти нақлиёт! (Видео)

Яке аз мушкилотҳои асосӣ дар пойтахти кишварамон ин норасоии нақлиёт ва бетартибиву бенизомии он мебошад. Аз меъёр зиёд мусофир гирифтан, аз истгоҳҳо дуртар мусофир савор кардан ва мушкилоти дигари нақлиёт донишҷӯёнро низ ба танг овардааст.

  • 19.04.2019

Макрон Эмомалӣ Раҳмонро ба Фаронса даъват мекунад

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ҳамтои тоҷики худро ба Париж даъват кардааст.

  • 12.10.2018

Зиндонӣ шудани падарандари таҷовузкор

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон гумонбари таҷовуз ба номуси духтари 14-сола ҳабс шуд. Духтар аз падарандараш ҳомиладор шудааст. Дар ин бора аз мақомоти додгоҳии Чимкент хабар доданд. Марди соли таваллудаш 1974 духтари соли таваллудаш 2004-ро таҷовуз кардааст. Бо моддаи «Хушунати ҷинсӣ» парванда боз гардид. Додгоҳ марди гумонбарро ба ҳабс гирифтааст.

Дин 0
  • 12.10.2018

Расулзода ҷаласаро оғоз намуд

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ифтитоҳ гардид. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони ҷаласаро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ҷаласа дар сатҳи баланд баргузор хоҳад гашт. Қоҳир Расулзода, аз ҷумла иброз дошт, ки  «тайи солҳои охир миёни мо барои ҳалли мушкилоти иқтисодии минтақа ва ҷаҳон […]

LM2019
  • 12.10.2018

Вазорати меҳнат бе роҳбар монд

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев нимаи дувуми рӯзи 11 октябр бо имзои як қарор муовини вазири меҳнат ва рушди иҷтимоии ин кишвар Лунара Мамитоваро низ аз мақом барканор кард. Мамитова пештар аризаи аз кор рафтанашро пешниҳод карда буд. Ёдрас мешавем, ин муовини вазири меҳнати Қирғизистон низ дар меҳвари баҳсҳои марбут ба сафарҳои хидматӣ қарор дошт. Вакили […]

  • 12.10.2018

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев

12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро ба ҳузур пазируфтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дмитрий Медведевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз имкони ин дидору мулоқот ва […]

  • 12.10.2018

Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Румас мулоқот намуд

12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румасро ба ҳузур пазируфтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз рушду густариши равобити ду кишвар, ки […]

  • 12.10.2018

Бадахшон, аз қонуншиканиҳо то иштибоҳҳои раис дар суҳбати генерали амният Давлат Мамадризобеков

  …Бо ӯ панҷ сол пеш вохӯрда будам. Гӯё вақт барои ин марди ҷиддисимо бо чеҳраи нуронӣ гузаре накардааст. Ҳамон чеҳра, ҳамон ҷиддият ва ҳамон …меҳрубоние, ки дар ҳар ҷумлаи гуфтааш эҳсос мегардад. Суҳбати мо мисли солҳои пеш оромона оғоз мегардад… -Рафиқ генерал, аз замони вохӯрии охирини ман бо шумо аллакай панҷ сол сипарӣ шуд. […]

  • 12.10.2018

Ҳушдори охирин ба яроқдорони Бадахшон

Мақомоти қудратии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфтанд, ки алайҳи мардуми осоишта дар Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ амалиёт сурат намегирад. Аммо мақомот таъкид карданд, ки агар «гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ» ва шахсони алоҳида силоҳҳои худро то чаҳор рӯзи дигар насупоранд, алайҳи онҳо аз «чораҳои бетаъхир», кор гирифта мешавад. Дар изҳороти Ситоди байниидоравии ниҳодҳои қудратӣ дар Бадахшон, […]

  • 12.10.2018

Муроҷиати Ҳоҷӣ Мирзо ба хулафои Бадахшон

Ҳоҷӣ Мирзо рӯҳонии маъруфи кишвар пас аз он, ки президенти кишвар дар гурӯҳҳои ҷиноии Бадахшонро интиқоду муҳкум кард ва Шодихони Ҷамшедро аз вазифа барканор намуд, ба  халифаҳо — рӯҳониёни Бадахшон муроҷиат карда, аз онҳо даъват мекунад, ки нагузоранд, ки бегонагон низоми сиёсии моро халалдор кунанд. «Бегонагон мехоҳанд тавассути бархе аз гумроҳони Бадахшонӣ муҳити солими моро халалдор созанд. […]

  • 12.10.2018

Баста шудани даҳҳо саҳифа дар Facebook

Шабакаи иҷтимоии Facebook бори нахуст даҳҳо саҳифаеро баст, ки дар Русия ба воситаи онҳо маълумоти шахсии корбарон барои мансабдорон ва доираҳои алоқаманд ҷамъоварӣ ва таҳлил мешуд. Ин саҳифаҳо эҳтимолан ба ширкати Social Data Hub (SDH) рабт доштанд, ки дар Ирландия ҷойгир аст. Фейсбук аз ширкат хост, дар рӯзҳои наздик самараи фаъолияти ғайриқонунии хуро муайян ва […]

  • 12.10.2018

Қурби асъор барои имрӯз

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4211 сомонӣ; 1 евро – 10.8908 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1411 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4300; […]

  • 12.10.2018

Имрӯз ҳавои бебориш дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,   дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман     дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок   дар назар аст.    Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1-6, рӯзона 8+13 ва дар шарқи ин вилоят шабона -9-14 ва рӯзона […]

  • 12.10.2018

Толеъномаи 12 октябр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Даромади калони пулиро интизор шаведу дар сарф кардани маблағ эҳтиёт бошед, хайру сахоро низ фаромӯш накунед. Вазъи саломатии шахси наздикатон ташвишатонро зиёд мекунад.  Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ҳушёриро пеша намоед. Савр ( 21 апрел – 22 май) Вазъи молиявиятон начандон хуб аст, аз ин рӯ дар фикри ҷустуҷӯи сарчашмаҳои даромад  шавед. […]

  • 12.10.2018

Тӯҳфаи Президент ба футболбозон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 октябр дар Қасри миллат аъзои дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт ва ба ҳар кадоми онҳо аз фонди захиравии президент барои ба даст овардани медалҳои нуқраи қаҳрамонии Осиё 20 ҳазор сомонӣ тӯҳфа кард. Дастаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё дар Малайзия соҳиби ҷои дуюм шуд. Рӯзи 10 […]

App Banner