• 22.04.2019

Ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар фазои Тоҷикистон

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон соҳиби чаҳор ҳавопаймои ҷадиди бидуни сарнишини тамғаи “Орлан-10” шуд.

  • 19.04.2019

Намоишномаи корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон

«Баҳори ваҳдат» дар саҳнаи театри тоҷик нахустин спектакле аст, ки дар мавриди ошӯбҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аҳволи гурезагони ҷанг ва корномаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар баргардонидани гурезаҳо ва истиқрори сулҳ қисса мекунад.

  • 23.10.2018

Зани тоҷик дар Макка худкушӣ намуд

Шоми 21 октябр Моҳира Мансурова, як сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, худро аз қабати 13-уми як меҳмонхонаи воқеъ дар канори масҷиди Ҳарам дар шаҳри Макка ба замин партофта, худкушӣ кардааст. Ӯ барои Ҳаҷҷи Умра ба Арабистони Саудӣ рафта буд. Волидонаш гуфтаанд, ки Моҳира Мансурова бемории рӯҳӣ дошт, вале азбаски хеле орзуи сафари Ҳаҷ дошт, бемориашро пинҳон […]

  • 23.10.2018

Пулис либоси нав мепӯшад

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ваъда дод, ки сар аз соли 2019 бо ҷомеа робитаи мустақим барқарор мекунад ва кормандони ин ниҳодро либоси нав мепӯшонад. «Ислоҳот сурат мегирад. Мудернсозӣ мешавад. Дар ҳамаи шуъбаҳои ноҳиявӣ, раёсатҳои вилоятӣ мушовирони мо фаъолият доранд», — хабар дод Алмос Садубоев, сухангӯи вазорати дохилии Қазоқистон. Ба гуфтаи Садубоев, 70 дарсади аҳолӣ ба […]

LM2019
  • 23.10.2018

Файзигул Юсупова: Ҷонамонро дар кафи даст гирифта, ба тӯй мерафтем

  Аз ҳаво ба ҷойи борон тир меборид. Дар ҷӯйҳо ба ҷойи об хун мерафт, хуни одамӣ. Моҳиён дар қаъри дарё аз гӯшти одам сер шуда буданд. Замин аз мурда безор шуда буд, зеро ҳар рӯз ҷасади даҳҳо ҷавони номуроди ғарқи хунро гоҳ бо кафан ва гоҳе ҳатто бе кафан ба хок месупориданд. Силоҳдорони ваҳшӣ […]

  • 23.10.2018

Тоҷиронро дар Эрон қатл мекунанд

Ду тоҷири эронӣ барои эҷоди бебандуборӣ дар иқтисод ба ҳукми қатл маҳкум шуданд. Додгоҳи олии Эрон ҳукми қатли ду тоҷирро тасдиқ кард, ки барои муомилаҳои ғайриқонунӣ бо асъор ва эҷоди бебандуборӣ дар иқтисод маҳкум шуданд. Мақомоти эронӣ рӯзи 22 октябр гуфтанд, маҳкумшудаҳо Воҳид Мазлумин ва Муҳаммад Исмоил Қосимӣ мебошанд ва Қосимиро матбуоти дохилӣ баъди ошкор […]

  • 23.10.2018

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Эмилиа Пумаро

22 октябри соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Эмилиа Пумаро ба ҳузур пазируфт. Тавре  аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро […]

  • 23.10.2018

Э.Раҳмон:Доруҳи бесифатро роҳ надиҳед!

 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов баробари зикри соҳаҳои дигар, масоили марбут ба тандурустиро бори дигар мавриди баррасӣ қарор дод.   Эмомалӣ Раҳмон гуфт, заҳмати табибон ҳамон вақт натиҷа мебахшад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки солҳои охир […]

  • 23.10.2018

Ғоратгарони миллион ба даст афтоданд

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 26 ва 27-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд.  Номбурдагон, санаи 25-уми сентябри соли 2018 бо ҳамроҳии марди 24-солаи сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанашон тариқи ошкоро ва бо таҳдиди зӯроварӣ ба марди […]

  • 23.10.2018

Толеъномаи 23 октябр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Дар ин рӯз оташи меҳру муҳаббататон аланга зада, худатон аз чунин ранг гирифтани ҳол дар ҳайрат мемонед. Кӯшиш намоед, ки ошиқшавиятон ба пешравии корҳо зарар нарасонад. Дар ҳама кор ҳушёриро пеша намоед. Дар маҷмӯъ рӯзи пур аз рӯйдодҳои хурсандибахш аст. Савр ( 21 апрел – 22 май) Рӯзи пур аз рӯйдодҳои ғайриодӣ […]

  • 23.10.2018

Ҳаво имрӯз +23+25  дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда   дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  ҳаво дар ғарби вилоят шабона -0-5, рӯзона  +13+18 ва дар шарқи ин вилоят шабона -11-16  ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм  мешавад. Дар вилояти Суғд  […]

  • 23.10.2018

Қурби асъор барои имрӯз

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4229 сомонӣ; 1 евро – 10.8194 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1442 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4300; […]

  • 23.10.2018

Путин нисбати Украина таҳрим ҷорӣ кард

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 22 октябр қарореро «Оид ба тадбирҳои вижаи иқтисодӣ дар робита бо амалҳои хилоф бо меъёрҳои дӯстонаи Украина дар нисбати шаҳврандону шахсиятҳои ҳуқуқии Федератсияи Русия» имзо кард. Ин санад дар вебсайти Кремл нашр шудааст. Мақсади ин санад – ҷорӣ кардани таҳрим дар нисбати Украина мебошад, вале дар он гуфта нашудааст, ки […]

  • 23.10.2018

Ҳуснигул давои дардашро аз Зарафшон ҷуст

Ҳуснигули 19-сола 10 моҳ пеш издивоҷ кард ва ҳамроҳи домод ба Русия рафт. Онҷо хабар ёфт, ки шавҳараш зани рус ва аз он зан фарзанд доштааст. Ҳуснигул баъди ин ба зодгоҳаш – деҳаи Ёрии Панҷакент баргашт. Рӯзи 19 октябр чормағзи хонаашонро афшонду чид, ҳавлиро рӯбучин кард ва ба падараш гуфт, ба дашт пеши бибиаш меравад. […]

  • 23.10.2018

И.в. Раиси ВМБК: Биёед мардак барин гап занем!

Суханронии Ёдгор Файзов дар ҷамъомади Хоруғ   Ҳозирини гиромӣ! Ман мехостам якчанд фикру ақидаи худро нисбати он чизе, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ба амал омадааст, ҳарф занам. Пеш аз ин суханон дар муддати 16 рӯз буданам дар вазифаи иҷрокунандаи Раиси ВМКБ эҳтироми амиқи худро ба Пешвои миллат, ба ҳамаи он нафароне, ки дар […]

App Banner