• 09.11.2018

 Дар Аврупо «клон»-и Фирӯза Ҳафизоваро месозанд. (Видео)

Хабари бо як ширкати лӯхтаксозӣ шартнома бастани сарояндаи ҷавону зебои тоҷик Фирӯза Ҳафизова барқсон паҳн гашта, боиси баҳсу мунозираҳои зиёде шуд. Яке мегӯяд, ки ин овоза дурӯғ аст, дигарӣ иддао мекунад, ки дар ҳақиқат Фирӯза бо корхонаи лӯхтаксозӣ шартнома бастааст ва ба наздикӣ лӯхтакҳое ба фурӯш мебароянд, ки мисли як себи дукафон ба Фирӯза Ҳафизова […]

  • 09.11.2018

ДИИШ масъулияти ошуби Хуҷандро ба дӯш гирифт

Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ошӯби хунин дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанди Тоҷикистонро бар уҳда гирифт. Ин гуруҳи террористӣ рӯзи 8-уми ноябр тавассути пойгоҳи хабаррасонаш «Аъмоқ» иддао кардааст, ки ошӯб дар маҳбаси Хуҷандро “яке аз ҷангҷӯёни гуруҳ барангехт”.Як манбаи муътамад дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон низ рӯзи 9-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, […]

  • 09.11.2018

Даргузашти Алимурод Исломзода

6 ноябри соли равон директори КВД «Хоҷагию манзилии коммуналӣ» Алимурод Исломзода дар синни 63-солагӣ тарки ин дунё кард. То ҳанӯз духтурон сабаби марги  Алимурод Тағо Исломзодаро аниқ карда натавонистаанд. Пеш аз марг аҳволи ӯ бад гашта, «ёрии таъҷилӣ» ҷеғ заданд. Исломзода ба беморхона нарасида, дар роҳ ҷон дод. Бар замми ин, наздикони марҳум иброз карданд, […]

Дин 0
  • 09.11.2018

50 бинои баландошёна барои Айнӣ

То поёни соли 2020 дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе дар масоҳати 42 гектар бар асоси Нақшаи генералии рушди пойтахт беш аз 50 бинои камаш 12-қабатаи истиқоматӣ барои 25 ҳазор аҳолӣ бо марказҳои савдо ва хидматрасонӣ сохта хоҳад шуд. Рӯзи 9 ноябр дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими муаррифии лоиҳаҳои ин […]

  • 09.11.2018

Ҳамоиши ҷавонон бахшида ба рӯзи Президент

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 12-13 ноябри соли равон дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Пешвои миллат- бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон: иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва нақши онҳо дар таҳкими муносибатҳои идорӣ» силсилаконфронсҳои илмӣ – амалӣ доир мегарданд. Дар конфронсҳо иштироки олимони ҷавон, коршиносони соҳа ва […]

  • 09.11.2018

Рушди агробизнес дар Хатлон

Дар Тоҷикистон лоиҳаи ҷадиде барои беҳтар кардани рақобатпазирии агробизнес ба кор оғоз кард. Расми ифтитоҳи он 7-уми ноябри соли ҷорӣ дар маркази вилояти Хатлон бо ҳузури роҳбарияти вилоят, масъулини лоиҳа, деҳқонону соҳибкорон ва ниҳодҳои зидахли соҳа баргузор шуд. Лоиҳаи мазкур дар доираи ташаббуси Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда» роҳандозӣ шуда,   12 ноҳияҳои назди сарҳадии […]

  • 09.11.2018

Толеъномаи 9 ноябр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Тамоми рӯзро ба мулоқоти ошиқона бахшида, аз баҳри кори бесамару якранг бароед. Аз мушкилоте, ки табъатонро хираву вазъиятро ногувор месозанд, дурӣ ҷӯед. Агар бемориҳои сутунмуҳра, тахтапушт ё буғумдард дошта бошед, дар назди компютер дурудароз нишастанро маслиҳат намедиҳем. Савр ( 21 апрел – 22 май) Нақшаҳое, ки кайҳо дар назар доштед, ҳамин рӯз […]

  • 09.11.2018

Милиса духтарро аз худкушӣ наҷот дод

Маркази матбуотии вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар медиҳад, шаби 6 ноябр дар кӯчаи Лев Толстойи шаҳри Бишкек корманди милиса Нурлан Кулданбоев духтареро дид, ки мехост худро аз болои пул ба поён партояд, наҷот дод. Рафтори духтар ғайриоддӣ буд. Милиса ба духтар дар ҳоле наздик шуд, ки вай мехост, худро ба поён афканад. Аммо милиса тавонист […]

  • 09.11.2018

Вашингтон: Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо директори ФБР

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 6 ноябр дар Вашингтон бо  директори Бюрои федералии тафтишоти (ФБР) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Рэй мулоқот  анҷом дод. Дар ин бора аз Прокуратураи генералииТоҷикистон иттилоъ додаанд.   Дар мулоқот  роҳбари  ФБР ба Прокурори генералии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар баррасии   амали террористӣ – куштори  сайёҳон дар ноҳияи Данғара изҳори сипос  намуд. Дар […]

  • 09.11.2018

Тавлиди 44 тифли солим аз модарони гирифтори ВИЧ/СПИД

Дар соли ҷорӣ дар вилоятҳои Чимкент ва Туркистони Қазоқистон 57 зани ҳомиладори мубталои ВИЧ/СПИД ё вируси масунияти одам сабт шудааст, ки аз ин шумор 44 танашон то ин замон таваллуд карданд. Дар ин бора Кожахмет Маширов, як масъули тандурустии Қазоқистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи вай, яке аз занҳои ҳомила дугоник таваллуд кардааст. Ҳамаи кӯдакон солиманд […]

  • 09.11.2018

Душанбе: Баргузории Фестивали «Оши палав»

Тавре қаблан хабар додем, бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 10 ноябри соли 2018,  соати 10.00 дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав»   баргузор  мегардад. Дар фестивал беҳтарин ошпазҳо аз гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада,  маҳорати таббохии худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт  менамоянд. Ҳамчунин дар доираи […]

  • 09.11.2018

Ҳаво имрӯз намеборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо  боридани борону  барф  ва фаромадани туман  дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2, рӯзона  +7+12  ва дар […]

  • 09.11.2018

Қурби асъор барои имрӯз

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4244 сомонӣ; 1 евро – 10.7542 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1423 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА  9.4300 […]

  • 09.11.2018

Саидзода ба музокирот бо Толибон меравад

Тоҷикистонро дар музокироти сулҳ бо Толибон дар Маскав муовини вазири корҳои  хориҷа Зоҳир Саидзода намояндагӣ мекунад. Дар ин бора як узви ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст. Нишаст қарор аст имрӯз, 9 ноябр дар Маскав ва таҳти раҳбарии вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров баргузор шавад.Дар ҳамин ҳол, як мақоми ҳукумати Амрико гуфт, ки дар ин нишаст танҳо […]

  • 09.11.2018

Дар ҳамла ба ресторан 12 нафар кушта шуд

Дар паи  ҳамла ба ресторане дар Лос-Анҷелес 12 нафар кушта ва беш аз 10 нафар захмӣ шуд. Ҳамларо як марди сиёҳпӯш анҷом дод, ки нахуст ба майхона норинҷаки дудӣ партофт ва баъдан ба сӯи ҳозирон аз силоҳ тир кушод. Кормандони пулис бо ин мард вориди даргирӣ шуданд ва ҳамлагар дар вақти тирпарронӣ кушта шуд.Ҳодиса соати […]