• 24.05.2019

Истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин таҳқиқи ҷуғрофиро мехоҳад

Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Зондкунии фосилавӣ ва технологияи истифодабарии ҳавопаймоҳои бесарнишин» бо иштироки олимони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.

  • 23.05.2019

Як умр кифоя нест…

Ман ҳанӯз бо ручка дар варақи нотанависӣ, ки монускрипт ном дорад, менависам. Бо компютер кор кардан хоси ман нест. Баъд монускриптҳоро ба мутахассисон медиҳам, ки ба компютер ворид кунанд. Мусиқӣ бояд аз қалб ояд, компютер техника аст.

  • 20.11.2018

Шоираи муштзан дар чорякфинали чемпионати ҷаҳон

Шоира Зулқайнарова, варзишгари 23-солаи тоҷик, дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, ки дар пойтахти Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ ҷараён дорад, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 64 кило дар даври аввал 17-уми ноябр бар Стефани Пинейро Ақуино аз Пуэрто-Рико бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад. Шоира дар даври дуюм […]

  • 20.11.2018

Сегоник дар оилаи Ҳасани Ҳайдар

  Ман мухлиси ашаддии Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҳасани Ҳайдар ҳастам. Шунидам, ки дар хонадони ин марди асил як рӯйдоди фараҳбахш ба амал омада, якбора се тифлаки зебо ба дунё омадаанд. Мехоҳам ҳақиқат доштан ё надоштани ин овозаро бо кӯмаки газетаи дӯстдоштаам аниқ намоям. Зафар, хонандаи “Оила”.                   […]

  • 20.11.2018

Ҷазои худсарона ба фурӯшандагони маводи мухаддир

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори муҷозоти мардумии ду сокини Тошканд нашр шуд, ки дар фурӯши маводи мухаддири навъи «Лирика» айбдор мешаванд. Гуфта мешавад, яке аз он ду тан варзишкор аст. Дар навор дида мешавад, ду ҷавон дар рӯ ба рӯи наворбардор бо тани урён истодаанд. Пушти навор садои марди ношиносе шунида мешавад, ки ду ҷавонро маҷбур […]

  • 20.11.2018

Дар роҳи Душанбе- Чанок боз 5 нафар ҳалок шуданд

Бар асари ба ҳам бархӯрдани ду мошини боркаш ва ду мошини сабукрав дар роҳи Душанбе — Чаноқ 5 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса рӯзи 20-уми ноябр дар километри 185-ум рух дод.Дар ин ҳодиса чанд мусофири дигар захмӣ шуда, барои табобат ба бемористон интиқол ёфтаанд.Мақомоти ширкати Инноватив Роуд Солюшнз, ки масъули нигоҳубини роҳи Душанбе — Хуҷандро […]

  • 20.11.2018

«Барқи тоҷик»: Ба ҷои фоида зарар

Ташхиси аудитории «Барқи Тоҷик» собит кардааст, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияташ 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ зиён дидааст.  Аудит ё ташхиси ҳисобдории «Барқи Тоҷик»-ро ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL, марказаш дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия анҷом додааст. Нусхаи хулосаи аудиторон рӯзи 20-уми ноябр дастраси Радиои Озодӣ шуд.Аудиторон пас аз ташхиси […]

  • 20.11.2018

Меҳмонони нав дар Қасри Миллат

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми ноябр дар «Қасри Миллат» аз сафирони навтаъйини 12 кишвар эътимоднома қабул намуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент , сафирони Туркманистон, Қатар, Итиҳодияи Аврупо, Финландия, Испания, Литва, Словения, Молдова, Малайзия, Кореяи Шимолӣ, Замбия ва Салвадор ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон эътимодномаҳои худро супурданд. Президент  дар маросими қабули эътимодномаҳои сафирони нав гуфтааст, […]

  • 20.11.2018

Роҳбарии мактабҳои президентӣ бар ӯҳдаи мутахасисони хориҷӣ

Вазири маорифи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов гуфт, дар тамоми минтақаҳои ин кишвар барои муайян кардани ҷавонони боистеъдод ва фароҳам сохтани имкони рушди онҳо мактабҳои президентӣ таъсис дода мешавад. Ҳафтаи гузашта президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам дар мулоқот бо аъзои порлумон, Шӯрои вазирони Қарақалпоқистон, раҳбарони шаҳру ноҳияҳо, ки дар шаҳри Нукус баргузор шуд, гуфт, дар ҳар як минтақаи […]

  • 20.11.2018

“Хатуба” ба сари Ҷамила Каримова бало овард?  

Ҷамила Каримова, як тан сарояндаи маҳбуби маҳфилҳо баъди дар як маҳфили арӯсӣ тортро ба сари рӯи арӯсу домод молиданаш мавриди хашму ғазаби соҳибони маърака қарор гирифтааст. Иддае мегӯянд падари домод барои ин кораш Ҷамиларо ҷазо доданӣ шуда, ҳаққи хизматашонро надодааст, бархи дигар воҳима мекунанд, ки ин суруди ҳиндӣ ба сари овозхон балоҳои зиёдеро оварда, кор […]

  • 20.11.2018

Сафири Тоҷикистон ба Такео Акиба эътимоднома супорид

19 ноябри соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҷалолов Мирзошариф Асомуддинович нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Япония Такео Акиба супорид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва натиҷаи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – […]

  • 20.11.2018

Қурби асъор барои имрӯз

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4210 сомонӣ; 1 евро – 10.7654 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1427 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз […]

  • 20.11.2018

Имрӯз барф меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда,  боридани борону барф дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона  +2+7  ва дар шарқи ин […]

  • 20.11.2018

Зиндонбонҳои Хуҷанд боздошт шуданд

19 ноябр 7 корманди зиндони рақами 3, ки дар ҷараёни ошӯби шаби 7 ноябр ҷароҳат бардошта, таҳти табобат қарор доштанд,  баъди ҷавоб шуданашон аз беморхонаи вилоятии Суғд аз ҷониби кормандони ШВКД Хуҷанд дастгир карда шуданд. Як шоҳиди ҳодиса гуфтааст,ки  кормандони милиса ба дастони кормандони зиндон завлона зада, онҳоро бурданд. Рӯзи 19 ноябр суди  шаҳри Хуҷанд […]

  • 20.11.2018

Прокурор барои Абдусамадов ҷазои ниҳоӣ талаб кард

Айбдоркунандаи давлатӣ аз Суди олии Тоҷикистон талаб намудааст, ки Ҳусейн Абдусамадов, роҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ, ба ҳабси абад маҳкум шавад. Талаби прокурор  рӯзи 19-уми ноябр садо додааст. Мурофиаи қазияи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар бинои Боздоштгоҳи ё СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе аз сӯи судяи Суди  олӣ мегузарад. Ҳарчанд мурофиа боз аст, аммо […]

App Banner