• 23.04.2019

Қиммати Интернет ба ҳолати қаблиаш баргашт

Дар Тоҷикистон нархи хизматрасонии Интернет ва арзиши таруфаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати пештарааш баргардонда шуд.

  • 23.04.2019

Сардори Хадамоти зиддиинҳисориро аз вазифа гирифтанд

Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

  • 06.12.2018

Боздошти домоди президент

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар дод, ки Миндӣ Гогочурӣ, домоди президенти кунунии ин кишвар Георгий Маргвелашвилӣ дар шаҳри Тифлис боздошт шудааст. Телевизионҳои Гурҷистон наворҳои боздоштро нашр карданд. Мақомоти Гурҷистон хабар медиҳанд, Гогочурӣ ҳамроҳ бо як каси дигар бо насаби Размазде дар хонаи иҷорае дар канори Тифлис боздошт шудааст. Размазде бо айби расонидани зарари ҷисмонӣ дар кофтукоб […]

  • 06.12.2018

Прокурорҳои Суғд аз мансаб сабукдӯш шуданд

Прокуратураи генералии  Тоҷикистон дар чаҳорчӯби таҳқиқи ошӯби зиндониҳо дар як маҳбаси Хуҷанд, шаш корманди масъули прокуратураи  вилояти Суғдро аз вазифа озод кард. Дар миёни онҳое, ки бо фармони додситони кулли Тоҷикистон аз вазифа барканор шудаанд, прокурори  назорати маҳбасҳои вилояти Суғд Завқибек Шарифзода, як муовини ӯ, сардори Шуъбаи назорати маҳбасҳои прокуратураи  вилояти Суғд Маъмур Аъзамзода ва се прокурори ҳамин […]

LM2019
  • 06.12.2018

Президент ба Русия рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр барои ширкат дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии президент дар умури робитаҳои хориҷӣ ва дигар афрод расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои […]

  • 06.12.2018

Тест: Шумо шахси гаправ ҳастед?

Ба саволҳои санҷишнома ҷавоб гуфта, муайян созед, ки шумо то кадом андоза одами гаправ ҳастед ва зери таъсири одамони бегона мемонед. Дар бораи ягон парҳези навбаромад аз касе шунавед, чӣ кор мекунед? А) Дарҳол санҷида мебинед. Б) Дудила мешавед: рафту зарар кунад, чӣ? Дар пӯсти рӯятон ягон намуди сурхӣ пайдо шавад, чӣ кор мекунед? А) […]

Дин 2
  • 06.12.2018

Зиндонӣ шудани яхмосфурӯш пас аз заҳролудшавии одамон

Рӯзи 5 декабр додгоҳи Ал-Форобии вилояти Чимкенти Қазоқистон ҳукми додгоҳиро дар робита ба парвандаи «заҳролудшавии оммавии сокинон» эълон кард. Дар ин бора Қобил Дуйсенов, котиби матбуотии додгоҳ хабар дод. Ба гуфтаи вай, додгоҳ тоҷир Дилмурод Ишмуротовро бо моддаи «Вайрон кардани меъёрҳои беҳдоштӣ» айбдор дониста, як сол зиндонӣ ва се сол аз ҳаққи фаъолияти тоҷирӣ маҳрум […]

  • 06.12.2018

Маҷлиси Миллӣ ҷаласа баргузор мекунад

25 декабри соли 2018, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад. Дар ин бора Қарори дахлдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ќабул гардидааст.Дар Иҷлосияи ҳабдаҳум баррасии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид […]

  • 06.12.2018

 ВОРИСОНИ ТАМАДДУН, ТАНҲО ОЛИМОНАНД

          Чароғи ҳарду олам олимонанд,            Ба маъни олимон, шамъи ҷаҳонанд.  Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Мҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 январи соли 2015 башорат додаанд, ки: Омўзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад,зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату […]

  • 06.12.2018

Таъсиси донишгоҳи асппарварӣ

Туркманистон барои омода кардани мутахассисон дар соҳаи асппарварӣ донишгоҳ ва маркази илмиву истеҳсолӣ таъсис медиҳад. Қарори президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ин бора 3 декабр дар ҷаласаи ҳукумат қабул шудааст. Бино ба иттилои расонаҳои расмии Туркманистон, донишгоҳи асппарварӣ ва маркази илмиву истеҳсолӣ дар маркази маъмурии вилояти Ахали ин кишвар таъсис хоҳад ёфт. «Ин иншоотҳо дар наздикии […]

Дин 0
  • 06.12.2018

Ҳаво имрӯз намеборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда,    фаромадани туман дар  назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ҷойҳо боридани барф    дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -6-11, рӯзона  3+8  ва дар шарқи ин вилоят […]

  • 06.12.2018

Қурби асъор барои имрӯз

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4235 сомонӣ; 1 евро – 10.7013 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1410 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз […]

  • 06.12.2018

Ҷазои сартарошону доруфурӯшон сахттар шуд

Парлумони Тоҷикистон барои ворид кардани доруи пастсифат ва муҳлаташ гузашта, инчунин, ба бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД ва ҳепатит гирифтор кардани муштариҳо дар дандонпизишкиву кошонаҳои ҳусн, аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 5 то 8 соли зиндон ҷазо таъйин кард.  Бар асоси тағйироте, ки рӯзи 5-уми декабр ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноии Тоҷикистон […]

  • 06.12.2018

Сафири Қирғизистон дар Душанбе нав шуд

Ҷаниш Рустенбеков сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин бора фармони президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков содир шудааст. То ин дам Мирослав Ниёзов раҳбари намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Душанбе буд.Бо як қарори дигари президенти Қирғизистон, сафири ин кишвар дар Узбекистон ҳам дигар мешавад. Дар мақоми сафири нав Иброҳим Ҷунусов таъйин мешавад, ки чаҳор […]

App Banner