• 18.06.2019

Писари президент вориси падар мешавад?

Бар асоси хабари Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов, писари 36-солаи раиси ҷумҳури ин кишвар раиси вилояти Ахал таъйин шудааст.

  • 17.06.2019

Боздошти роҳбари пешини хадамоти махсус расман тасдиқ шуд

Додситонии кулли Ӯзбекистон боздошт ва ҳабси Ихтиёр Абдуллоев,раиси пешини Хадамоти давлатии амнияти он кишварро тасдиқ кард.

  • 07.01.2019

«Истиқлол» қадрдонӣ шуд

6-уми январи соли равон ситоди мураббиё н ва роҳбарияти дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар вазъияти тантанавӣ барои пи рӯзӣ дар Чемпионати Тоҷикистон-2018 бо медалҳои тиллоӣ сарфароз гардонда шуданд. Маҷлиси тантанавӣ дар тарабхонаи «Яккачинор»-и пойтахт баргузор шуд. Медалҳои тиллоро ба футболбозон муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров ва узви комиҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов […]

  • 07.01.2019

ВКД ҳушдор медиҳад

Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони сироят кардан бо Вируси норасоии масунияти одам дастгир карда шуд.  Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, афзудаанд, ки номбурда ба бемории Вируси норасоии масунияти одам гирифтор буда, дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар […]

  • 07.01.2019

Таксиҳои Душанбе якранг мешаванд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 4 январи соли равон бо нашри хабар ғолиби озмуни лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксии пойтахтро эълон намуд. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар  доданд, ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур  ба низом даровардани раванди фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ, роҳандозӣ […]

  • 07.01.2019

Дуздӣ, одамкушӣ, қаллобӣ ва дигар хабарҳои ВКД

                                      Содир гардидани ҷинояти одамкушӣ дар ноҳияи Мастчоҳ Рӯзӣ 3-юми январи соли 2019, тахминан соати 19:30-дақиқа, Алиназаров Ниёзмаҳмад Сангинович, соли таваллудаш 1971, сокини деҳаи Табушни ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолати мастӣ ба мағозаи «Пайрав», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Палдораки […]

  • 07.01.2019

Рогозинро ба Амрико роҳ надоданд

Роҳбари Агентии кайҳоншиносии Амрико (NASA) Ҷим Брайденстайн гуфтааст,ки сафари роҳбари Роскосмос Дмитрий Рогозин ба ИМА-ро, ки қарор буд, моҳи феврали соли равон баргузор шавад, бекор мекунад. Брайденстайн дар суҳбат бо The Washington Post гуфт, Агентӣ  тирамоҳи соли гузашта Рогозинро, ки номи ӯ дар рӯйхати таҳримшудаҳо ҳаст, ба хотири ҳифзи «робитаҳои наздики корӣ» ба ИМА даъват […]

  • 07.01.2019

Аёдати маҳбусон мушкилтар гашт

Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон дар пайи ошӯби пурқурбонии зиндони шаҳри Хуҷанд назорат аз иҷрои қонун ва тартибу интизомро дар муассисаҳои ислоҳии кишвар сахттар карданд. Гулчеҳра, як сокини пойтахт маъмулан худаш ба аёдати бародарзодааш дар зиндони рақами яки пойтахт мерафт. Бародарзодаи Гулчеҳра ду сол пеш бо ҷурми куштор ба 10 соли зиндон маҳкум шуд ва бори аёдати […]

  • 07.01.2019

Толеъномаи 7 январ 2019

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Агар шумо муддати дароз дар ҳалли масъалае душворӣ мекашидед, имрӯз кор ба фоидаи шумо анҷом меёбад. Эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ вуҷуд дорад, нисбати наздикон ботаҳаммул бошед, ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Мушкилиҳои сарзадаи рӯзгорро бо қувваи худ рафъ карда метавонед. Бо дӯстдоштаи худ беҳтараш сари як пиёла чой нишаста, ба сайругашт […]

  • 07.01.2019

Ҷасади Холмуродов ёфт шуд

Ҷасади Саъдӣ Холмуродов, полковники бознишастаи вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон ва дар гузашта яке аз муовинони генерал Сӯҳроб Қосимов, баъд аз  25 рӯз, аз дарёи Вахш пайдо шудааст. Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара рӯзи 7-уми январ гуфтаанд, ки ҷасад рӯзи гузашта поёнтар аз маҳалле, ки гуфта мешуд Саъдӣ Холмуродов онҷо ғарқ шудааст, пайдо шуд. Ба […]

  • 07.01.2019

Хизматрасониҳои комуналӣ 60 баробар гарон шудаанд

Дар Туркманистон сар аз соли нав хизматрасониҳои комуналӣ ду баробар ва аз соли 2015 ба ин тараф 60 баробар гарон шудаанд. Соли гузашта хизматрасонии комуналӣ барои як метри мураббаи манзили зист 7 манату 40 танга (каме бештар аз 2 доллар) арзиш дошт, сар аз 1 январ ин хизматрасонӣ ба 16 манату 90 танга (4,7 доллар) […]

  • 07.01.2019

Магнитогорск: Муҳоҷири ӯзбек 8 нафарро наҷот дод

Алан Абдуллоев, муҳоҷири 23-сола аз Ӯзбекистон дар Магнитогорски Русия то омадани дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳашт одамро аз зери харобаҳои бинои истиқоматӣ наҷот дод. Расонаҳои Русия аз ӯ ба унвони «қаҳрамони воқеӣ» ном мебаранд. Абдуллоев, ки дар яке аз сохтмонҳои Магнитогорск кор мекард, субҳи 31 декабр барои адои намоз бархост ва бо шунидани садои […]

  • 07.01.2019

Боду ҳаво барои имрӯз ва моҳи январ

Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш    дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14   ва   рӯзона -3+2 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 25-30  ва рӯзона 4-9  дараҷа […]

  • 07.01.2019

Қурби асъор барои имрӯз

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4322 сомонӣ; 1 евро – 10.7612 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1380 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз […]

  • 07.01.2019

Мӯсозода: Кабирӣ буқаламун аст

Соли 2018-и мелодӣ соли хайру барака, соли пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ  дар Тоҷикистон буд. Дар ин сол бисёр ободкорию созандагиҳо  рӯи кор омаданд, бо ташаббус ва таҳти роҳбарии одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди таърихӣ дар арсаи чаҳон амалӣ гашта,  иншооти бузурги аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба фаъолият […]

App Banner