• 08.01.2019

Ҳалокати 7 нафар аз барф

Тайи рӯзҳои охир дар натиҷаи  аз ҳад зиёд боридани барф дар заминҳои федералии Форарлберг ва Залтсбурги Австрия шаш нафар ҳалок гардида, боз як нафар дар замини федералии Германия-Бавария қурбон гардидааст,- иттилоъ медиҳад «РИА Новости». Тибқи иттилои агентӣ, се нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Германия ва Швейтсарияро барф пӯшонида, дар минтақаҳои кӯҳии лижатозии Форарлберг ҳалок шудаанд. Боз […]

  • 08.01.2019

Ғолиби Озмуни байналмилалӣ гардидани композитори ҷавони тоҷик

Композитори ҷавони тоҷик Соҳибҷон Ҳасанов дар Озмуни V байналмилалии «Зебоӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷод», ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷараён дорад, сазовори ҷойи аввал гардид. Тавре Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов иттилоъ дод, озмуни мазкур бо ибтикори  Вазорати фарҳанги кишвари Краснодари Федератсияи Россия  баргузор гардида истодааст. Ҳадаф аз баргузории Фестивал — Озмун мустаҳкам […]

  • 08.01.2019

Аловиддин раис шуд

Ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Аловиддин Абдуллоев сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъйин шудааст. Ӯ то кунун роҳбарии театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷоновро бар ӯҳда дошт. Бурҳониддин Раҷабов, ки то кунун роҳбарии раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба дӯш дошт, ба ҷои Аловиддин Абдуллоев роҳбари театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов таъйин шудааст.Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоев […]

  • 08.01.2019

Ҷуфтҳои беникоҳ метавонанд дар меҳмонхона ҳуҷра гирнад

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармонеро имзо кард, ки дар дар баробари масоили дигар ба ҷуфтҳои беникоҳ иҷозат медиҳад, ки дар ҳуҷраи меҳмонхона якҷо бошанд. Биноба амри президент, ки онро Хабаргузории давлатии Узбекистон нашр кард, ҳадаф таъмини «ҳарими хусусӣ»-и ҷуфтҳои беникоҳ аст. http://uza.uz/uz/documents/o-zbekiston-respublikasida-turizmni-jadal-rivojlantirishga-o-05-01-2019 «Меҳмонхонаҳо бояд сарфи назар аз суроғаи доимии муштариҳо, шарҳвандӣ ё муносибати ҷуфтҳо боякдигар […]

  • 08.01.2019

Сафари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Қатар

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол имрӯз бо баргузор кардани як вохӯрии таҷрибавӣ бо чемпиони Тоҷикистон-дастаи «Истиқлол»-и Душанбе давраи аввали омодагии худро ба Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё ба анҷом расонид. Ҳайати даста баҳри ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат», ки аз 15 то 23 январ дар шаҳри Давҳаи Қатар барпо мегардад, 10 январ сафар […]

  • 08.01.2019

Тоҷикистон: Саратони сина афзоиш меёбад

Гуруҳе аз табибони саратоншинос ва бемориҳои занона бо таҳқиқи омори 10 соли ахир, маълум кардаанд, ки гирифторони саратони сина ҳар сол дар Тоҷикистон бештар аз як дар сад меафзояд. Агар дар соли 2006 фақат 229 зани гирифтори бемории ғадуди ширӣ дар Тоҷикистон ошкор шуда бошад, пас соли 2016 теъдоди гирифторон ду баробар афзуда ба 467 […]

  • 08.01.2019

Қурби асъор барои имрӯз

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4326 сомонӣ; 1 евро – 10.7975 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1399 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз […]

  • 08.01.2019

Ҳаво имрӯз боронист

Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш    дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7, инчунин  то 10-12   ва   рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона […]

  • 08.01.2019

Толеъномаи 8 январ 2019

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Аввали рӯз таҳти фишори дигарон қарор мегиред. Нафароне, ки ба сафари роҳи дур мебароянд эҳтимоли бемор шуданашон зиёд аст. Дар ин рӯзҳо мушкилоти рӯзгор зиёд мешаванд. Барои мушкилоте, ки сабабгори сар заданаш дигарон ҳастанд, маблағи калон сарф карданатон лозим меояд. Дар ҷодаи муҳаббат аз таҳти дил ва самимона бо ёри худ […]

  • 08.01.2019

Интихоботи афғонистон: Боз паштунҳо президент  мешаванд?

Сабти номзадҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон оғоз ёфт. Вале тавре ба назар мерасад, ба фарқ аз интихоботҳои гузашта, ки рақобати асосӣ байни номзадҳои пашту ва тоҷик сурат мегирифт, дар интихоботи имсола номзадҳои асосӣ паштуҳоянд. Намояндагони тоҷикҳо ин дафъа талош доранд дар тимҳои ин номзадҳои асосӣ мақомҳои муҳимро ба дасти худ бигиранд. Аз ҷумла раисиҷумҳури кунунии […]

  • 08.01.2019

Ахлоқ бояд бар илму ҳунар ҳукумат кунад

(Вокунише ба «Ташреҳ»-и профессори ӯзбек Шамсиддин Камолиддин) Мағрур будан ба дониши худ бадтарин навъи нодонӣ аст. Ҷорҷ Тейлор Каме ақли солим ва диди амиқтаре нисбат ба мардуми худ дошта бошем, он вақт хоҳем дид, ки яке аз мазлумтарин миллатҳои рӯйи дунёи имрӯз, тоҷиконанд, ки ҳам акнун доранд умедҳояшонро мекушанд. Гоҳе бар ин андешаам, ки ки кӯшишҳои масъулин ва […]