• 18.06.2019

СММ: Соли 2050 як шашуми аҳолии ҷаҳон куҳансол хоҳад шуд

Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2050 аҳолии қораи Замин тақрибан ба 9 миллиарду 700 миллион нафар баробар шуда ва Ҳиндустон аз рӯи шумори аҳолӣ аз Чин пеш мегузарад.

  • 17.06.2019

Ишқобод -гаронтарин шаҳри ҷаҳон

Пажуҳиши созмони таҳқиқотии ECA International собит кард, ки шаҳри Ишқободи Туркманистон гаронтарин шаҳри ҷаҳон ҳисоб меёбад.

  • 09.01.2019

Даргузашти фотеҳи қуллаҳои баланд

Санаи 1 январи соли 2019, вақте ки одамон пас аз пешвозгирии Соли нав нафас рост мекарданд, собиқадори варзиши тоҷик Шайдулло Исоеви 84-сола бар асари беморӣ нафаси вопасин кашид. Тоҷикистон дар симои ин абармарди варзиш талафоти калон дод. Шайдулло Исоев соли 1957 Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанберо бо дипломи аъло, соли 1967 факултаи забон ва адабиёти […]

  • 09.01.2019

Хушдомани Қобилҷон Зарипов даргузашт (6 акс)

Имрӯз соати 10-и субҳ, Сабоҳат Ҳасанова, хушдомани ҳунарманди маҳбуб Қобилҷон Зарипов аз дунё реҳлат намуданд. Сабоҳат Ҳасанова модари 7- фарзанд ва бибии 22 набераю 5 абера буда, дар синни 89-солагӣ аз бемории саратон дар ҳалқаи фарзандону наберагон ҷон ба ҷаббор супориданд. Номбурда 51 сол дар соҳаҳои фарҳангии кишвар кору фаъолият намудаанд. Аз ҷумла 31 соли […]

  • 09.01.2019

Рӯнамоии «Дасти меҳри»-и Шараф

Номи Шараф Афзалӣ ҳамчун шоир ва рӯзноманигор беш аз 40 сол аст, ки ба дӯстдорони каломи бадеъ ошност. Ӯ аз синни мактабхонӣ шеър менавишт. Чакидаҳои хомааш дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод», рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» ба табъ мерасиданд. Баъди хатми шуъбаи журналистикаи УДТ ба номи В. И. Ленин (имрӯз ДМТ) чанд сол дар […]

  • 09.01.2019

Муаллифи беҳтарин голи Ҷоми ҷаҳон ба “Бавария” гузашт

Ҳимоятгари “Штутгард” ва мунтахаби Фаронса Бенжамен Павар фаъолияти футболбозиашро дар “Бавария” идома хоҳад дод. Футболбози 22 – сола бо бошгоҳи мюнхенӣ шартномаи муҳлаташ 5 солро ба имзо расонид. Павар ба бошгоҳи наваш 1 июли соли 2019 пайваст мешавад. Қаблан иттилоъ дода шуд, ки “Бавария” барои чемпиони ҷаҳон 35 миллион евро харҷ хоҳад кард. Маврид ба […]

  • 09.01.2019

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон озмун эълон мекунад

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявиро барои таҳияи асарҳои беҳтарин эълон намуд. Тавре аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи озмун эҷоди шеърҳо, ҳикояҳо, очеркҳо ва асарҳои саҳнавии нави баландғояи ватандӯстона, тараннуми дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон […]

  • 09.01.2019

Салоҳ-беҳтарин футболбози Африқо

Беҳтарин футболбози қораи Африқо дар соли 2018 ҳамлагари мисрии бошгоҳи “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ эътироф гардид. Барои ба даст овардани ин ҷоиза бо Салоҳ ҳамдастааш аз “Ливерпул” ва мунтахаби Сенегал Садио Мане ва ҳамлагари “Арсенал” ва мунтахаби Габон Пиер-Эмерик Обамеянг мубориза бурданд. Салоҳ бори дуюм пайдарҳам ин ҷоизаро ба даст овард. Соли 2017 низ дар сегонаи […]

  • 09.01.2019

Гунаҳгор боз “сиёҳҳо?

Дар поёни ҳафтаи гузашта дар шаҳри Магнигорски Русия муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро гуруҳ-гуруҳ дастгир кардаанд. Бино ба гузориши хабарнигори «Настоящее Время» Алексей Александров аз Магнитогорск, боздошти даҳҳо муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзи шанбе дар бозори «Гранд», воқеъ дар рӯбарӯи масҷиди ҷомеъ, ва дар кӯчаи Ленин сурат гирифтааст. Дар кӯчаи Ленин қабл аз боздошти муҳоҷирон тамоми […]

  • 09.01.2019

Ҳизби нави сиёсӣ ташкил шуд

Дар Ӯзбекистон як ҳизби сиёсии нав — Ҳизби экологии Ӯзбекистон ташкил шуд. Дар шаҳри Тошканд рӯзи 8 январ анҷумани навбатии Ҳаракати экологии Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин анҷуман 250 намояндаи вилоятҳо ва ҷумҳурии Қарақалпоқистон ширкат карданд. Дар анҷуман вакилон тасмим гирифтанд, ки Ҳизби экологии Ӯзбекистонро таъсис диҳанд. Ҳамчунин дар ҳамин анҷуман аъзои Дастгоҳи марказӣ ва […]

  • 09.01.2019

Мошинҳо серақама мешаванд?

Бинобар норасоии рақамҳои бақайдгирии давлатӣ барои автомобилҳои сабукрав, боркаш, мусофиркаш ва автобусҳои шахсони воқеӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ мутобиқи моддаи 11, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» аз 29 декабри соли 2010, №668 ба унвони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи илова ба СТ […]

  • 09.01.2019

Дархости Рустами Эмомалӣ

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дархост намуд. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дархости мазкур бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти […]

  • 09.01.2019

Вохӯрии Ҳоҷӣ бо “Одами барфӣ”

Чилдухтарони Муъминобод мавзеи басо ҷолиб ва шикоргоҳи хуб аст. Бо даъвати ҳамкасбам Нурулло Ҳасанов рӯзи истироҳат бо мақсади кабкшикор ба Чилдухтарон рафта, шоҳиди ҳодисаи аҷибе гаштам, ки то ҳол ба касе онро нақл накунам, бовар намекунад. Кабкшикор Кабкҳои Муъминобод дар фасли тирмоҳ хеле фарбеҳ ва боби шикор  мешаванд. Ману Нурулло милтиқ дар китф аз ин […]

  • 09.01.2019

Ташкили фоҳишахона, қаллобии нафақахӯр ва дигар хабарҳои ВКД

Садамаи марговар дар шаҳри Турсунзода Рӯзи 7-уми январи соли 2019, тахминан соатҳои 19:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Шеров Сардор Ӯроқович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Бақои ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Муродов Худойқул Раҳмонович, соли таваллудаш 1953, сокини деҳаи Темурмалики ҳамин ноҳияро […]

  • 09.01.2019

Нодир Турақулов 16 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Сардори пешини Идораи тафтишотии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон ё худ СНБ полковник Нодир Турақулов 25 октябри соли гузашта 16 сол аз озодӣ маҳрум ва 81 миллион сӯм (беш аз $9,7 ҳазор) ҷарима шуд. Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи «Эзгулик» Абдураҳмон Ташанов, ки дар робита ба ин парванда бо қурбониён ва муфаттишон суҳбат кардааст, гуфт, «Додгоҳи олии […]

App Banner