• 22.05.2019

Шаҳрванди Русия, ки манораи Эйфелро “фатҳ” кард, бемори равонӣ буд?

улиси Фаронса як шаҳрванди Русияро, ки рӯзи 20 май ба манораи Эйфел баромада, шаш соат аз он нафаромад, ба беморхонаи равонӣ фиристод.

  • 22.05.2019

Тафтиши мошинҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон сахттар шуд

Бино ба хабарҳое, ки аз минтақаи гумрукии Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Ӯзбекистон расидааст, мошинҳои сабукрави Тоҷикистон ҳангоми убур аз марз дуру дароз ва ҷиддӣ тафтиш мешаванд.

  • 01.02.2019

Ҳукми суд: Русия бояд ба муҳоҷирини гурҷӣ 10 миллион евро диҳад

Зинаи болоии суди  Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон амр кард, ки ҳукумати Русия ба Гурҷистон дар робита бо ихроҷи дастаҷамъии шаҳрвандони Гурҷистон дар соли 2006 ба онҳо дар ҳаҷми 10 миллион евро ҷуброн пардохт кунад. Дар изҳороти рӯзи 31 январи суди Аврупо, воқеъ дар Страсбург гуфта шудааст, ки ин маблағ бояд дар миёни гурӯҳи 1,5-ҳазорнафарии […]

  • 01.02.2019

Номи масҷидро иваз карду “миллатчӣ” шуд

«Ман ягон гуноҳ надорам, вале маро моддаи 189, қисми 2 зада, барои миллатчигӣ маҳкам карданд.” Ин охирин паёми Бурҳониддин Сафаралиев, раиси маҳаллаи Сайёд (собиқ Оқулии поён)-и ҷамоати Ҳисори шаҳри Ҳисор қабл аз боздошташ аст. Сафаралиевро шоми 31 январ боздошт ва бар асоси қисми дуюми моддаи 189-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба барангехтани кинаву адовати миллӣ бо […]

  • 01.02.2019

Шиканҷакунанда худ зиндонӣ шуд

Бо ҳукми суди низомии гарнизони Хуҷанд аз 30 январ корманди собиқи ШВКД шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Шамсиддинов ба 13 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд. Шамсиддиновро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 143, прим1, қисми 3 (шиканҷа бо расондани осеби вазнин ба саломатӣ), 358 (боздошти ғайриқонунӣ) ва 247, қисми 3 (қаллобӣ ба маблағи бузург) […]

App Banner