• 18.06.2019

Сипосгузории Путин аз Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории МҲТБО

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар суҳбати телефонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ барои баргузории Ҳамоиши панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар шаҳри Душанбе ибрози сипос кардааст.

  • 17.06.2019

Ҷинпин ба нишони олии Тоҷикистон сарфароз гардид

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Си Ҷинпин, раҳбари давлати Чин нишони олии кишвар-“Зарринтоҷ”-и дараҷаи аввалро тақдим кард.

  • 27.04.2018

Ҳисобкунакҳои масрафи обу барқу газ ва насби онҳо гарон шуданд

Баъд аз болоравии арзиши ғизо, молҳои ниёзи аввалия ва хизматрасониҳои дигар дар Туркманистон, қимати воситаҳои андозагир ё ҳисобкунакҳои масрафи обу барқу газ ва насби онҳо низ гарон шуд. «Ҳоло дастгоҳи андозагир барои об 200 манат (наздики 57 доллар) ва насби он 50 манат арзиш дорад. Соли гузашта қимати он 130 манат буд. Охири соли гузашта […]

  • 02.03.2018

Боридани борону барф дар назар аст

Агентии обуҳавошиносӣ аз якбора номусоид гардидани ҳавои ҷумҳурӣ, шиддатёбии борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфи зиёд хабар медиҳад. Тавре аз Агентии мазкур  иттилоъ доданд, дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар баъзеи дигар ноҳияҳо, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шиддатёбии вазиши бод аз […]

  • 19.01.2018

Убайд Раҷаб, То ҳаст оламе, то ҳаст одаме…

Ҳар дам ба рўи ман Гўяд адуи ман, К-ин шеваи дарии ту Чун дуд меравад, Нобуд мешавад. Бовар намекунам, Бовар намекунам. Бовар намекунам, Лафзе, ки аз латофаташ ҷонам кунад ҳузур, Рақсад забон ба созашу ояд ба дида нур, Лафзе ба ранги лолаи домони кўҳсор, Лафзе ба сони бўсаи ҷонпарвари нигор, Ширинтару лазиз Аз шир, аз […]

  • 19.01.2018

Паёми тасалияти Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев

Бунёнгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ба Шафкат Мирзиёев, Раиси Ҷумҳури Узбекистон паёми тасалият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: “Муҳтарам Шафкат Мирамонович, хабари оташсӯзии автобуси мусофирбарро дар вилояти Актюбинскт Ҷумҳури Қазоқистон, ки муҷиби кушта шудани 52 нафар гардид, бо андуҳи гарон дарёфтам. Аз Шумо, муҳтарам Шафкат […]

  • 19.01.2018

Маросими бузургдошти «Бобоҷон Ғафуров» дар Теҳрон

Маросими бузургдошти «Бобоҷон Ғафуров» муваррих, ховаршиноси шаҳир ва қаҳрамони милли Тоҷикистон бо ҳузури ҷамъе аз уламо, асотид, донишмандон ва фарҳехтагони тоҷику эронӣ дар Теҳрон баргузор шуд. Ба гузориши радиои тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории форс, ин маросим дар маҳалли толори иҷтимооти «Шаҳид Мутаҳҳарӣ» бо ҳузури ҷамъе аз уламо, устодон, донишмандон ва фарҳехтагони тоҷику […]

  • 15.01.2018

Шарҳи мунтахаби латоифи Убайди Зоконӣ дар Тоҷикистон мунташир шуд

Шарҳи мунтахаби латоифи Убайди Зоконӣ аз сӯи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ – тоҷикӣ дар Тоҷикистон мунташир шуд. Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории меҳр, дар ин китоб намунаҳое аз рисолаи Убайди Зоконӣ, ки барои синну соли навҷавонон ва донишомӯзони мадорис муносиб ба назар мерасанд, интихоб шудааст. Матни латоиф ба ду хатти кириллӣ […]

  • 13.12.2017

Меҳрии Муҳибӣ (Меҳрсо) – Америка- Эрон

Як соли нурӣ Сахт аст, На, Маҳол… «Бимир аз он ҷо, Сабз шав кунҷи ҳамин девор!» …Гӯшҳоям занг мезанад гоҳе, Садои қадамҳоят ҳанӯз… Намешавад, Ҳатто падарбузурги садсолаам, Сисолагиашро ҳаргиз аз ёд набарад! Дилам каме алзаймер мехоҳад, …Ва «ту» эй, ки шабеҳи дирӯз нестӣ! ***  Ту … Борон меояд, Дилам як ҷуръа хиёбони валиаср мехоҳад, Ва […]

  • 12.12.2017

Лайло Содиқӣ — Эрон

Растохез…  Дармондагиам аз гулест,  Ки мемонад дар ман.  Дар ман бимону дарбимон ва дармондаи ман аз дармон.  Забон дар қафо номи гулест,  Нофармон, Ки забонашро мекашанд аз қафо,  Барои ин ки биравад дар хоке, ки мегӯянд.  Гӯйӣ намешунавам,  Ва чавгон мешавӣ, ки бигӯям,  Мешавад аз дарахт ёд гирифт париданро.  Намегӯям, ки забон дар қафоям мемонаду […]

  • 11.12.2017

Рӯъё Тафтӣ — Эрон

Идеал   Идеали ман туйи дил минишинад, ваҳлаи аввал, Сиёсат надорад, зирак аст. Тардид ҳам намекунад ба канор кашидан дар ваҳлаи аввал, Ба канор накшидан, Ҳарф надорад идеали ман. Эҳтимолан муътақид аст: То нуқтаи саввуми набошад, Иртифоъ маънӣ намедиҳад. Ба сухан дар намеояд, Расмаш ин аст. Вуҷуд надорад мисли ту, ки идеали ман, Фосила мегузорад. […]

  • 08.12.2017

Сора Сукут — Эрон

Нуқтаҳои шеър С…с…с…с…с… Сукут буд, Ҷамъият нишаст, Ту истодӣ рӯйи хат, Ва нуқтаи аввал гузошта шуд. Калима аз они ту буд, Ва ман барои навиштан омада будам. Омада будам туро биоварам, Ба омадани худам муаррифиат кунам. Туро дар хафо бояд меёфтам, Туро дар танҳоӣ, Эй танҳоӣ, ки танҳоиат бузургтар аз калима буд. Туро истода миёнӣ […]

  • 07.12.2017

Самиро Сулаймони Мутлақ — Эрон

Иштибоҳ … Бале, дуруст аст, Шоири ин шеърҳо худам ҳастам, Ва ин ҳам имзои ман аст. Аммо ин хонум, ки дар ин акс, Дастонашро ҳалқа карда даври гардани шумо, Ман  нестам. Иштибоҳи гирифтед, оқо, Ман аслан мӯҳоям шаробӣ набуда, Ҳеҷ вақт линзи сабз надоштам. Ва ин кифи дастии қирмиз, Ҳаргиз мутааллиқ ба ман набудааст. Ҳатман […]

  • 06.12.2017

Марзия Оқоризоӣ — Эрон

Тамомрангӣ… Чашмҳоятро бибанд, Ва фикр кун ҳамин ҷо ки такя надодаем. Девор буда, Ва фикр кун, Ба бозиҳомон, Утоқро бо чодар нисф кун. Чодарро бо ҳамсояи боло нисф кун, Ва саъй кун барои дурбинҳо, Даст такон бидиҳӣ, Ва саъй кун дастҳоятро, Аз даҳони сагҳои зиндаёб бигирӣ. Ва барои дурбинҳо такон бидиҳӣ, Забон бикаш, Забон бикаш […]

  • 05.12.2017

Карима Шабранг — Афғонистон

Дареғ … Ва одат бояд кард, Ба боло рафтан аз пиллаҳои гунаҳолуди замон, Дарди ман ҳама аз дасти баланд ва  бемояи рӯзгор аст. Чигуна метавонам зинда бошам? Вақте озодии парвонаеро, ки бо атри гиёҳ омезиши аҷибе дорад, Дар чорроҳи бузурге ба дор меовезанд. Ва гулӯи маро, ки аз пушти ҳафт кӯҳи сиёҳ, Фарёд мезанад, Ҳанӯз […]

App Banner