• 11.01.2019

Тарабхонаи бразилии «Латино» — дар Душанбе!

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии   Душанбе  озмун барои интихоби лоиҳаҳои  беҳтарин тарабхонаҳои шаҳриро ҷамъбаст намуд.  Тибқи шартҳои озмун, се ғолиби он  барои амалисозии лоиҳаашон дар пойтахт имкон пайдо мекунанд. Ҳамин тариқ,  аз байни беш аз 50 лоиҳаи пешниҳодшуда ҷои аввал   насиби лоиҳаи  тарабхонаи бразилии «Latino» гардид, ки аз ҷониби ширкати «Cool design» таҳия шуда, 150 […]

  • 29.08.2018

“Кӯли ҷавонон” эҳё шуд

Шоми 28 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», ки баъди навсозӣ ба як макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, иштирок намуданд. Боғи фарҳангию фароғатии […]

  • 06.08.2018

Темурмаликро ба ҷазира мебаранд

 Дар Хуҷанд тасмим гирифтанд, пайкараи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик дар ҷазираи ҳамномаш дар рӯди Сир бунёд гардад.  Қаблан мехостанд, пайкараро дар ҷойи дигар бисозанд, вале таърихшиносону донишмандон пофишорӣ доштанд, Темурмалик бояд дар ҷои аслии муборизаву ҷонфидоиаш қад боло кунад. Соли 2018 аз муборизаи Темурмалик бар зидди лашкари Чингизхон 800 сол пур мешавад. Ҷазираи Темурмалик — […]

  • 06.07.2018

Зебогии бом-зебогии Ватан?

Барои “зебо” кардани кишвар, мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур додаанд, ки боми хонаҳоро якранг кунанд. Дастуреро бо ҳамин мазмун раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба унвонии раисони шаҳру ноҳияҳо фиристодааст. Ҳадаф аз он зебо кардани маҳаллаву шаҳрҳои кишвар то таҷлили 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон будааст, ки соли 2021 таҷлил хоҳад шуд.​Файзулло Искандаров, […]

  • 02.01.2018

Паёми солинавии Пешвои миллат

Ҳамватанони азиз! Тибқи солшумории мелодӣ соли 2017 сипарӣ шуда, соли нави 2018 фаро мерасад. Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям. Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям. Умедворам, ки соли нав барои халқи […]

  • 11.08.2017

Бунёдкорӣ асоси рушди мамлакат аст

 Якшанбеи дуюми моҳи август, ки имсол ба рӯзи 13 август рост меояд, дар тақвими ҷашнҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак — Рӯзи кормандони сохтмон сабт шудааст. Мо ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирем. Ба ин муносибат ҳамаи кормандону собиқадорони соҳаи сохтмону меъмории Тоҷикистони соҳибистиқлолро табрику […]

  • 11.08.2017

Таъмини оби тоза рисолати мост

 ҶСК «Корезлоиҳа» соли 1966 ҳамчун шуъбаи лоиҳакашии марбут ба Пажӯҳишгоҳи давлатии «Союзводоканалпроект» — и умумииттифоқӣ дар шаҳри Душанбе ташкил ёфтааст. Аз соли 1988 ҳамчун пажӯҳишгоҳ аз ҳайати «Союзводоканалпроект» баромада,  ҳамчун Пажӯҳишгоҳи илмӣ, кофтуковӣ ва лоиҳакашии ҶСНК «Водоканалпроект» — и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз 3 августи соли 2010 дар […]

  • 11.08.2017

Ташхис-асоси боэътимоди бино

Имрӯз аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати корҳои лоиҳакашӣ ва намою тарҳи иншооти сохташаванда  дар қаламрави мамлакат диққати махсус дода мешавад. Дар ин робита мавқеъ ва аҳамияти ташхиси давлатӣ боз ҳам баланд гардида, ҳамаи лоиҳаҳои иншоот, новобаста аз шакли моликият ва маблағгузорӣ, ҳатман аз ташхиси давлатӣ гузаронида мешаванд.  Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ […]

  • 11.08.2017

Аввал лоиҳа, баъд шаҳри зебо

          Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, №579 дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Инчунин, мувофиқи фармоиши директори Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” аз 4 майи соли 2011 дар шаҳру ноҳияҳои ҷуҳурӣ корхонаҳои фаръӣ таъсис гардид.          Айни замон Корхонаи […]

  • 11.08.2017

Иҷозатномадиҳӣ фаъолиятро ба танзим медарорад

Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, дар сохтори идоракунии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Хадамоти мазкур фаъолияти иҷозатномадиҳиро дар соҳаи шаҳрсозӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ месозад. Яъне, дар доираи  ваколатҳояш корҳои ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани иҷозатнома ва тамдиди муҳлати амали он, пешбурди феҳрист, боздошт ва барқарор […]