• 07.03.2019

Таҷлили Рӯзи Модар дар Хуҷанд

Рӯзи Модар бо баргузории барномаи тантанавӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

  • 04.03.2019

Ягона устои читгар дар Осиёи Миёна тоҷик аст

Ҳоло ин ҳунари аҷдодӣ қариб, ки пурра аз байн рафтааст. Танҳо оилаи Саидовҳо бо роҳбарии Усто Мирамин дар шаҳри Истаравшан бо ин касб машғуланд.

  • 27.02.2019

Нашри ду китоби профессори тоҷик дар Ҳиндустон

Ду рисолаи илмии доктори илмҳои филологӣ, профессор, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва ҷоизаҳои вилоятии Камоли Хуҷандӣ ва Маҳастӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ғаффорова таҳти унвони “Адабиёти форсӣ дар Кашмир дар асрҳои XVI ва XVII” (550 саҳ.) ва “Ҷамолии Деҳлавӣ ва маснавии “Меҳру Моҳ” (335 саҳ.) аз […]

  • 26.02.2019

Душанбе: Баргузории озмуни «Сайри гули лола»

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 25 феврал дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид. Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар додаанд қарори мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва вусъат додани корҳои […]

  • 25.02.2019

Суғд: Ғолибони «Чакомаи гесӯ» муайян шуданд

Шоҳҷоизаи фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» дар даври вилоятӣ насиби Шукрона Файзуллоева гардид. Даври вилоятии фестивал 23 феврали соли 2019 дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ба иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, инчунин аз рӯи баҳогузории ҳайати ҳакамон дар бахши «Ороиши мӯйбофии миллӣ» Шоҳсанам Юлдошева, Азиза Каримова, Дилрабо Ҷӯраева, […]

  • 22.02.2019

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз — 2019 тасдиқ шуд

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид. Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст. Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо […]

  • 21.02.2019

Туҳфаи беҳтарин дар 23-юми феврал

Ҳамасола 23-юми феврал ҳамчун «Рӯзи артиши миллӣ» таҷлил карда мешавад. Аслан, ин ҷашн ба шарафи нафаронест, ки дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ хизмат мекунанд ё умуман низомӣ ҳастанд, вале маъмулан онро ҳамчун иди мардон таҷлил менамоянд. Ҳар сол дар арафаи ин ид занону духтарон ба ташвиш меафтанд, ки ба падар, бародар, ҳамкор, шавҳар ва ё марди […]

  • 21.02.2019

Садақаи маҷбурӣ: Чаро дар масҷид аз намозгузорон пул металабанд?

Дар шумораи инҳафтаинаӣ  ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№8, аз 20 феврали соли 2019) матолиби зеринро мутолиа намоед: 1. Милиса танҳо “физик” нест! Гузориш аз нишасти Вазорати корҳои дохилӣ. 2. Шарофиддин Гадоев: Ман роҳи муборизаро дигар кардам. Асрори бозгашт ба Ватан дар суҳбати муовини раиси Паймони миллӣ. 3. Идомаи баҳси “ғар”. Шарҳи олимони тоҷик ба ин вожаи пурсарусадо. […]

  • 20.02.2019

Баргузории Рӯзҳои фарҳангии Полша дар Тоҷикистон

Масъалаи ҳамкории фарҳангии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Полша 19 феврал зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пётр Ивашкевич муҳокима гардид. Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, зимни мулоқот Шамсиддин Орумбекзода дар бораи таҳкими робитаҳои фарҳангии ду давлат изҳори андеша кард. Зикр гардид, […]

  • 20.02.2019

Чашми Познер каҷ нашуд

Журналисти шабакаи аввали телевизиони Русия Владимир Познер барои шӯхиаш дар бораи чиниҳо, ки дар барномаи ахираш («Самые-самые-самые») садо дод, узрхоҳӣ кард. Ҳангоми наворгирии гузорише аз хонаи рамзии Бобои Барфӣ дар Финландия, Познер шӯхӣ карду гуфт, ки дар деҳа “хитоиҳо хеле зиёд будааст”. “Чашми ман каҷ нашуд?”, пурсид Познер аз ҳайати эҷодӣ ва чашмонашро ба онҳо […]

  • 19.02.2019

САРЕЗ – 108 сола шуд

Кӯли Сарез дар шаби 18 ба 19 феврали соли 1911 дар водии Мурғоб, дар деҳаи Усой аз лағзиши кӯҳ дар натиҷаи заминларзаи шадид ба вуҷуд омад. Ҳоло дар кӯл тақрибан 17 кмЗ об ҷамъ шуда, чуқурии ниҳоии он то 500 метр мерасад. Қувваи заминларза ончунон шадид буд, ки дар Қарокӯл, воқеъ дар 120 километрии маркази […]

  • 19.02.2019

Давлат Худоназаров: «Ман тоҷикам»

Русҳо дар сарнавишти тоҷикон чӣ нақше доштанд? Ҳоло шавқи собиқ саркоргардони ҷумҳурӣ Давлат Худоназаров дар таҳқиқи гузаштаи мардуми тоҷик бедор шудааст. Коргардон таҳқиқоти таърихӣ мегузаронад, мақолаҳои илмӣ менависад ва дар бораи аввалин иртиботи тоҷикону русҳо китоб менависад. -Муҳтарам, Давлат Худоназаров! Дар бораи зодгоҳатон нақл мекардед. Медонам, ки шуғнониед… -Миллати ман тоҷик аст, гузаштагонам низ худро […]

  • 18.02.2019

«Чакомаи гесӯ» дар Ҳисор

Дар  Осорхонаи шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид. Дар он намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва коллеҷу муассисаҳои томактабӣ ширкат варзиданд. Тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни миллӣ, ашъори бузургони адабиёти классику муосир, суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ бахшида ба ҳусну тароват, ҷозибаи гесӯ, либосҳо ва ороишоти миллӣ ҳадафи асосии озмуни мазкур маҳсуб меёфт. […]

  • 15.02.2019

“Чат Таджикистан” тоҷиконро наздик мекунад

Таъсисдиҳандаи сомонаи www ohang.tj  Абдуҳаким Муқимзода чатеро бо номи “Чат Таджикистан” таъсис дод, ки тоҷикони бурунмарзиро ба ҳам меоварад. Ҳар тоҷикистоние, ки дар хориҷа ҳаст ба ин чат тариқи компютер www.tajikchat.ru ва аз телефон www.tajikchat.ru/v2/ метавонад ворид шавад ва ба худ дӯсту рафиқ ва ҳамсуҳбати нав пайдо намояд. Ба “Чат Таджикистан” бипайвандеду муошират намоед!

  • 14.02.2019

Озмуне, ки 50 000 сомонӣ мукофот дорад

Дар асоси  амри президенти  Тоҷикистон то поёни соли 2019 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…” баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз ин озмун таблиғи мутолиаи китоб дар ҷомиа мебошад. Гарн-прии озмун 50 ҳазор сомонӣ ва маблағи умумии ҷоизаҳояш 310 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  Аз довталабон тақозо мешавад, ки аз ҷумла дастикам 100 ғазал, 120 рубоӣ, 100 мисраъ […]