• 01.02.2019

Хурӯҷи бемории сурхак

Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ дар моҳи январ 36 сокин бо гумони мубтало шудан ба бемории сурхак ба бемористонҳо муроҷиат кардаанд. Миёни онҳо 12 сокини калонсол ва 24 кӯдаки то 14-сола ҳастанд. Дар ин бора Департаменти ҳифзи сиҳатии умум хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, 30 тан аз муроҷиаткардагон ваксинаи зидди ин бемориро нагирифтаанд. Аз миёни […]

  • 21.01.2019

Амрикоие, ки барои нобиноён асост

Дармонгоҳи «Солим Мед» дар як гӯшаи ба назар нонамоёни шаҳри Душанбе қарор дорад. Сабти ном кардан талаботи асоcии  ин дармонгоҳ буда, ин раванд барои анҷом додани кори босифати онҳо мусоидат мекунад. Мо қаблан бо духтури дармонгоҳ Брайн Ле Зерби мувофиқа карда будем, ки рӯзи душанбе, соати 11 суҳбат меороем. Долони хурди қабулгоҳ ғарқи беморон буд. […]

  • 10.01.2019

Табибони бемориҳои сил соҳиби имтиёз шуданд

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли норасоии мутахассисони силшинос ва мубориза бо ин беморӣ, барои табибони ин соҳа имтиёзҳои нав ҷорӣ кард. Тибқи қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кард, табибоне, ки ба муолиҷаи беморони сил машғуланд, аз маоши баландтару исттироҳати бештар бархӯрдор хоҳанд буд. Соати корӣ барои кормандони бахши сил коҳиш ёфт.Дар қарори ҳукумат, ки […]

  • 08.01.2019

Тоҷикистон: Саратони сина афзоиш меёбад

Гуруҳе аз табибони саратоншинос ва бемориҳои занона бо таҳқиқи омори 10 соли ахир, маълум кардаанд, ки гирифторони саратони сина ҳар сол дар Тоҷикистон бештар аз як дар сад меафзояд. Агар дар соли 2006 фақат 229 зани гирифтори бемории ғадуди ширӣ дар Тоҷикистон ошкор шуда бошад, пас соли 2016 теъдоди гирифторон ду баробар афзуда ба 467 […]

  • 13.12.2018

Кандани дандон дар клиникаҳои шахсӣ манъ шуд

Дар шаҳри Душанбе бештари дандонпизишкҳо аз ироаи баъзе хадамот, аз ҷумла кандани дандони муштариҳо, даст кашидаанд. Мегӯянд, барои кандани дандон дарёфти иҷозати махсус зарур аст ва онҳо чунин иҷозат надоранд. Ба корафтодаҳо машварат шудааст, ки ба бемористони давлатии воқеъ дар маҳаллаи «Якум Советский»-и пойтахт раванд. Ҷое, ки Пажӯҳишгоҳи илмиву клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй […]

  • 28.11.2018

«Антисанитария» дар беморхонаи Ҳисор

Чанд лаҳза пеш зани ҳомиладоре аз Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор, бо хабарнигори сомонаи «Тajikistantimes.com» дар тамос шуда, аз ҳоли табоҳи беморхона ва тарзи хизматрасонии табибони дармонгоҳи мазкур шикоят намуд. Ин зани ҳомила, ки дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ қарор доштааст, дар шуъбаи аворизҳои ҳомиладорӣ хоб аст ва мегӯяд ӯро бо сабаби фишори баланд доштанаш бистарӣ намудаанд, […]

  • 26.11.2018

Вазири мудофиа бунгоҳи тиббӣ сохт

(Бознашр аз сомонаи расмии вазорати мудофиаи Тоҷикистон) Дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳтар гардонидани зиндагонии аҳолии деҳот сохтумон ва ба истифода додани иншоотҳои иҷтимоӣ бо маром идома дорад. Ба ин мақсад […]

  • 13.11.2018

Гиёҳчой боиси болидарӯҳӣ ва зебогии бонувон

Ҳар як бону мехоҳад, ки ҳамеша ҷавону дилкаш бимонад ва  табъи хушу болида ҳамнафасаш бошад.  Баҳри иҷрои ин хостаи бонувон дар табиат растаниҳо ва алафҳои шифоӣ хеле зиёд  мерӯянд, ки метавон аз онҳо истифода бурд. Насрин-чой Як қошуқи калон аз насрини кӯфташударо ба як истакони оби ҷӯшида андозед. 15дақиқа пас чойро нӯшед. Ин чой барои […]

  • 09.11.2018

Тавлиди 44 тифли солим аз модарони гирифтори ВИЧ/СПИД

Дар соли ҷорӣ дар вилоятҳои Чимкент ва Туркистони Қазоқистон 57 зани ҳомиладори мубталои ВИЧ/СПИД ё вируси масунияти одам сабт шудааст, ки аз ин шумор 44 танашон то ин замон таваллуд карданд. Дар ин бора Кожахмет Маширов, як масъули тандурустии Қазоқистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи вай, яке аз занҳои ҳомила дугоник таваллуд кардааст. Ҳамаи кӯдакон солиманд […]

  • 05.11.2018

Ҳафт даво: фоидаи гӯшт ва пешгирӣ аз хирашавии чашм

Гӯшти сурх Табибон мегӯянд, ки гӯшти сурх нисбат ба гӯшти сафедчатоб манфиатбахштар аст. Аксарият гӯшти сурхро зараровар меҳисобанд ва аз гӯшти сафедчатоб истифода мебаранд. Аммо намедонанд гӯшти сафедчатоб равғани кам дошта, калориянокиаш ба андозаи гӯшти мурғ мебошад. Таҳлилҳо  муайян карданд, ки  агар дар сад грамм гӯшти мурғи бо ҷуворимакка парваришёфта 129 калория ва 4,8 грамм […]

  • 30.10.2018

Пешгирии сироятҳо бо доруҳои зиддизамбурӯғӣ

Мушкилии устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои афзалиятноки ҳам  соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳам  соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад дирӯз дар бинои Душанбе-Плаза миёни хабарнигорон, намояндагони ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва кормандони соҳаи тандурустии кишвар нишаст баргузор гашт. Давлатзода Саид, муовини аввали  сардори хадамоти назорати давлати тандурустӣ ва ҳифзи […]

  • 24.10.2018

5-даво барои резондани кирм

Писарчаи сесолаам шабҳо қафояшро хорида, дергоҳ беқарорӣ ва гиря мекунад. Ба назарам кирм дорад. Ягон давои халқие ҳаст, ки кирмҳои кӯдакро резонад? Мастура, н. Рӯдакӣ.  Посух   Одатан кирмҳои майда дар атрофи мақъад ҷамъ шуда, хоришро ба вуҷуд меоранд ва кӯдаконро беқарор месозанд. Сабабаш дар бисёр хӯрдани қанду ширинӣ ва шустушӯ кардан дар обҳои ифлос аст. […]

  • 17.10.2018

“Солимии деҳаи ман…” озмун барои рӯзноманигорон

Семинари омӯзишӣ миёни мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва намояндагони ВАО шуда гузашт. Лоиҳаи Сино аз рӯи лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон марҳилаи баромад” семинарро оғоз намуд. Гулзира Халилова, намояндаи Институти тропикӣ ва тандурустӣ ҷамъияти Шветсария дар Тоҷикистон ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Номбурда қайд намуд, ки лоиҳа дар соҳаи Тандурустии ҶТ  аз моҳи […]

App Banner