• 19.03.2019

Поммершайм: Мавқеи ИМА дар моҷарои марзӣ аниқ аст

Сафири нави ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар аввалин нишасти матбуотиаш бо журналистон дар Душанбе гуфт, ки таҳаввулот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ мекунад.

  • 19.03.2019

Муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон хотима ёфт?

Музокироти мақомоти баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон дар робита бо муноқиша дар марзи ду кишвар ба анҷом расид ва мувофиқаи ҳосилшуда дар як протоколи муштарак сабт шуд.

  • 18.03.2019

Вакили парлумон ва Салиби Сурх то Ворух нарасиданд

Мақомот дар Исфара гуфтанд, ки нерӯҳои марзбонии Қирғизистон иҷоза надодаанд, имдодгарони Салиби Сурх ба сокинони осебдидаи ҷамоати Ворух дору дастрас кунанд.

  • 15.03.2019

Сӯҳбати телефонии президентҳо, раиси вилоят ва ноҳия дар Ворух

Нимаи дуюми рӯзи 14 март президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков дар як гуфтугӯи телефонӣ ҳаводиси хунини Ворухро баррасӣ кардаанд.

  • 14.03.2019

Дар Чоркуҳ боз тирпарронӣ, як нафар кушта шуд

Дар натиҷаи муноқишаи рӯзи 13-уми март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сокини Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба ҳалокат расидааст.

  • 13.02.2019

Таваҷҷӯҳи Путин ба Қирғизистон меафзояд

  Баъди сафари вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Бишкек дар доираи омодагиҳо ба боздиди Владимир Путин аз ин кишвар, раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков 9-уми феврал ба Сочӣ бо ҳадафи мулоқоти ғайрирасмӣ бо Путин сафар кард. Дафтарҳои матбуотии ҳар ду раисҷумҳур ин дидорро омодагии сафари қарибулвуқуи Владимир Путин ба Қирғизистон ном бурданд, аммо […]

  • 11.02.2019

Фаъолон қарзи бонкӣ барои арӯсиро махкум карданд

Шаби 10 ба 11 феврал як гуруҳи фаъолон рӯи роҳи наздик ба муассисаҳои молии шаҳри Бишкеки Қирғизистон навиштанд, ки «Барои арусӣ аз бонк қарз нагиред!». Барои навиштаҳо даромадгоҳи бонкҳо ҳадафмандона интихоб шудааст, хабар доданд фаъолон. Фаъолон бовар доранд, ки одамон бо пул муносибат карданро намедонанд. «Барои баргузории чорабиниҳои камаҳамият қарз мегиранд. Онҳо барои тиҷорат на, […]

  • 08.02.2019

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Ҷониш Рустенбеков

    Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷониш Рустенбеков мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дода, афзудааст, ки ҷонибҳо масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягии нек ва ҳамкории судбахшро баррасӣ намуданд. Ба иттилои […]

  • 08.02.2019

Варзиши интернетӣ расмӣ гардонида шуд

Варзиши киберӣ ё интернетӣ дар Феҳристи миллии навъҳои варзиш ва риштаҳои варзишии Қирғизистон шомил шуд. Ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2018 Оҷонсии давлатии кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ин бора қарор содир карда буд. Нуриддин Султамбоев, сухангӯи Оҷонсӣ хабар дод, се навъи дигари варзиш — кунг-фу, варзиши чир ва карлинг шомили феҳрасти […]

  • 04.02.2019

Сергей Лавров ба Қирғизистон рафт

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо сафари расмӣ ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон омад. Лавро 4 феврал бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот кард. Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки сафари вай ба Бишкек ба хотири заминагузорӣ ба сафари президенти Русия Владимир Путин ба Қирғизистон ва инчунин ҷаласаи комисияи байниҳукуматӣ сурат гирифтааст. «Мо имрӯз бо […]

  • 31.01.2019

Пешниҳоди авф барои 4000 маҳбус

Вакили порлумони Қирғизистон Исҳоқ Масалиев пешниҳод дорад, ки бахшида ба 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва 80-солагии ёдбуди қурбониёни таъқибҳои сиёсии соли 1938 дар ин кишвар афви маҳбусон сурат гирад. Бар пояи лоиҳаи қонун, 4 ҳазору 172 нафар бояд афв шаванд. 285 маҳбус озод ва муҳлати зиндониёни боқӣ кам карда хоҳад шуд. Ин афв, дар […]

  • 30.01.2019

Русия: Таҳқиқи шиканҷаи муҳоҷир

Мақомоти тафтишотии вилояти Челябински Русия хабари шиканҷа шудани муҳоҷири 29-солаи қирғизистониро тафтиш мекунад. Гуфта мешавад, ин муҳоҷир бо гумони ҳамдаст будан дар таркиши бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск боздошт ва шиканҷа шудааст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ҷабрдида ва ҳамсараш «истифодаи шиканҷаро комилан рад мекунанд». «Аммо муайян карда шуд, ки дар бадани мард осори шиканҷа ҳувайдо […]

  • 25.01.2019

Шумораи саёҳони хориҷӣ 6 маротиба афзудааст

Мақомоти Қирғизистон хабар медиҳанд, ки солҳои охир тамоюли устувори рушди шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар меафзояд. Дар ин бора Алина Шаикова, раиси Хадамоти сабти давлатии Қирғизистон хабар дод. «Агар дар солҳои 2010-2011 ҳаҷми миёнаи муҳоҷирон наздики 70 ҳазорро ташкил медод, пас дар соли 2018 бештар аз 450 ҳазор хориҷӣ сабт шудааст. Ин танҳо омори онҳоест, […]

  • 25.01.2019

Баҳси марзӣ барои ҷойи бел

Сокинони навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон барои як кулбаи асбобҳои гӯрканӣ дар қабристони наздимарзӣ баҳс кардаанд. Таниш барои кулбаи бунёдкардаи қирғизҳо дар гӯристони марзӣ, ки мояи норозигии тоҷикон шудааст, рух додааст. Ба иттилои нашрияи Turmush, ҳудуди 50 тоҷикистонӣ ва 100 қирғиз дар гӯристони наздимарзӣ, сари кулба барои белҳо баҳс кардаанд. Тоҷикон таъкид кардаанд, ки гӯристон дар […]

  • 25.01.2019

Омурбек Текебоевро ба маҳбаси сукунатӣ интиқол медиҳанд.

Раиси ҳизби «Ота Макон» Омурбек Текебоев 10 феврали соли 2020 ба маҳбаси сукунатӣ интиқол меёбад. Дар ин бора раиси Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон Таалайбек Жапаров хабар дод. «Дар мо шуъбаи махсусе аст, ки муҳлати ҷазои маҳбусонро мешуморад. Онҳо рӯзҳо, ҳатто соатҳоро ҳисоб мекунанд. Зиёда аз муҳлат дар зиндон мондани шахс ғайриқонунист. Бинобар ин, ҳамаро мушикофона мешуморанд. […]