• 06.03.2019

2,8 сол зиндонӣ шудани муаллим барои лату кӯби хонанда

Омӯзгори мактаб-интернати ноҳияи Боғоти вилояти Хоразми Ӯзбекистон баъди латукӯби як хонанда муҷозот шуд. Ҷуманазар Рӯзматов, омӯзгори мактаб-интернати ноҳияи Боғоти Ӯзбекистон бо айби латукӯби хонанда то ҳолати кома, 2,8 сол зиндонӣ шуд. Наздикони хонандаи синфи 5 Бобоназар Худойназаров гуфтанд, ки вай баъди латту кӯб шудан аз сӯи омӯзгор дар таърихи 20 сентябри соли 2018 танҳо баъди […]

  • 05.03.2019

Табиб 8 ҳазор доллар рухсатпулӣ гирифт

барои 34 соли фаъолияти бе танаффус 8,2 ҳазор доллари ИМА ба нафъи Қаюмов ҳамчун рухсатпулӣ рӯёнида шавад.

  • 04.03.2019

Боз як гузаргоҳ бо Ӯзбекистон

Рӯзи 2 март дар минтақаи Боботоғ дар марзи ҷамоати Ориён Ҳисори Тоҷикистон ва ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон маросими ифтитоҳи гузаргоҳи нави сарҳадӣ доир шуд.  Ин гузаргоҳи инак 17-ум дар марзи байни ин ду кишвари ҳамсоя аст. Аксари ин гузаргоҳҳои солҳо боз басташуда як сол пеш, дар пайи хуб шудани робитаҳои Тошканду Душанбе аз нав […]

  • 28.02.2019

Вафоти зани зиндонӣ аз корҳои маҷбӯрӣ

Сайжар Гадоева, зани 62-солае рӯзи 23 феврал дар яке аз зиндонҳои Ӯзбекистон вафот кард. Як манбаъ гуфт, Гадоева бемор буд, аммо зиндонбонҳо ӯро иҷборан кор мефармуданд. «Онҳо бовар намекарданд, ки зан бемор аст. Акнун зиндонбонҳо аз зиндониёни дигар талаб доранд, ки ҳангоми санҷиш дар ин бора ҳарфе назананд. Сардори маҳбас зиндониҳоро 2 соат рост нигаҳ […]

  • 19.02.2019

Модар гӯши духтарашро бо анбур буриду зиндонӣ шуд

Додгоҳе дар Алмаато рӯзи 18 феврал модареро, ки дар давоми шаш соли ахир духтарашро латукӯб мекард, ба шаш соли зиндон маҳкум намуд. Додгоҳ қарор кард, ки Анна Иванова духтараш Дианаро шадидан латукӯб мекард, масъулиятҳои модарии худро иҷро намекард ва ба ҳамин хотир барои ҳар як соли азият кардани духтараш яксолӣ дар зиндон мемонад. Бори аввал […]

  • 19.02.2019

Дар Ӯзбекистон 100 000 сӯма бароварданд

Бонки марказии Узбекистон (БМУ) тавассути саҳифаи худ дар Telegram хабар дод, ки сар аз 25 феврал дар ин кишвар пули нави 100-ҳазорсӯмӣ ба муомилот мебарояд. Ба огаҳии бонк, пули 100-ҳазорсӯмӣ ба донишманди маъруфи ӯзбек Мирзо Улуғбек ва дастовардҳои ӯ дар бахши ситорашиносӣ бахшида шудааст.Дар канори чапи пул расми муҷассамаи Мирзо Улуғбек тасвир гаштааст. Ҳамчунин дар […]

  • 15.02.2019

Дархости Ислом Каримови хурдӣ аз Шавкат Мирзиёев

Набераи президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримови хурдӣ мегӯяд, вазъи сиҳатии модараш Гулнора Каримова, ки дар ҳабси хонагӣ аст, бад шудааст ва ӯ ба кумаки тиббӣ дастрасӣ надорад. Каримови 26-сола 14 феврал ба воситаи саҳифаи худ дар Инстаграм аз президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дархост кард, ки ба қазия ва вазъи модари ӯ таваҷҷуҳ карда, садои ӯву […]

  • 15.02.2019

«Нигодний»-ҳоро низ ба аскарӣ мегиранд

Дар Туркманистон онҳоеро низ ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мекунанд, ки тандуруст нестанд ва бемориҳои гуногун доранд. Дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар омодагиҳо ба даъвати баҳорӣ оғоз шуда, ташхиси тиббии наваскарон ҷараён дорад. Ба иттилои хабарнигорон аз ҷумла дар вилояти Лебапи Туркманистон табибон ба фарқ аз мавсимҳои пешин имсол ба ҷалби ҷавононе низ иҷозат медиҳанд, […]

  • 15.02.2019

Ихроҷи ҳомиёни ҳуқуқӣ хориҷӣ аз Остона

Ду нозири созмони Федератсияи Итолиё дар умури ҳуқуқи инсон — шаҳрвандони Украина Людмила Волошина ва Валерий Явтушенкоро рӯзи 15 феврал аз шаҳри Остона ба Киев ихроҷ карданд. Мақомоти Қазоқистон онҳоро дар вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират айбдор намуданд. Волошин ва Явтушенко нимаи дувуми рӯзи 14 феврал дар шаҳри Остона боздошт шуда буданд. Навори боздошти ҳомиёни ҳуқуқро […]

  • 14.02.2019

Дастрасии рӯзноманигоронро ба маълумот маҳдуд карданианд

Дар Қазоқистон ҳукумат пешниҳод дорад, ки бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ қоидаҳои иҷозати рӯзноманигоронро ба бозтоб ва ё иштирок дар чорабиниҳо сахттар карда шавад. Лоиҳаи тағйири қарори ҳукумат дар ин замина 13 феврал дар портали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр шудааст. Бар пояи яке аз бандҳои он, рӯзноманигорро метавонанд, ба биное роҳ надиҳанд, ки […]

  • 14.02.2019

Фурӯши иҷбории нон бо нархи давлатӣ

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мақомот нонфурӯшҳоро низ маҷбур доранд, ки нонро бо нархи муайянкардаи давлат фурӯшанд. Ба гуфтаи рассонаҳо ҳафтаи гузашта дар растаи бозорҳои «Теке» ва «Алемгошар»-и Ишқобод эъломномаҳое пайдо шуданд, ки нархи нонро нишон медиҳанд. «Дар онҳо нархи нон бо имзо ва муҳри раҳбарияти бозор нишон дода шудааст. Маъмурияти бозор ва масъулони шаҳрдорӣ ба […]

  • 13.02.2019

Насби дурбинҳои назоратӣ дар ятимхонаҳо

Дар ятимхонаҳои Ӯзбекистон то 1 июни соли 2019 дурбинҳои наворбардорӣ насб мешавад. Президенти ин кишвар 11 феврал фармон «Дар бораи чораҳои иловагии тақвияти ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ятим»-ро имзо кард. Дар асоси ин фармон, вазорати маорифи халқӣ вазифадор шудааст, ки дар ятимхонаҳо дурбини наворбардорӣ насб кунад. Расонаҳо дар бораи хушунат дар ятимхонаҳои Ӯзбекистон дар гузашта борҳо […]

  • 13.02.2019

Вазири умури дохилиро иваз карданд

Ерлан Тургумбоев бо фармони президент Нурсултон Назарбоев вазири умури дохилии Қазоқистон таъйин шуд. Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон, Назарбоев вазири умури дохилии пешини ин кишвар Калмуханбет Қосимовро 12 феврал ёвари президент — котиби Шӯрои амният таъйин кард. Ерлан Тургумбоеви 57-сола аз соли 2012 муовини вазири умури дохилии Қазоқистон буд. Ӯ тайи чандин сол дар […]

  • 13.02.2019

Чаҳордаҳ қаҳрамони бокс фиреб хӯрданд

Чаҳордаҳ қаҳрамони мусобиқаи муштзанӣ (бокс)-и касбӣ, ки 15 сентябри соли 2018 дар шаҳри Самарқанд баргузор шуда буд, то кунун мукофотҳои ваъдагиро нагирифтаанд. Дар анҷоми мусобиқа сертификати дарёфти 8 миллион сӯм (наздики 1000 доллари ИМА) ба соҳибони медали тило, 4 миллион (наздики 500 доллар) ба дорандагони медали биринҷӣ ва 2 миллион (250 доллар) ба дорандагони медали […]

  • 13.02.2019

Таваҷҷӯҳи Путин ба Қирғизистон меафзояд

  Баъди сафари вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Бишкек дар доираи омодагиҳо ба боздиди Владимир Путин аз ин кишвар, раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков 9-уми феврал ба Сочӣ бо ҳадафи мулоқоти ғайрирасмӣ бо Путин сафар кард. Дафтарҳои матбуотии ҳар ду раисҷумҳур ин дидорро омодагии сафари қарибулвуқуи Владимир Путин ба Қирғизистон ном бурданд, аммо […]