• 26.02.2019

Рӯзи таваллуд хислати инсонро фош месозад?

Хислати инсонро на танҳо аз рӯйи қиёфаю тарзи роҳгардӣ ва либоспӯшиаш, балки аз санаи таваллудаш низ фаҳмидан мумкин аст. Мехоҳед донед, ки дӯст ё шахси дӯстдоштаи шумо чӣ гуна инсон аст? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед! 1. Нафароне, ки дар рӯзи 1-уми моҳ таваллуд шудаанд, ҳамеша дар ҷустуҷӯву такопу ҳастанд. Ин тоифа хеле боҷуръат, вале худпарасту эгоистанд. […]

  • 26.02.2019

Роботи паррон

Олимони ҷаҳон то имрӯз роботҳои зиёдеро ихтироъ кардаанд, ки касро ба ҳайрат меоранд. Муҳандисони донишгоҳи қисмати шимолӣ-шарқии ИМА роботеро ихтироъ намудаанд, ки ҳам роҳ мегардаду ҳам имкони ба ҳаво париданро дорад ва тамоми монеаҳоро убур мекунад. Ин робот дар ягон ҳолат пешпо нахӯрда, ҳамеша мувозинати худро нигоҳ дошта метавонад. Дарозии қади робот 0,8 метр буда, […]

  • 26.02.2019

Модари ҳамешаҷавон

Вақте Шимми Муншии 42-сола бо писари 21-солааш дар кӯчаҳои кишвари Манчестер қадам мезанад, атрофиён гумон мекунанд, ки онҳо ҳамсинну сол ҳастанд. Шимми ҳамеша аз ҳамсолонаш ҷавонтар менамуд. Бо мурури замон дугонаҳояш пир шудан гирифтанд ва акнун вай дар назди онҳо духтарчаи ҷавонро мемонад. Мунши мегӯяд, барои нигоҳ доштани ҷавонии худ ягон амали ғайриодиро анҷом намедиҳад, […]

  • 24.02.2019

Ҷарима барои аккос задани саг

Мири шаҳри Фекер дар қисмати шимолии Фаронса ба сагҳои ин мавзеъ бо садои баланд аккос заданро манъ кардааст. Ҳар нафаре, ки дар хонааш саг дорад, мабодо сагаш баланд аккос занад, барои риоя накардани қонуни мазкур ба андозаи 68 евро ҷарима хоҳад супорид. Тавре мири ин шаҳр Жан-Пер гуфтааст, сабаби чунин тасмим гирифтанашон дар он аст, […]

  • 21.02.2019

Тимсоҳи одамхӯр

Сомонаи Daily Mail хабар медиҳад, ки дар иёлоти Саравак ҳангоми сайругашт дар дарё як марди 40-солаи индонезиягиро тимсоҳ фурӯ бурдааст. Аз бедарак шудани ин марди бетақдир ҷияни 24-солааш дарак ёфта, ба ҷустуҷӯи ӯ ба соҳили дарё мебарояд. Дар ин асно каллаи тағояш дар рӯйи дарё як намудор гашта, баъдан нопадид мегардад. Дар як фосилаи начандон […]

  • 15.02.2019

Масҷиди калламушҳо

Ҳиндустон кишвари пурмуаммо ва асрорангез аст. Дар иёлоти Раҷистони ин кишвар ибодатгоҳи ғайриодие вуҷуд дорад, ки дар он калламушҳо ҳокими мутлақ ҳастанд. Ҳазорҳо зиёраткунандагон ба Карни Мата сафар мекунанд, то ки аз як табақ бо калламушҳо хӯрок хӯрда, аз як коса бо ин ҷонварони манфур об нӯшанд. Дар назди ибодатгоҳ дӯконҳои сайёр-аробаҳое мавҷуданд, ки аз […]

  • 14.02.2019

Валентин кист? Чаро Рӯзи «Ошиқон»-ро ҷашн мегирем?

Дар бораи таърих ва пайдоиши рӯзи Валентинаи муқаддас ривоятҳо зиёданд. Баъзеҳо бар он назаранд, ки таҷлили рӯзи ошиқон гуноҳ аст ва иддае дигар тибқи бовар ва хостаҳои худ рӯзи ошиқонро ҷашн мегиранд. Рӯзи ошиқон ё рӯзи Валентинаи муқаддасро ҳамасола 14 феврал дар бештари кишварҳои дунё қайд мекунанд, ки аз қабили идҳои таҳмил ёфтаи Ғарб маҳсуб […]

  • 12.02.2019

Саге, ки дар кафи даст меғунҷад

Намояндагони китоби Гиннес расман саги зоти чихуахуаро бо лақаби Милли саги хурдтарини ҷаҳон эълон намуданд. Ин сагчаи хурдакак аз они сокини Пуэрто-Рико Ванесса Сэмлер аст. Дарозии қади Милли, яъне, аз сутунмуҳра то нӯги панҷаҳои пояш 9,65 см, буда, вазнаш тақрибан 0,5 кг будааст. Сагчаи хурдтарини ҷаҳон аз рӯйи андоза шакли гурбаро дорад ва бо осонӣ […]

  • 11.02.2019

Риши дарозтарин

Марди ришдарозтарини дунё – Hans Langseth дониста шудааст. Ганс дар тамоми дунё ягона нафаре буд, ки дарозии ришаш 5 метру 63 сантиметру 88 милиметрро дар бар гирифтааст. Расме, ки Ганс бо риши дарозаш аккосӣ гаштааст, замони 66- сола буданаш гирифта шудааст. Ин мард бо чорвопарварӣ машғул буда, маҳз бо шарофати риши дарозаш шуҳрат ёфт. Дар […]

  • 08.02.2019

Питсаи калонтарини дунё

Италия ҳамчун кишвари питсаи калонтарини дунё мавқеи худро дубора баргардонд. Питсаи «Маргарита»-ро, ки 40 метр дарозӣ дорад, панҷ нафар тайёр карданд. Барои пухтани чунин питсаи калон ошпазони итолиёвӣ 8892 килограмм орд, 3991 килограмм қайлаи помидор ва қариб 8 тонна панирро истифода бурдаанд. Ба ғайр аз маҳсулоти номбаршуда 680 килограмм маргарин, 249 килограмм намак, 190 килограмм […]

  • 07.02.2019

Арӯси 72- солаю домоди 19-сола

Як ҷавони 19-сола ба пиразани 72-сола бо тамоми ҳастӣ ошиқ шудааст. Гари баъди ду ҳафтаи шиносоӣ бо Алмеда Хардвики 72-сола пешниҳоди оиладоршавӣ карда буд ва акнун онҳо якҷоя умр ба сар мебаранд. Ҷавон гуфтааст, ки чашмони кабуди Алмеда ӯро ошиқи зор гардониданд. Вай аз айёми наврасӣ ба духтарон таваҷҷуҳ надоштааст. Вақте ки Гари дар бораи […]

  • 02.02.2019

Чочаки бриллиантӣ

Чочак аз зумраи ашёҳои арзону даркорӣ аст, ки дар ҳар хонаи кӯдаки хурддошта онро дидан мумкин аст. Оё шумо медонед, ки чочаки аз ҳама қиматтарини ҷаҳон 17 ҳазор доллар арзиш дорад? Ин чочаки қиматбаҳо аз силикон сохта шуда, дастааш аз тиллои сафед аст ва бо 280 бриллиант оро дода шудааст. Истеҳсолкунандаи он, ширкати Personalized Pacifiers […]

  • 01.02.2019

Бӯсобӯсӣ бо бинӣ

Дар қисмати шарқии Бангладеш қабилае зиндагӣ мекунад, ки мардумаш ҳатто ибораи «маро бибӯс»-ро намедонанд. Онҳо ба ҷои «маро бибӯс» ҳамеша «маро бибӯй» мегӯянд. Сокнинони таҳҷоии Зеландияи нав ҳангоми вохӯрӣ якдигарро бо рӯйпӯш пӯшонда, биниҳои худро ба ҳам соиш медоданд ва дар баробари ин хур-хуркунон ҳаворо чуқур нафас мекашиданд. Сокинони таҳҷоии ҷазираи Санта-Маpия ҳангоми дидор якдигарро […]

  • 31.01.2019

Дугоники Майкл Ҷексон

Ҷавони 22-сола аз Буэнос-Айрес 30 000 доллар сарф кардааст, то ки ба нусхаи Майкл Ҷексон мубаддал гардад. Ҷарроҳии аввалинашро Лео Бланко дар 15-солагияш ба анҷом расонида, баъдан анқариб 2 миллион рублро барои 11 ҷарроҳии пластикӣ ва косметикӣ сарф намудааст. Имрӯз аз симои пештараи ҷавон осоре намонда бошад ҳам, Лео ҳанӯз ҳам аз чеҳрааш розӣ нест. […]

  • 30.01.2019

5 муҷассамаи баландтарини олам

Андозаи бузург метавонад ҳар чизеро машҳури олам гардонад. Масалан, муҷассамаҳоро, ки намунаҳои бузурги он садсолаҳо дар рӯйи замин қоматафрозӣ мекунанд. Мо 5 муҷассамаи бузургтарини оламро, ки аз 40 метр беш баландӣ доранд, муаррифӣ мекунем. Муҷассамаи Вашингтон — 169 метр Ин муҷассама дар шаҳри Вашингтон ҳамчун рамзи хотираи абадӣ ба ифтихори Президенти нахустини ИМА Ҷорҷ Вашингтон […]