• 19.04.2019

ИМА: Русия дар интихоботи Амрико мудохила кардааст.

Бино ба натоиҷи таҳқиқоти додситони махсуси Амрико Роберт Мюллер, талошҳои Русия барои мудохила ба интихобти раёсати ҷумҳурӣ дар ИМА дар соли 2016 тасдиқ шудааст.

  • 18.04.2019

Кайҳоннаварди тоҷик: чаро ӯро ҷаҳон эътироф карду Тоҷикистон не?

Дар бораи кайҳонварди аввалин Юрий Гагарин зиёд хондаему медонем, аммо кам касон маълумот доранд, ки баъди 37 соли ин, 23 январи соли 1998 ҳаммиллати мо Солиҷон Шарифов бо киштии «Индевор STS-89» ба кайҳон парвоз кард ва сафари ӯ 8 рӯзу 19 соату 46 даққиқа идома ёфт.

  • 18.04.2019

Ӯзбекистону Тоҷикистон дар масоили марзӣ ба тавофуқ расиданд

Ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди раванди корҳои саҳроӣ барои мушаххас кардани хатҳои марз миёни ин ду кишвар ба мувофиқа омаданд.

  • 18.04.2019

Дар мулоқоти Маскав мавзӯъи афви муҳоҷирон норӯшан монд

Раисони ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар поёни музокирот аз боби афви муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳарфи мушаххасе назаданд.

  • 17.04.2019

СММ оғози “ҳамлаҳои баҳорӣ”-и Толибонро маҳкум кард

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид эълони шурӯъи “ҳамлаҳои баҳорӣ”-и Ҷунбиши Толибон алайҳи неруҳои давлати Афғонистонро шадидан маҳкум кард.

  • 17.04.2019

Мулоқот бо Путин роҳро ба муҳоҷирону соҳибкорон боз мекунад?

Дар ҳамкориҳои сиёсӣ ва ҳарбии Русия ва Тоҷикистон ягон мушкилоти ҷиддие мавҷуд нест, ки мавриди нигаронӣ бошад,аммо айни замон барои ҳалли мушкилоте, ки дар муносибатҳои иқтисодии байни ду кишвар ҳаст, вохурии байни Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон хеле муҳим мебошад.

  • 17.04.2019

Эмомалӣ Раҳмон ба афви муҳоҷирон дар Русия ибрози умедворӣ кард

Президенти Тоҷикистон гуфт, ки ба афви навбатии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия умед мебандад.

  • 16.04.2019

Ҳамкориҳои Русия ва НАТО қатъ гардид

Москва ва НАТО ҳамкориро ҳам дар бахши низомӣ ва ҳам шаҳрвандӣ қатъ карданд.

  • 16.04.2019

Президенти Тоҷикистон ба Русия меравад

Имрӯз, 16 апрел Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як дидори расмӣ вориди Маскав хоҳад шуд.

  • 13.04.2019

Духтари Мирзиёев мансаб гирифт

Духтари калонии Шавкат Мирзиёев,раиси ҷумҳури Ӯзбекистон муовини раиси Агентии иттилоот ва равобити оммавӣ таъйин шуд.

  • 12.04.2019

Толибон фаъолияти Салиби Сурх ва СҶТ-ро манъ кард

Ҷунбиши Толибон дар минтақаҳои таҳти назораташ дар Афғонистон фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро муваққатан мамнӯъ кардааст.

  • 12.04.2019

Токаев ба Ӯзбекистон меравад

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Токаев, раиси ҷумҳури ин кишвар рӯзҳои 14-15 апрел бо як сафари давлатӣ вориди Ӯзбекистон хоҳад шуд. Ин дуюмин сафари расмии Токаев пас аз нишастан ба курсии президентӣ ҳисоб меёбад. Сафари нахустини ӯ ба Русия буд. ВКХ Қазоқистон хабар додааст, ки дар ҷараёни сафари Токаев ба Ӯзбекистон […]

  • 11.04.2019

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон ба таъхир афтод

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошканд ба муддати дигар гузаронда шудааст.

App Banner