Шодиёна: Падарам дарро баста модарамро кушт

Соат 7-и бегоҳ  буд, ки падару модарам аз бозор омаданд.  Падарам дар роҳ рӯи модарамро бад бад нигоҳ кард. Чанд бор бечора модарам пурсид, ки чи шуд ба шумо? Чаро […]

32 нафар ба ҳайси маъмурони имтиҳонӣ интихоб шуданд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  омодагӣ ба гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олиикасбии ҷумҳурӣ дар соли 2018 семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатӣ доир кард. Тавре аз  Маркази  матбуоти Маркази мазкур хабар додаанд, чунин семинар-машваратҳо дар шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хуҷанд ва  Кӯлоб баргузор гардиданд. Ҳайати гурӯҳи корӣ […]

Имрӯз ҳам борон мебораду раъду барқ ба амал меояд

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баландиҳои 2500 метр  эҳтимоли боридани барф  вуҷуд дорад. Имрӯз, 22 май дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, […]

Шӯрои уламо: Рӯза дар  Роғун шарт нест 

    Рӯҳониёни Тоҷикистон ба коргарони нерӯгоҳи Роғун тавсия додаанд, ки ҳангоми кор дар ин иншооти бузург рӯза нагиранд.  Як ҳайати Шӯрои уламои маркази исломӣ чанде пеш зимни сафар ба маҳали […]

Биби наберафурӯш ба даст афтод

Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 54-солаи сокини шаҳри Кӯлобро бо гумони хариду фурӯши ноболиғ дастгир намуданд. Номбурда, моҳи марти соли 2018, бо маслиҳати пешакӣ […]

Манзили дастрас -2 “Пул додаму дарди сар харидам”,- мегӯянд сокинони шаҳри Душанбе

Дар шумораи 18-уми ҳафтанома мусоҳибаи хабарнигорамон бо директори КВД “Сохтмони манзили дастрас” Нур Наимов таҳти унвони “Манзили дастрас” иқдоми Рустами Эмомалӣ ва нигаронӣ аз кори ширкатҳои хусусии сохтмонӣ” ба табъ […]

Туркманистон: Норасоии ғизо дар хонаи куҳансолон

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар хонаи куҳансолон камбуди ғизо мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи яке аз пирсолони хонаи мазкур, кормандони хонаи куҳансолон дар шаҳри Ишқобод куҳансолонро нигоҳубини дуруст намекунанд. Пирсолоне, ки […]

Қурбонии боронҳои паёпай: Боз як зану се фарзандаш

Дирӯз дар заминҳои кишти деҳаи Марғузори ноҳияи Айнӣ як шахпора аз кӯҳ канда шуда, як занро бо се фарзанди хурдсолаш пахш кард. Азбаски шахпора ҷасадҳоро такаву пора карда буд, ҷанозаи […]

Қаноат дар паҳлуи Бозор ҷой гирифт

Мӯъмин Қаноат, яке аз сутунҳои устувори адабиёти муосири тоҷикро, ки 18-уми май, ду рӯз пеш аз 86-солагиаш дар Душанбе даргузашт, дар оромгоҳи Лучоб ва дар паҳлуи Бозор Собир дафн карданд.  […]