• 27.02.2019

Вожаи «ҒАР»: Баҳсе, ки теша ба решаи таърихи тоҷикон мезанад

Ҳафтаи гузашта дар «Тоҷикистон» мақолаи Одил Нозир таҳти унвони «Баҳси ғар. Фоҳиша ё худои кӯҳҳо» ба нашр расид, ки вокунишҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, дар он навишта назари вазири маориф ва илми Тоҷикистон, доктори илми фалсафа Саид Нуриддин Саид низ истифода шуда буд. Чун баҳсҳо атрофи вожаи «ғар» зиёд шуданд, донишмандони тоҷик Нуриддин […]

  • 27.02.2019

«Сонмин Сунбогим» дар Хуҷанд бехона шуд

Бо қарори Суди иқтисодии Суғд ду бинои калисои «Сонмин Сунбогим» дар Хуҷанд ба ихтиёри кӯдакистон бозгардонида мешавад ва қарори додгоҳ дар ин бора нерӯи қонунӣ гирифтааст. Ин биноҳо соли 1995 бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба мӯҳлати 38 сол ба калисо ба иҷора дода шуда буд ва мақомоти маориф он қарорро нодуруст номида, чор сол […]

  • 27.02.2019

Ҳаво имрӯз офтобист

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа сард  шуда, рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа   гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  […]

  • 26.02.2019

Тӯрахон озод шуд, аммо ҷавобгар мешавад?

Тӯрахон Нурматов, чӯпони рабудашудаи тоҷик баъд аз 53 рӯз аз асорати қочоқбарони афғон озод карда шуд.  Қочоқбарон Нурматовро рӯзи якуми январи имсол дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон рабуданд.Чӯпон  рӯзи ҷумъаи 22-юми феврал дар пай як амалиёти нерӯҳои интизомии Тоҷикистон аз асорати қочоқбарони афғон раҳо карда шуд. Тафсилоти бештари ин амалиёт аз ҷониби мақомоти интизомии […]

  • 26.02.2019

Ҳаво имрӯз намеборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16   ва рӯзона 0-5 дараҷа сард  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  аз 20-25 то 33- 38 ва […]

  • 25.02.2019

8 коргар аз боми масҷиди сохташудаистода афтиданд

Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба таҳқиқи ҳодисаи афтодани  ҳашт нафар коргар аз гунбази Масҷиди бузургтарин дар Душанбе (масҷиди Катар)  оғоз кардааст. Ҳашт бинокор субҳи 25-уми феврал аз баландии 33 метр ба замин афтода, бо захмҳои мухталиф дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ шудаанд. Вазъи як нафари онҳо ниҳоят вазнин гуфта мешавад.Гунбази Масҷиди бузургтарин дар Душанбе 60 […]

  • 25.02.2019

Худкушӣ

Дунё се қисм аст: дирӯз, имрӯз ва фардо. Дирӯз гузашт. Омадани фардо маълум нест. Пас, қадри имрӯзро бидон! Ҳасани Басрӣ Ҳар гоҳе ки “ҷаноби зиндагӣ” шикастам медиҳад, аз мушкилоти он хаста мешавам ва андуҳи бепоёни қалбамро пахш мекунад, ҳатман боре сухани тиллоии ин абармардро ба хотир оварда, ба қадри имрӯзи зиндагии хеш мерасам. Оид ба […]

  • 25.02.2019

Имоми масҷид амри муҳофизони Ашраф Ғаниро рад кард

Рӯзи ҷумъа, 22 феврал президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои адои намози ҷумъа ба яке аз масҷидҳои Кобул ташриф овард. Нирӯҳои амниятӣ ба ин далел вуруди мардумро ба ин масҷид маҳдуд карда, аз имомхатиб низ талаб карданд, ки ба далелҳои амниятӣ хутбаашро зудтар тамом карда, намозро барвақттар шурӯъ кунад. Аммо Муҳаммад Аёз Ниёзӣ дар хутбааш аз […]

  • 25.02.2019

Ҳалокати 4 хонандаи мактаб дар Айнӣ

Нимаи дуюм рӯзи 23 феврал 4 хонандаи синфҳои 8,9 ва 10-и мактаби рақами 37 дар шаҳраки Зарафшон-2 (собиқ Сарвода-2)-и ҷамоати Зарафшони ноҳияи Айнӣ ҳангоми бозии хоккей дар рӯи ҳавзи обтозакунӣ бар асари шикастани яхи рӯи ҳавз ғарқ шуда, дар оби сард ҳалок шудаанд. Ҷанозаҳои ин 4 наврасро рӯзи 24 феврал ба хок супурданд. Ба гуфтаи […]

  • 25.02.2019

Ҳаво имрӯз намеборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар додаанд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15   ва рӯзона 1-6 дараҷа сард  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  аз 20-25 то 28- 33 ва рӯзона 8-13  […]

  • 24.02.2019

Садақаи маҷбурӣ: чаро дар масҷид аз намозгузорон пул металабанд?

Рӯзи саиди ҷумъа ҳам омад. Одатан мардуми мо дар ин рӯз зикр мекунанд. Хусусияти дигари ин рӯз он аст, ки одамон ҳама орзуву нақшаҳояшонро ба ёд оварда, даст сӯйи Худованд бардошта,  барои амалӣ шудани онон дуо мекунанд. Дар зер матнеро меорам, ки вақти амри маъруф кардани имомхатиби яке аз масҷидҳои ҷомеъамон дар телефонам навиштам. Соат […]

  • 22.02.2019

Дар Душанбе фоҳишахонаи хитоию ветнамӣ  ошкор шуд

 Ҳу Вен Данг Ми ва Ван Вен Мин рӯзи 3 декабр се зан аз Ҷумҳурии сотсиалистии Ветнамро бо роҳи фиреб ва бо ваъдаи ҷои кор дар як тарабхона дар Русия тавассути шаҳри Алма-Ато ба Душанбе, ба хонаи иҷорагирифтаашон дар кӯчаи Шедрин оварда, дидаю дониста ба асорати қарзӣ гирифтор кардаанд. Онҳо хонаи Баҳриддин Қудратовро, ки барои истифода […]

  • 22.02.2019

Хатлон: 27 маркази инкишофи кӯдак аз фаъолият боз монд

Бо сабабҳои гуногун дар оғози соли 2019 27 маркази инкишофи кӯдак дар вилояти Хатлон баста шуд. Ба иттилои масъулони Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар соли 2018 теъдоди ин марказҳо ба 740 адад ва фарогирии кӯдакон 17881 нафарро ташкил медод. Дар ҳамин замина манбаъ иттило медиҳад, ки ин шумора дар соли таҳсили […]

App Banner