• 21.12.2018

10-ГОНА. «Помир Энерҷӣ» чӣ иқтидор дорад?

Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёздаҳ неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обиро фаро мегирад, ки аз онҳо даҳтоаш айни замон мавриди истифода қарор доранд. НБО-И «Помир-1» — сохтмони НБО-и «Помир-1» солҳои 1980-и асри гузашта оғоз ёфта, соли 1994 навбати аввали он, яъне ду дастгоҳи нахустин бо иқтидори 14 МВт ба истифода дода […]

  • 21.12.2018

Департаменти фурӯш. Аз низоми биллинг то коҳиши талафоти барқ

Департаменти фурӯш ва маркетинг дар сохтори Ширкати “Помир Энерҷӣ” бахши муҳим ба ҳисоб рафта, барои муштариёни ВМКБ дар таъмини қувваи барқ нақш мегузорад. Вазифаи асосӣ дар назди Департамент ин кам кардани талафоти қувваи барқ, ҷамъоварии маблағ  ва кор бо муштариён мебошад. Отамшо Хушқадамов, директори Департаменти фурӯш ва маркетинг вобаста ба фаъолият ва дастовардҳои ин сохтор […]

  • 20.12.2018

«Ҳукумат»-и фаъол ва ғайрифаъол

То кай мардум хабарҳоро аз чойхонаву масҷид мешунаванд? Аз раисе пурсидем: -Дар ноҳияи шумо ҳукумати электронӣ фаъолият дорад? -Албатта дорад! -бовиқор галстукашро ба тартиб дароварда гуфт ӯ. Як нафас ба чеҳраи ӯ ором нигаристанамон магар боиси изтиробаш гашт, ки аз зери шишаи рӯи мизаш қоғазчаи бо қалам дар он суроға навишташударо берун оварда пурсид: -Ҳамин […]

  • 13.12.2018

Карим Оғохон 82 сола шуд

  Пайравони мазҳаби Исмоилия рӯзи 13 декабр зодрӯзи 82-юми имоми ин мазҳаб шоҳзода Карим Оғохони чорумро ҷашн мегиранд. Оғохони IV 13 декабри соли 1936 дар Швейтсария ба дунё омада, аз соли 1957, инак 61 сол боз роҳбарии исмоилиҳои дунё, аз ҷумла роҳбарии пайравони ин мазҳаб дар Бадахшони Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Ӯ яке аз пурнуфузтарин намояндагони ҷаҳони […]

  • 29.11.2018

“Мишел”-ро аз фурӯдгоҳ дастгир карданд

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 ноябри соли 2018 шаҳрванд Азратқулов Мунъим Соҳибқулович, бо тахаллуси «Мишел», 15.03.78 с/т, зода ва сокини ноҳияи Шуғнон, Ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаи Даштак ҳангоми фирор намудан ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Шаҳрванд Азратқулов М.С. санаи […]

  • 27.11.2018

Кимиёи дар Хоруғ захмбардошта духтари Мазоров будааст

Кимиёи Хурсанд, духтари 12-солаи Хурсанд Мазоров, яке аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор дорад. КДАМ қаблан хабар дод, ки Муслим Зикиллобеков, як сокини 22-солаи маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ шаби 24 ба 25 ноябр дар ҳолати мастӣ ва бо суръати баланд мошин ронда, аввал дар кӯчаи Шоҳқирғиз мошини корманди милитсияро зада, […]

  • 26.10.2018

Бадахшон: 16 рӯзи роҳбарӣ, 16 дақиқаи суханронии Ёдгор Файзов

Биёед мардак барин суҳбат кунем! Чунин буданд аввалин суханони иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ширкаткунандагони Ситоди амниятӣ, ки 16 октябр дар шаҳри Хоруғ-маркази ВМБК баргузор гардид. Магар то ин дам суҳбати мардона бо гурӯҳҳои ғайрирасмии ин минтақаи Тоҷикистон набуданд? Буданд, вале тавре ки раиси навтаъин гуфт, ҳама  ким-чиро пинҳон мекарданд, […]

  • 22.10.2018

Пракурори генералӣ: Чаро мардумро гуш намекунед?

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти давлатиро дар бетафовутӣ нисбати муроҷиату мушкилоти сокинони ВМКБ айбдор хонда, инчунин сатҳи пасти дониши хонандагон дар вилоятро мояи нигаронӣ донист Ятимов: 6 гурӯҳи ғайрирасмии  Бадахшон иттиҳодия ҷиноятианд Юсуф Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону масъулини ВМКБ изҳор дошт, ки бетафовутии мақомоти давлатӣ ба муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ боис […]

  • 17.10.2018

Файзов: Барои истифодаи қувва зарурат намондааст

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон, гуфтааст,ки  барои истифода аз нирӯи низомӣ дарБадахшон зарурат нест  ва силоҳҳои боқимонда ихтиёрӣ супурда мешаванд. «Дар дасти сокинон яроқ нест, аммо дар дасти гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ аст. Корҳо хуб ҷараён дорад ва ҳоҷат ба истифодаи нерӯ нест. Имконият ва ақли солим ҳаст ва ягон ҷойи мушкил нест. Танҳо […]

  • 10.10.2018

Яроқсупорӣ дар Хоруғ

Дар РВКД Бадахшон, баъд аз танқиди президент дар шаҳри Хоруғ аз аҳолӣ беш аз 100 мил силоҳ ҷамъ овардаанд. Аҳолӣ силоҳҳои худро ихтиёран дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ супурдааст. То ин муддат танҳо як мавриди муқобилият сабт шудааст, ки  чанд рӯз пеш мақомоти милитсия сокини 25-солаи Хоруғ Соҳибназар Имомназаровро дастгир карданд. Аз даруни мошини сиёҳшишаи ӯ […]

  • 01.10.2018

Раиси ВМКБ иваз шуд

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод намудани Шодихон Ҷ. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Шодихон Ҷамшед бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 1 октябри соли 2018 №1110 […]

  • 28.09.2018

Шикори 95 Марко Поло бо 45 ҳазор сомонӣ барои ҳар сар

Соли равон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикори  95 сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло, 12 сар бузи пармашох (морхӯр), 6 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал)  ва 10 сар хирси малла (дар ҳолати таҳдид ба сокинони маҳалҳои аҳолинишин) квота ҷудо гардид. Дар ин бора сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи […]

  • 24.09.2018

Марги тасодуфии донишҷӯ

Рӯзи якшанбе  мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо фоҷиа анҷом ёфт. Донишҷӯи соли чоруми донишкада  Шарипов Рустам Ҳусниддинович, соли таваллудаш 1997, зодаи деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари як тасодуф дар майдони футбол ба ҳалокат расид. Дар донишкада байни донишҷӯён мусобиқаи футбол баргузор карданд. […]

  • 13.08.2018

КҲФ гуфт: 13 кӯҳнавард ва 3 сарнишини чархбол зиндаанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи 13 кӯҳнавард ва 3 сарнишини чархболе, ки рӯзи гузашта дар поёноби пиряхи Фортабек дар ҳудуди ноҳияи Лахш ба садама дучор шуд зинда ҳастанд. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи кумита 13 август гуфт, ки хабари бархӯрди ин чархбол ба кӯҳ иштибоҳан нашр шуда ва ҳама сарнишинони он саломат мебошанд Вай афзуд, ки […]

  • 13.08.2018

Ба кӯҳ бархӯрдани чархболи кӯҳнавардон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯд, ки чархболи ҳомили кӯҳнавардон ҳини бозгашт дар поёноби пиряхи Фортамбек дар ҳудуди ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин), ба кӯҳ бархӯрдааст. Бино ба хабарҳои аввалия, чархболи МИ-8 соати тақрибан 16:30 дақиқаи рӯзи якшанбеи 12-уми август замоне ба садама дучор шуд, ки кӯҳнавардонро баъди расидан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ, ба қароргоҳашон бармегардонд. Қуллаи […]