• 22.02.2019

Хатлон: 27 маркази инкишофи кӯдак аз фаъолият боз монд

Бо сабабҳои гуногун дар оғози соли 2019 27 маркази инкишофи кӯдак дар вилояти Хатлон баста шуд. Ба иттилои масъулони Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар соли 2018 теъдоди ин марказҳо ба 740 адад ва фарогирии кӯдакон 17881 нафарро ташкил медод. Дар ҳамин замина манбаъ иттило медиҳад, ки ин шумора дар соли таҳсили […]

  • 20.02.2019

Ваъдаҳо ба Президент: корхонаи “Нуриҳои Осиё” ба он вафо накард

Калонтарин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар вилояти Хатлон мувофиқи ваъда бояд  1-уми феврали соли 2018 ба истифода дода мешуд ва наздики 1000 нафар бо ҷойи кор таъмин мешуданд. Аммо бо гузашти як сол фаъолияти ин корхона аз ҷониби сармоягузори чинӣ ба таъхир меафтад. Чаро? Ширкати ваъдахилоф Мутобиқ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва […]

  • 18.02.2019

Ронандаи маст 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Суди ноҳияи Ёвон сокини ҳамин ноҳия Аскар Наботови 32-соларо дар асоси моддаи 337-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи чорсад нишондиҳанда, баробар ба 20 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима намудааст. Ин ҳуқуқвайронкунӣ дар таҷрибаи ронандагии Аскар Наботов бори аввал набудааст. Ӯ соли 2017 аз тарафи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо моддаи […]

  • 17.02.2019

Се мурда дар се садама

Рӯзи 15-уми феврали соли 2019, тахминан соатҳои 11:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-3507», Каримов Равшан Раҳимович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Конибодом, ронанди корхонаи воҳиди давлатии «Нури нав-2016», ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Кучкаки ҳамин шаҳр, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрони ноболиғ, Зикриёев Фарҳодҷон Зокирович, соли таваллудаш 2008, сокини деҳаи Кучкакро, ки аз тарафи […]

  • 13.02.2019

Пахтадуздон дастгир гардиданд

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус бо ариза роҳбари сехи пахтатозакунии ҶДММ “Тоҷи Ардашер” муроҷиат намудааст, ки шаби 10-уми феврали соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи шикастани қулфи дар вориди сехи ҶДММ “Тоҷи Ардашер”, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Шаҳритус шуда, аз он ҷо 1420-кг пахтаро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7952-сомониро ташкил медиҳад. […]

  • 12.02.2019

Хатлон: Фавти се узви як оила аз дуди ангишт

Се узви як хонавода дар ноҳияи Кӯшониён бо эҳтимоли зиёд бар асари хориҷ шудани дуди ангишт дар хонаи худ ҳангоми хоб фавтидаанд. Ҳодиса шаби рӯзи 10 ба 11-уми феврал рух додааст ва ҷасади падар Зокир Шокирови 49-сола, писараш Анас Шокирови 19-сола ва духтараш Мадина Шокироваи 18-соларо ҳамсояҳо субҳи рӯзи 11-уми феврал аз хонаи хобашон пайдо […]

  • 08.02.2019

Инфрасохтори сайёҳӣ беҳбудӣ мехоҳад

“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест”. (Иқтибос аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ […]

  • 08.02.2019

Бохтар ободу зебо гардида истодааст

«Соли 2021 мо ҷашни бузурги 30–солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем. Мо барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтаем». (Иқтибос аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) Имрӯзҳо 124 нафар корманди идораи хоҷагии манзилию комуналии шаҳри Бохтар ба истиқболи ҷашни бузурги 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба […]

  • 08.02.2019

Бунёди боғу токзори нав дар Хатлон

“Илова бар ин, зарур аст, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ мунтазам зиёд карда шавад”. (Иқтибос аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) Тибқи нақшаи дурнамо, дар назар аст, ки соли 2019 дар майдони 1010 гектар замини ҳудуди вилояти Хатлон боғ ва 97 гектар токзори нав бунёдт гардад. […]

  • 02.02.2019

Судшуда зарфи оҳанини 10-тоннагиро дуздид

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун марди 58-солаи сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун муроҷиат намудааст, ки рӯзи 16-уми январи соли 2019, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз назди роҳи автомобилгарди деҳаи Панҷи поён 1-адад зарфи оҳанини ғунҷоишаш 10-тоннагӣ (сестерна), ки арзишаш 10 000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз […]

  • 29.01.2019

Кумак ба эҳтиёҷмандон

“Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем”, иқтибос аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар доираи дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршуда вобаста ба дастгириҳои шахсони бесарбонмондаву эҳтиёҷманд […]

  • 28.01.2019

Қаллобзани судшуда боздошт шуд

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи зодаи ноҳияи Рашт, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи июни соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор, марди 38-солаи сокини шаҳри Бохтар […]

  • 25.01.2019

Дастгиршавии дуздону ғоратгарон

Дуздии гуруҳӣ ошкор гардид Дуздӣ — кирдори ношоистаи шахсонест, ки барои ба даст овардани манфиати шахсӣ ба дигарон зарари маънавию равонӣ ва иқтисодӣ мерасонанд. Ин ашхос бо мақсади ба даст овардани пули муфт ва ҳирси бе заҳмат соҳиб шудан ба маблағи дигарон даст ба кирдорҳои хилофи қонун мезананд. Зимни пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз […]

App Banner