• 11.06.2019

Баҳром: Маъюбонро одам намеҳисобанд! (Видео)

Ахмедов Баҳром сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва маъюби гурӯҳи I-ум мебошад. Сабаби маъюбиашро духтурон дар никоҳи хешутаборӣ донистаанд.

  • 10.06.2019

Президенти Туркия дар арӯсӣ … шоҳиди домод шуд (Видео)

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар маросими арӯсии Месут Озил, футболбози маъруфи турктабори дастаи “Арсенал”-и Лондон нақши шоҳиди домодро иҷро кард.

  • 01.06.2019

Ашки модар ва орзуи тифлони маъсум (Видео)

Бахшида ба рӯзи байналмилалии кӯдакон мо хабарнигорони сомонаи Tajikistantimes.com ба “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб”-и Чорбоғ, ки дар ноҳияи Варзоб воқеъ аст, дидан намудем.

  • 29.05.2019

“Кӯмак кунед то бо дӯстдоштаам якҷо бошам!”(Видео)

Замира маҷбур шуд, ки бо дӯстоштааш хомхоба шавад то ин ки волидонаш ба оиладоршавии онҳо розӣ шаванд. Падараш ӯро се моҳ дар хона махкам мекунад, тифли дар батнаш бударо исқоти ҳамл менамояд, таҳдид ба ҷони худи ӯву шавҳараш мекунад.

  • 28.05.2019

Қабри боҳашамат ба ҷаннат мебарад ё дӯзах? (Видео)

Андозаи як қабр набояд аз 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳно бештар бошад. Санги хотиравӣ болои гӯрҳо низ набояд аз 1,5 метр баланд бошад.

  • 25.05.2019

Як сирри то ҳанӯз нокушодаи Лоиқ Шералӣ (Видео)

Муҳаммадраҷаб Шарифзода, мудири бахши фарҳанги ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ва ҳамсабақи Лоиқ Шералӣ дар зодрӯзи ин шоири маъруф дар мусоҳиба бо сомонаи Tajikistan Times аз замони ҳамсабақӣ дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент, шеърҳои нахустину даврони ошиқии Лоиқ ва ҳамнишиниҳо, ҳатто моҷарою занозаниҳо пас аз сархушӣ қисса кард. Ба гуфтаи вай, баъзан пас аз нӯшидани чанд қадаҳ […]

  • 20.05.2019

Гардимо: 4 фарзанди маъюб, набераи беҳуҷҷат, хонаи иҷора ва зиндагии бенафақа насиби ман аст… (Видео)

Дигар мубориза бурдан наметавонам. Намедонам ояндаи фарзандонам чӣ мешавад? Ҳаёти Идрисҷон то ба кай дар хиёбонҳои шаҳр мегузарад?

  • 17.05.2019

Рӯзи 18-уми май толорҳои холии Осорхонаи миллӣ пур мешавад (Видео)

18 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи байналмилалии «Шабе дар Осорхона» баргузор менамояд.

  • 15.05.2019

14 паканаи театр дар кӯча ҳайрон (Видео)

“Афсона” ягона театри бачагонаест, ки аз 5 апрели соли 1991 арзи ҳастӣ дорад ва дар он танҳо ҳунармандони кӯтоҳқомат фаъолият мекунанд. Аммо дар 28 соли фаъолият ин театр то ба ҳол ҷойи доимӣ надорад.

  • 14.05.2019

Нозия ва Муҳаммадрафии Кароматтуло консерт медиҳанд!

Муҳаммадрафии Кароматулло бародари Нозияи Кароматулло дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори Tajikistantimes.tj тасдиқ кард, ки вай ҳамроҳи Нозия барномаи консертии хешро таҳти унвони «Ду ҳамсадо» дар Қасри ҷавонони ба номи Лоик Шералии шаҳри Хуҷанд баргузор менамоянд.

  • 10.05.2019

“Гулӯямро буғӣ карда бо бел заданд” (Видео)

Фарзандам ва ман маъюби гурӯҳи I-ум ҳастем, аз оилаи камбизоат мебошем, ба мо кӯмак намоед. Инҳо ба хотири як порча замин моро ором намегузоранд. Духтари лахти ҷигарамро имрӯз ба ин аҳвол расонида, амволи хонаамро оташ заданд. Куҷо шуд қонун, ки шумо ба мо камбағалон нигоҳ намекунед? Маъюб шуда назди шумо қонундонҳо гунаҳкор шудем?

  • 09.05.2019

Суҳбат бо собиқадори 95-солаи ҶБВ Табаров Қумриддин (Видео)

Тули ду сол аст падарарӯсам дар хонаам зиндагӣ дорад, аммо ягон рӯзноманигор ва ё журналист наздашон барои суҳбат наомадааст. Бо ҳамин мақсад мо дар сомонаҳои интернети номи бобои Қумриддинро навиштем то ягон маълумоте пайдо намоем, мутаассифона танҳо “Радиои Озодӣ” дар соли 2015 якчанд ҷумлае аз забони он кас навиштааст.

App Banner