• 23.04.2018

«Захми забонҳо»-и Ҷӯрабек ва Ҷонибек Муродовҳо (видео)

 Ҷурабек Муродов, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар саҳфаи шахсияш аз интишор шудани дуэти навашон бо писараш ҳунарманди маъруфи эстрада Ҷонибек хабар дод. Суруди мазкур захми забон ном дошта, матнаш ба шоири шаҳир Сафармуҳаммад Аюбӣ тааллуқ дорад. Ба иқрори ин шоири шаҳир дар сабтҳои замони зинда буданаш аксари шеърҳои панду ахлоқии ӯ дар пайрави аз «Маснавии […]

  • 28.03.2018

 Шифои сил вақт талаб мекунад (ВИДЕО,АУДИО)

«Реҷаи кӯтоҳмуддат» усули нави табобати бемориҳои сил дар кишвари мо мебошад, ки шахси бемор дар муддати нуҳ моҳ пурра муолиҷа мешавад ва барои атрофиён нафари бехавф боқӣ мемонад. Ҷои пӯшида нест, ки беморони силдошта муддати ду сол табобати бетанаффус, яъне шаш моҳ дар бемористон ва баъдан дар шароити хона, таҳти назорати духтурон қарор доштанд. Шурӯъ […]

  • 28.03.2018

Фарзона ҷудошавияшро тасдиқ кард (Видео)

Овозхони шинохта Фарзонаи Хуршед ҷудо шуданаш аз Фаридуни Хуршедро расман тасдиқ кард. Фарзона дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт: «Ману Фаридун аз ҳам ҷудо шудаем ва дигар зиндагии якҷоя надорем. Имрӯз байни мо ба ҷуз дӯстӣ дигар чизе нест. Фаридун ҳар гоҳе хоҳад, омада аз аҳволи Закия ва Муҳаммадхуршед хабар мегирад.” Овозхонҳои шинохтаи тоҷик Фарзонаи Хуршед […]

  • 21.03.2018

Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Ваҳдат (аксҳо ва видео)

Имрӯз, 21-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар ҳамоиши  бошукуҳ раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода, Раҷабалӣ Сайвализода, раиси Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Ҷамшед Муртазоқулов, вакили парлумон  ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Дар оғоз раиси шаҳри Ваҳдат ва ҳайати меҳмонон аз […]

  • 14.03.2018

7 кишвар дар Душанбе: Ҳафтаи мӯд шуруъ шуд (Видео)

Шоми дирӯз дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенси» барномаи пуршукуҳи «Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон» баргузор гардид. Ин шом дизайнерони Италия, Грузия, Тоҷикистон ва Қазоқистон коллексияи либосҳои худро ба намоиш гузоштанд. Лоиҳаи мазкурро оҷонсии рекламавии «Тайрон», роҳандозӣ намудааст. Чунин чоробинии бошукуҳ, дар Тоҷикистон бори аввал баргузор мешавад ва он ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои миллӣ бахшида шудааст. Ҳамчунин […]

  • 10.03.2018

Фирори бобарори Маҳмаднаим аз ДИИШ (Видео)

Ҷӯрабеков Маҳмаднаим, зодаи ноҳияи Нуробод пас аз фирор аз сафи нерӯҳои ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом) ба Ватан баргашт ва мақомоти кишвар бар асоси эзоҳи 1 ба моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии кишвар ӯро авф намуданд. Ӯ феълан дар озодист ва аз саргузашти афсонамонанду даҳшатбори худ ба мо қисса мекунад. Маҳмаднаим амсоли даҳҳо ҷавонони тоҷик бо […]

  • 10.03.2018

Таронаи муштараки Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев дар «Шоми дӯстӣ» (Видео)

Суруди «Замон, замони мост» (Замон бизники) тоҷикиву узбекӣ садо дод. Аҳли толор, аз ҷумла сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ҷой бархоста то анҷоми тарона қарсак заданд  Рӯзи гузашта, 9 март дар «Кохи Борбад» бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистону Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, ҳамчунин ҳайъати Узбекистон ва зиёиёни тоҷик консерти «Шоми […]

  • 10.03.2018

Тӯҳфаи Нигина Амонқулова ба бонувони тоҷик (Видео)

Овозхони шинохтаи тоҷик Нигина Амонқулова рӯзи иди бонувон – Рӯзи модар таронаи наваш бар пояи шеъри машҳури Озар Салим «Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт”-ро пешкаши мардум кардааст. Нигина дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук навишт, ки ин таронаро ба бонувон ва модарони меҳрубон мебахшад. Шеъри машҳури шоири тоҷик Озар Салим бо номи «Модар фаришта […]

  • 05.03.2018

50 солагии фаъолияти эҷодии Савринисо Сабзалиева (Видео)

Нимаи аввали имрӯз соати 11 дар толори консертии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода 50 солагии фаъолияти Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева дар толори консертии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода ҷашн гирифта шуд. Ин ҷамъомади бошукӯҳро сухани ифтитоҳии ректори ДДФСТ, Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор Идиев Х.У ҳусни оғоз бахшид. Барномаи […]

  • 02.03.2018

Соҳибкори тоҷик чемпиони Амрико шуд (Видео)

Якшанбеи гузашта  аз ахбори телевизион мужда расид, ки варзишгари ҷавони тоҷик Ҷовидон Сорбон дар як мусобиқаи байналмилалии муҳорибаҳои омехтаи  ИМА ҳарифи бразилиягиашро мағлуб сохта, унвони чемпионии ин кишвари орзуҳо сарфароз гардидааст. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе  Ҳофизи мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев  ва қиблагоҳаш — Нависандаи халқии Тоҷикистон  Сорбон ва наздикону мухлисон таҳти мусиқии миллӣ ботантана пешвоз […]

  • 27.02.2018

Вундеркинди 3-сола аз Урметан (Видео)

Нӯъмонҷони Хотирмурод аз деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ бо дониши фавқулоддааш ҳамаро ба ҳайрат овард. Ӯ бо онки ҳамагӣ се сол дорад, пойтахтҳои ҳамаи кишварҳои дунёро медонад. Дар як видео Нӯъмонҷони сесола пойтахтҳои кишварҳои қораҳои гуногун – аз Аврупову Осиё то Африқо ва Амрикои лотиниро бе ягон хато номбар мекунад. Видеои ҳайратовари ин кӯдаки тоҷикро амакаш […]

  • 26.02.2018

Даниел Рустам Русияро ба ҳайрат овард (Видео)

Ду ҳунарманди ҷавони тоҷик дар поёни ин ҳафта бо ҳунарнамоии худ дар озмунҳои телевизионии Русия ҳамаро ба ҳайрат оварданд. Меҳрона Ғайбуллоева бо овози қавии худ ҳакамони озмуни «Ты – супер!”-ро дар шабакаи НТВ тасхир кард ва Даниел Рустам бо таронаи «All of me” – озмуни «Песни” дар шабакаи ТНТ инқилоб нишон дод. «Невероятная мощь! Красавица […]

  • 26.02.2018

Мадина Басаеваро лату кӯб карданд? (Видео)

Мадина Басаева, як духтари ҷавони тоҷик, ки бо видеоҳояш дар Ютуб ном баровардааст, бо нашри як видеои нав хабар дод, ки ӯро латукӯб кардаанд. Чанде пеш Мадина Басаева дар пайи нашри як видеое, ки дар он дар як дасташ китоби «Қуръон” ва дар дасти дигараш китоби «Инҷил” дошт, мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва таҳдид қарор гирифта […]