• 17.05.2019

Се занеро, ки барои пазироии президент омодагӣ медиданд, мошин зад

Ба гуфтаи шоҳидон ба занҳо дастур шуда буд, ки гулҳои атрофи роҳи калони мошингардро пеш аз сафари Шавкат Мирзиёев ба ин вилоят обёрӣ кунанд. Кортежи автомобилҳои Президенти Ӯзбекистон аз ҳамин роҳ мегузарад.

  • 16.05.2019

Нигарониҳо аз фаъолшавии ДОИШ дар Афғонистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор бо вазири хориҷаи Афғонистон ба мавқеъгирии ягонаи ҷонибҳо нисбат ба таҳдидҳои аслӣ, назири терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир таъкид кард.

  • 16.05.2019

Исроил 50 фаластиниро захмӣ кард

Дар натиҷаи эътирозҳои бахшиба ба 71-умин солгарди «Накба» (Рӯзи бадбахтӣ) дар марзи Исроил ва навори Ғаза ҳудуди 50 фаластинӣ захмӣ шуданд.

  • 16.05.2019

Вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон меояд

Дар назар аст, дар даҳрӯзаи сеюми моҳи май Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия бо як дидори корӣ вориди Душанбе шавад.

  • 15.05.2019

Раиси Кумитаи амнияти миллӣ истеъфо дод

Идрис Қодирқулов, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон истеъфо дода ва раиси ҷумҳури ин кишвар имрӯз, 15 май истеъфои ӯро пазируфт.

  • 15.05.2019

Як духтарча аз таркиши балони газ ҳалок шуд

Дар деҳаи Охалики шаҳри Самарқанд дар манзили сокини маҳалаи Ӯрташиқ балони газ таркида ва боиси марги духтарчаи сесолаи соҳибхона гардидааст.

  • 14.05.2019

Дарси… “Назарбоевшиносӣ” дар Қазоқистон

Як донишманди қазоқ пешниҳод кардааст, ки дар муассисоти омӯзишии Қазоқистон дарси нави “Назарбоевшиносӣ” ҷорӣ шавад.

  • 14.05.2019

Мирзиёев раҳбарони бонкҳои тиҷоратиро аз маош маҳрум кард

Бо фармони Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон маоши 5-моҳаи раисони бонкҳои тиҷоратии ин кишвар “ба фоида давлат бозгардонда шуд”.

  • 14.05.2019

Пулис дар Русия боиси марги зани тоҷик шуд

Дар шаҳри Клини вилояти Маскави Русия Гулбегим Раҳмоноваи 29-сола ба ҳангоми рейди пулис аз сактаи қалб ҷон дод.

  • 13.05.2019

Раҳбарони Русия ва Фаластин дар… Душанбе дидор мекунанд

Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Давлати Фаластин ният дорад дар моҳи июн дар шаҳри Душанбе бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дидору гуфтугӯ кунад.

  • 13.05.2019

«Манчестер Сити» қаҳрамони футболи Инглистон шуд

Дар ду соли ахир дастаи «Манчестер Сити» дар бозиҳои қаҳрамонии футболи Инглистон пайи ҳам ҷойи аввал ва медоли тиллоро соҳиб мешавад.

  • 13.05.2019

Наттоқи маъруфи телевизиони Афғонистон кушта шуд

Мино Мангал, наттоқи шинохтаи телевизион ва корманди Вулуси Ҷирга ё порлумони Афғонистон ба қатл расид.

  • 10.05.2019

Таҷаммӯъи мақомоти ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ дар Душанбе

13-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нахустин вохӯрии роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ оид ба масоили рушди авиатсияи граждании минтақа баргузор мегардад.

App Banner