4 миллион сом қарзи Абдигуловро бонк бахшид

ИҚТИСОД, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Бонки миллии Қирғизистон тасдиқ кард, ки ба раиси ин бонк Толкунбек Абдигулов барои харидани манзил қарз дода шуда буд.

Тибқи муқаррароти бонк, ин ниҳод иҷозат дорад, ки ба кормандонаш бо ҳадафи кумаки иҷтимоӣ қарз диҳад.

Дар сурати марг ё маъюб шудан ва ё барои саҳми чашмрас гузоштан дар рушди низоми бонкиву иқтисодии кишвар, Бонки миллӣ ҳақ дорад, ки қарзро бахшад.

Абдигулов дар соли 2015 барои харидани манзил 5,5 миллион сом аз бонки мазкур қарз гирифта буд. Баъдтар вай ба кори дигар гузашт. Ҳоло Бонки миллӣ боқимондаи 4 миллиону 824 ҳазор сом (муодили 7 ҳазор доллар)-и қарзи ӯро бахшидааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Оооооо. Зурку. Оё дар Тоҷикистон низ ҳамин тавр мешавад?

Leave a Reply