5 бизнес-ледии миллионери ҷаҳон

ИҚТИСОД, Наход, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Онҳо чӣ гуна сарватманд шуданд?

Имрӯзҳо зан дар ошхона дигар  ба қавле дар мӯд нест. Рӯз то рӯз идеали занҳо дигар шуда истодааст. Акнун бонувон дар баробари мардҳо дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд ва бархе аз онҳо ҳатто аз мардҳо ҳам муваффақтар ҳастанд. Зан дар сари чамбараки мошин, зан дар курсии роҳбари ширкатҳои мухталиф, зан бо шиму калтадоманаҳои классикии корӣ портфел дар даст дар нишасту ҷаласаҳо-ин аст намунаи бонувони муосир.

Имрӯз мо ба шумо дар бораи 5 зани муваффақи дунё ба истилоҳ “Бизнес-леди”-ҳои кордоне нақл мекунем, ки аз набард бо ҷанобон наҳаросида, ошхонаро ба идора иваз намудаанд. Ин бонувон бо ҷисми нозуки худ тамоми душвориҳоро пушти сар карда, тавонистанд ба қуллаҳои баландтарини ҳаёт бирасанд.

Барандаи телевизион миллионер шуд?!

Мақоми аввалро дар панҷгонаи занҳои сарватмандтарини дунё  барандаи телевизиони Амрико Опра Уинфри ишғол намудааст. Иқтисодшиносони ҷаҳон сарвати Опра Уинфриро 2, 7 миллиард доллар арзёбӣ намудаанд. Опра ягона хонуми миллиардери сияҳпӯст дар таърихи ҷаҳон мебошад. Уинфри молики медиа-холдинги бузургест, ки ба он ширкати телевизионии Oprah Winfrey Network ва маҷаллаи Oprah Magazine, ҳамчунин радиостансияи моҳворавии Oprah Radio дохил мешаванд. Ток-шоуи телевизионии Опра тӯли 25 сол намоиш дода мешуд ва меҳмони он чеҳраҳои аввалини Амрико ва ҷаҳон буданд.

Шоҳбонуе, ки нони қоқ мехӯрд

Дар зинаи дувум Эсте Лаудер қарор дорад. Эсте дар оилаи муҳоҷирон дар Ню-Йорк ба дунё омада, дар шароити қашшоқона ба воя расидааст. Вай фаъолияти кории хешро ҳамчун фурӯшандаи кремҳои натуралӣ барои рӯй оғоз намуда буд. Аллакай дар соли 2003 ширкати ташкилкардаи ин хонум бо номи Esteе Lauder шинохта гашта, дар байни ширкатҳои косметикии дунё мақоми намоёнро ишғол мекард. Даромади солонаи ширкати мазкур  4,74 миллиард долларро ташкил медиҳад. Сирри асосии бурдбории хешро Эсте дар ширкати таблиғотиаш мебинад. Маҳз Эсте санҷиши ройгони маҳсулоти косметологиро ба роҳ монда буд. Шиори машҳури ширкати Есте “Вақт тарафи шумо нест, аммо ман ҳастам” мебошад.

Математика занро бой мекунад?

Дар мақоми сеюм Индра Нуйи қарор дорад. Бо дидани образи кунунии директори генералии ширкати  PepsiCo Индра тасаввур кардан мушкил аст, ки замоне ин зани ҳиндӣ бо сарӣ ба мулоқотҳои корӣ мерафт, зеро барои харидани костюм пул надошт. Имрӯз аз рӯйи натиҷагирии маҷаллаи машҳури Forbes  Индра ба даҳгонаи занҳои сарватмандтарини ҷаҳон дохил мешавад. Даромади ширкати ин хонуми ҳинду 13 миллион долларро ташкил медиҳад. Шиори Индра дар зиндагӣ “ Илмомӯзӣ равшанӣ, наомӯхтани он торикист” будааст. Индра дар зодгоҳаш ба омӯзиши илмҳои дақиқ аз қабили математика, химия ва физика машғул шуда, пас аз хатми колеҷ ба Донишгоҳи итолиявӣ дар ИМА дохил шудааст. Ин зани чаққону доно  тавонист аз рақиби асосиаш ширкати машҳури  Coca-Cola гузашта, ширкаташро ба сатҳи даркорӣ бардорад.

Ҳунар доллар мешавад, агар…

Тамоми бонувони олам бо шамидани бӯйи хуши атри Шаннел ба ваҷд меоянд, аммо кам касон медонанд, ки Шанел дар ибтидо як духтари камбағал буд ва дӯзанда шуда кор мекарду дар тарабхонаҳо сарояндагӣ карда маблағ ба даст меовард. Коко зани қавиирода буда, ҳамеша ба сӯйи мақсад ҳаракат мекард. Маҳз туфайли ҳамин зан либоси бонувон тарҳи дигар пайдо карда, бисёр сабук ва дилкаш гашт. Ба шарофати либосҳои Шанел хонумон аз куртаҳои пур аз тӯр ва дигар қисматҳои вазнинкунандаи либос раҳоӣ ёфтанд. Куртаи сиёҳу кӯтоҳи Шаннел дар ҷаҳони мӯд машҳур шуда, номи Коко Шанел вирди забони зебопарастон  гашт. Ҳамин тавр бо кӯмаки ҳунар ва тахаюлоти рангинаш ин зан тавонист соҳиби империяи бузурги Chanel гардад. Даромади солонаи Коко аз хонаи мӯди Chanel наздики 1,089 млн.  доллар будааст.

 Баракат аз “Гари Потер”

Дар мақоми панҷум Ҷоанна Роулинг қарор дорад. Роулинг, зани сарватмандтарини Бритониёи Кабир, соҳибхоназани одӣ буд.  Навиштани китоби “Гари Потер” Ҷоаннаро ба яке аз занҳои таъсиргузортарини саёра мубаддал гардонд. Роулинг мегӯяд вақти навиштани ин асар дар фикри пулкоркунӣ набуд, вай танҳо мехост як китоби хуб нависад.

Аммо ин китоби хуб ба Ҷоан сарвати ҳангуфт ва ному маҳбубияти зиёде овард. Китоби дуввуми Роулинг “Случайная вакансия” бо  шарофати боварии хонандагон, ки аз мутолиаи “Гари Потер” ба даст оварда буд, ба бестселлер мубаддал гашт.

Ҷоанна мегӯяд “Агар зан ба кори хеш муҳаббат дошта бошад, ҳамеша метавонад мақоми худро пайдо кунад ва натиҷаи беҳтаринро ба даст оварад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply