ГАЗПРОМ ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ МЕҶУСТ: ГАЗ Ё..?

ИҚТИСОД

 

Латифа

Модар ба духтараш мегӯяд:

-Ту умуман дар бораи ояндаат фикр намекунӣ. Дарс намехонӣ, танҳо ба беҳудакорӣ машғулӣ. Ту чӣ кор карданиӣ? Наход орзӯи фаррошзан шуданро дошта бошӣ?

Духтараш, ки маҷаллаи интернетиро тамошо мекард, ба модараш гуфт:

-Бале, аммо фаррошзан дар Газпром!

«Шантажи газӣ»

Чанде пештар асари журналисти олмонӣ — Юрген Рот зери унвони «Газпром -империяи бадбахт» («Gazprom — das unheimliche Imperium») ҷомеаи Ғарбро ларзонд. Китоб дар нашриёти «Westend»-и Франкфурти лаби Майн нашр шуда, мазмуну мӯҳтавояш таҳқиқоти журналистиест, ки ҷиноятҳои хусусияти коррупсионии «Газпром»-и Русияро барои ташкили ҷиноятҳои бузург, минҷумла, сохтани инқилобҳо, эътирозу тазоҳуроти оммавӣ, пул барои зархаридон ва монанди инҳоро фош кардааст. Дар яке аз зерсарлавҳаҳои Юрген мехонем: «Чӣ тавр мо, истеъмолкунандагонро фиреб медиҳанду тамоми ҳукуматро шантаж».

Ҳамзамон, сайти интернетии www.tehnoprogress.ru бо Рот дар ин боб сӯҳбате комил барпо кардааст. Ӯ гуфтааст, ки ин ширкат мехоҳад, дар байни ҷамоҳири пасошӯравӣ ихтилоф андохта, ҳукм ронад…

«Баҳонаи газӣ»

Тавре маълум, моҳи январи с.2012 ширкати «Газпром»-и Русия аз идомаи корҳои иктишофӣ дар манбаи нафту газдори «Рангон» воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ даст кашид ва тасмим гирифт, ки ба ҷои он ҷустуҷӯи нафту газро дар манбаи «Нафтмайдон»-и шимоли кишвар шурӯъ кунад. Газпромдалели қатъи кор дар «Рангон»-ро мушкили ҷуғрофии ин минтақа хонда, гуфт, ки имкон дорад ин мавзеъ захираи саноатии нафту газ надошта бошад. Аммо он ҳангом Азим Иброҳим, раиси Саридораи геологияи Тоҷик (ҳоло муовини Сарвазир, раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишиҶТ) ба иддаои «Газпром» розӣ нашуда гуфт:«Ширкати «Газпром» дар ин мавзеъ то баҳол корҳои иктишофиро ба анҷом нарасонидааст ва наметавонад бигӯяд, ки дар ин ҷо захираи кофии нафту газ вуҷуд надорад. Ҳол он ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ ин минтақа манбаи ояндадор аз лиҳози захираи нафту газ ба ҳисоб меомад…».

Ба гуфтаи ӯ, далели даст кашидани ин ширкат аз «Рангон» шояд дар он буд, ки пажӯҳиши ин минтақа, ки кӯҳистонист, масраф ва хароҷоти бештарро тақозо мекунад. Аз сӯи дигар, пажӯҳиш технологияи ҷадидеро мехост, ки он замон «Газпром» дар ихтиёр надошт. Ба дунбол, «Газпром» низ гуфт, ки ба корҳои иктишофӣ беш аз $5 миллион пули иловагӣ талаб мекунад.

«Талаби газӣ»

Дар ибтидои моҳи феврали ҳамон сол «Газпром» аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки барои корҳои иктишофи нафту газ ширкатро аз андоз озод кунад. То ҳатто, сайти ин ширкат хабар дода буд, масъулини он дар мулоқот бо собиқ сарвазири Тоҷикистон — Оқил Оқилов дар ш.Душанбе ин дархости худро ироа карданд. «Газпром» бояд тибқи шартномае бо ҳукумати кишвар дар 4 мавзеи нафту газхези Тоҷикистон: Сариқамиш дар н.Шаҳринав ва «Шоҳамбарии шарқӣ», Саргазон дар н.Данғара, Рангон дар н.Рӯдакӣ ва Шоҳамбарии ғарбӣ дар н.Ҳисор корҳои иктишофии геологӣ анҷом медод. Кофтану парма кардани чоҳҳои газ бар дӯши корхонаи фаръии «Газпромзарубежнефт» аст. Масъулони ширкат ба Оқилов гуфта буданд, ки корҳои кашфу истихроҷи нафту газ хароҷоти зиёд дорад ва онҳо ба ин сабаб аз давлати Тоҷикистон хостори имтиёзанд. Сабаби дигари чунин дархости русҳо ин буд, ки эҳтимоли ёфт нашудани газ дар ин конҳои Тоҷикистон вуҷуд дошта, дар сурати наёфтани «ганҷ» сармояву меҳнат бар бод меравад. Онҳо зоҳиран ба Оқилов гуфтанд, ки агар аз андоз озод нашаванд ва давлати Тоҷикистон имтиёз надиҳад, аз идомаи корҳои иктишофӣ дар «Рангон»-у «Саргазон» худдорӣ мекунанд.

Захираи кони Сариқамиш дар н.Шаҳринав, 40-километрии ғарби Душанбе, ҳудуди 18 млрд. метри мукааб газ ва 17 млн. тонна нафт гуфта мешуд. Ва «Газпром»-у Душанбе ба тавофуқ расида буданд, ки 30%-и захираи Сариқамишро Тоҷикистон ва 70%-ашро ин ширкати русӣ бигирад. Равоншод Георгий Вадимович Кошлаков-геологи собиқадор ва ноиби пешини сарвазири Тоҷикистон гуфта буд, «риск дар ин тарҳ низ хеле бузург аст, чунки имкон дорад, аз ин чоҳ ягон захираи табиӣ пайдо нашавад.» Ширкати давлатии «Газпром»-и Русия ҳанӯз с.2003 бо имзои як қарордод барои 25 сол бо давлати Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳузурашро дар ин қаламрав тахмин кард.

Бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ он замон бархӯрди «Газпром»-ро як талаби ошкорои қатъии ин ширкат барои кашфи нафту гази Тоҷикистон номида буданд. Яъне давлати Тоҷикистон бояд ҳатман барои нафту гази худ, ки аз он «Газпром» дар оянда фоидаи ҳангуфт мегирифт, нозу нузашро «мебардошт» ва ё ин ширкат аз корҳои иктишофӣ даст мекашид. Оқилов ҳам дар баҳс паст наомада, аз масъулини «Газпром» хоста буд, ки ин ширкат барои оғози истихроҷи ҳарчӣ зудтари газ дар ин кишвар тадбир андешад. Дархости Оқилов воқеан ҳам ҷон дошт.

«Воҳимаи газӣ»

Алексей Миллер, раиси ин ширкат дар Тоҷикистон пас аз мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфта буд, ки захираи газ дар чоҳи «Шаҳринав-1» беш аз 60 млрд метри мукааб буда, барои солҳои зиёд ниёзи ин кишварро бо гази табиӣ бароварда хоҳад кард: «Ин чуқуртарин чоҳи газ дар қаламрави кишварҳои Муштаракулманофеъ аст, ки чуқурии он 6300 метрро ташкил хоҳад дод. «Газпром» барои иҷрои ин кор навтарин дастгоҳу таҷҳизотро насб кардааст. Мо аҳамият доштани гази худӣ барои Тоҷикистонро эҳсос мекунем. Бино бар иттилое, ки дар даст дорем, дар манбаи Сариқамиш аз 60 то 80 миллиард метри мукааб газ мавҷуд аст…».

Ба гуфтаи Миллер, дар сурати ба истифода додани захираҳои ин чоҳ сокинони Тоҷикистон дар муддати 50 сол бо гази худӣ таъмин хоҳанд шуд. Ӯ ҳатто гуфт, ки дар 2 соли оянда ин ширкат истихроҷи газро дар ин чоҳ оғоз мекунад. Солҳо гузашт, аммо ягон бӯе аз газ нашуд; зеро Газпром ҳамагӣ 2600 метр чоҳ кофт. Ва оё кофта буд ҳам???

«Пуштипозании газӣ»

Дар гузашта, Валерий Голубев, муовини раиси ширкати «Газпром» ҳини 1 сафар ба Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, ки ин ширкат барои кашфу истихроҷ дар 4 кони гази табиии Тоҷикистон ҳудуди $500 млн сармоягузорӣ мекунад: «Мо бо манзури кашфи майдонҳо ва теъдоди чоҳҳои газ тахминан баршумурдем, ки барои кашфу истихроҷ дар 4 кони гази табиии Тоҷикистон ҳудуди 500 миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Аммо ҳанӯз дар мавриди бунёди корхонаҳои коркарди газ ва лӯлаҳои интиқоли он рақами мушаххасеро гуфта наметавонем, ин барои баъд аст. Газпром маблағеро, ки барои анҷоми амалиёти кашфу истихроҷи гази ин конҳо сармоягузорӣ мекунад, асоси сармояи корхонаи муштарак хоҳад шуд, яъне арзиши конҳо саҳми Тоҷикистон ва сармояи барои кашфу истихроҷ харҷкардаи Газпром саҳми ин ширкат дар корхонаи муштараки тавлиди гази табиӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд».

Чаро баъд аз ин қадар ваъдаҳои газӣ «Газпром» аз идомаи корҳои иктишофӣ дар Рангону Саргазон рӯ тофт? Аммо вақте Тоҷикистон ба умқи бӯҳрони нафту газӣ ғелид, Газпром хабар дод: «Дар ин мавзеъҳо газ нест!» Ин ҷо чӣ сирре буд, ки надонистем?

Тарси Газпром аз ДИИШ?

Ин амали Газпромро бошад Аждар Аширович Куртов-коршиноси Донишгоҳи тадқиқоти стратегии Русия чунин шарҳ дода буд: «Дар аввал «Газпром» умед дошт, ки ба газу нафт даст хоҳад ёфт, аммо ноумед гашт. Тоҷикистон кишвари баландкӯҳ аст. Ин он маъноро дорад, ки қабатҳои карбогидрит дар чуқуриҳои хело калон ҷойгир шудаанд. Барои то ин қабатҳо чоҳ кандан, бояд сараввал сангҳои кӯҳиро буррид. Тамоми фаъолияти иқтисодӣдар кӯҳҳо, ба тадқиқотиҳамворӣ дида, қиматтар аст. Ба ҳамаи он нигоҳ накарда, ки дар қаъри замини Тоҷикистон қариб ҳамаиҷадвали Мендалеев мавҷуд аст, арзиши маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба маротиб аз молҳои дар дигар кишвар истеҳсолшаванда қиматтар аст. Дар масъалаи ҷуғрофӣ ин кишвар «кишвари баста» ба ҳисоб меравад. Истифодабарандагони гази табиӣ дар ҳамсоякишварҳо ҳатто мавҷуд нест. Гази табиии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, метавонад танҳо дар талаботҳои дохилӣ истифода шавад. Намунаи Қирғизистониҳамсоя бошад, нишон медиҳад, ки аҳолии кишвар ройгон гаштани қувваи барқ ва гази табииро хоҳишманданд».

Ҷанбаи сиёсӣ низ, ба ақидаи Куртов, ба қарори «Газпром» таъсир намуд. Вақтҳои охир кишвари Афғонистониҳамсоя ба давраи дигари бесуботӣ расид, зеро қувваи дигаре бо номи «Давлати исломӣ» пайдо шуд, ки тарафдорони ҳаракати «Толибон»-ро ба худ ҷалб мекунад ва мехарад. «Тоҷикистон дар марзи Афғонистон кишвари наздик аст. Таҳдиди доимии ҳуҷуми ҳарбӣ яке аз хатарҳои сиёсиест, ки онро ҳама сармоягузорон ба мадди назар мегиранд. «Давлати исломӣ» назар ба Толибон нақша дорад, ки дар ҳудуди собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, пеш аз ҳама дар кишварҳои Осиёи Миёна паҳн шавад. Гузаронидани иктишоф дар чунин шароит аз хатар дур нест», мегуфт Куртов.

Найранги Газпром

Ба назари коршиносон иллати аслии ваъдагурезӣ он буд, ки аслан «Газпром» хостори кушодани конҳои гази Тоҷикистон набуд. Зеро ширкат 1 ҳадаф дошт: минтақаҳои газу нафтхези Тоҷикистонро барои оянда банд кунад, то сармоядорони ғарбӣ ба онҳо даст нарасонанд!!!

Бубояд гуфт, ки нуқта ва ё харитаи нафту газҳои Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа кофта ва муайян карда шуда, конҳои бузурги газ ва ҳаҷми онҳо ба 850 миллиардметри мукааб мерасанд. Харита қотеъ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон газу нафт ҳаст! Вагарна ин қадар хараҷу мараҷи бемаънӣ барои 1 ҷумҳурии касоди мо баҳри чӣ буд? Ба ақидаи таҳлилгарон ба ин далел, «Газпром» аз идомаи корҳои иктишофӣ дар Рангону Саргазон худдорӣ кард, ки сармоягузорон лоиҳаҳои нимбудро қабул намекунанд, то сарҳисоби даромаду баромадро гум накунанд. Баъд аз худдории «Газпром» сармоягузорони хориҷӣ аз маблағгузорӣ дар ин чоҳҳо худро канор заданд; ин аксиома буд!

Аз сӯи дигар, коршиносон «Газпром»-ро чун ширкати ноӯҳдабаро ва аҳдшикан дар арсаи байналмилалӣ шинохтанд. Мисле, ки баъдан Эрон эълом кард, ки дар умури сохтмон ва истифодаи кони нафти «Озар» дигар бо ширкати русии «Газпром» ҳамкорӣ карданӣ нест. Аҳмад Ғолибонӣ, роҳбари ширкати миллии нафти Эрон гуфта буд: «…бо вуҷуди огоҳии чандинкаратаи ширкати нафти эронӣ, «Газпромнефт»-и русӣ ӯҳдадориҳои худро барои ҳамкорӣ ба дарозо кашид ва бино бар ин мо қарор додем, ҳамкориро қатъ намоем…».

«Инҳисороти газӣ»

Изҳороти Ғолибонӣ дар ҳоле буд, ки Сергей Жаворонков — эксперти Институти сиёсати иқтисодии ба номи Е.Гайдар дар сӯҳбат бо сомонаи buffett.ru гуфта буд, чун ҳамаи ин ҳолатҳо ошкор ва аҳдофи «Газпром» рӯшан мегардад: «Акнун дар Аврупо роҳҳои алтернативии воридоти газро бунёд мекунанд ва дигар ҳоҷат ба «Газпром» намемонад. Дар натиҷа дар бозорҳои Аврупо нархи гази газпромӣ ба ҳисоби миёна 1,5-2 маротиба поён меравад».

Ба гуфтаи ӯ, «Газпром» дар умури содири газ доимо ба муноқишаҳо рӯбарӯст. Ба ин маънӣ, гуфта мешавад, ки мушкилоти «Газпром» мушкилоти танҳо ин ширкат набуд ва нест. Кишварҳое, ки ба умеди содироти газу сӯзишвории «Газпром» бо ширкатҳои дигар шартнома надоранд, мушкилоти сангинтареро дучор мешаванд. Иловатан, нишонаҳое, ки Юрген Рот дар матлабаш таъкид кардааст, дар аксари кишварҳо «ҳамкориҳо бо Газпром» бо конфликт анҷом ёфта, оқибаташ ин мегардад, ки ширкат сӯзишвориро монополия мекунад. Дур намеравем. Барои мисол, дар Тоҷикистон ҳоло ҳам монополияи сӯзишворӣ дар дасти ин ширкат аст ва феълан 80% маводи сӯхтро «Газпром» ба Тоҷикистон ворид мекунад; ва акнун танҳо худаш ин ҳамаро мефурӯшад ва бо ин амал нуқтаҳои дигари бензинфурӯширо ё касод карда мегирад ва ё мехарад.

Чунин ба назар мерасад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ найрангҳои «Газпром»-ро дарк кард. Тибқи охирин рейтингҳои байналмилалӣ, асоситарин «дастоварди мардумӣ»-и Русия ширкати давлатии «Газпром» ба оҳистагӣ мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ аз даст медиҳад. Ба навиштаи нашрияи интернетии «Матбуоти озод», ба ин хотир, ширкати нафту газӣ сармоягузориҳояшро дар ҷаҳон кам мекунад.

«Мафияи газӣ»

Боз меоем сари таҳқиқоти Юрген Рот(ДАР АКС), ки аллакай дар фош сохтани ин навъи ҷиноёт 30 сол саҳм гузоштааст, асосан марбути ширкатҳои бузурганд. Кашфиёти ӯ на танҳо дар Олмон, ки дар кунҷу канори Аврупо шӯру валвала андохтаанд. Дар китоби «Газпром-империяи бадбахт» маҳз атрофи ин гуна ҷиноятҳо аз сӯи мафияи русӣ гап меравад. Рот дар сӯҳбат ба рӯзномаи немисии «Deutsche Welle» дигарбора тасдиқ кард, ки «Газпром» ширкати дуздсолори русист: «Ҳамаи мо медонем, ки «Газпром» яроқи сиёсӣва иқтисодии Русия аст. Ва ин аслиҳа ба муқобили давлатҳое истифода мешавад, ки ба шартгузориҳои онҳо розӣ нестанд».

Ҳолиё аён аст, ки чаро Газпром бо ишораи Кремл нархи сӯзишвориро барои Душанбе бардошта, барои Бишкек арзон мекунад?…

Юрген собит кардааст, ки ин ширкат моли В.Путин-садри Кремл ва гурӯҳе аз раҳбарони Хадамоти бехатарии федеролӣ буда, аксари амалиёти ҷинояткоронае, ки дар кишварҳои дигар аз сӯи «Газпром» ташкил шудаанд, тавассути онҳоянд. Рот рӯиҳамрафта Путинро символи дуздсолории Русия номида, рӯирост гуфтааст, ки бо дасти Газпром Кремл ҳарифони худро маҳв менамояд. Барои мисол, тақдири Юлия Тимошенко-сарвазири собиқи Украина, Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев-президентҳои нагунрафта ва фирории Қирғизистон далел овардааст. Юрген ҳамаи инро тасдиқ карда мегӯяд: «Таҳлили ҳаводиси чанд соли ахир дар кишварҳои пасошӯравӣ нишон медиҳад, ки ширкати «Газпром»-и Русия барои ҳукуматҳои ин кишварҳо талошҳое доштааст. Аз 1 сӯ, агар ниёзмандиҳои ин кишварҳо ба нафту газ ва маводи сӯхти русист, аз ҷониби дигар, ҳамон қудратхоҳии Маскаву мақомдоронаш, ки бо гузашти беш аз 20 сол аз пошхӯрии шӯравӣ ва дигаргуншавии ҷомеаҳо, ҳамоно мехоҳанд, ки ба ин кишварҳо таъсиргузор бошанд, ҳадафи Газпроманд».

«Инқилоби газӣ»

Вақте имрӯз ҳам қимати сӯзишворӣ дар Бишкеки ҳамсоя ба маротиб арзон асту дар Душанбе баракси он, чӣ тавр мардум нашӯрад? Вақте бензин аз қаламрави Қирғизистон ба берун қочоқ мешавад, Бишкек маҷбур аст, ки марзро ба рӯи ҳамсоя бандад. Дар натиҷа муносибати Тоҷикистон бо ҳамсояи осоиштатаринаш-Қирғизистон сард шудан дорад ва ин айёриҳои Газпром аст! Ин амали Газпром на танҳо дар байни мову Бишкек рахнаи тафриқа зад. Ҳамин найрангҳои Газпром Аскар Акаеву Қурбонбек Боқиевро аз тахт афканда, Юлияи украиниро ба маҳбас тела дода, дертар ба инқилобҳои Минску «оқ»-шавии Лукашенко аз ҷониби Маскаву Бруссел замина гузошт.

Баҳси газии Маскаву Минск дар с.2009 мисоли дигарест, ки дар пайи он 12 кишвари аврупоӣ бе газ монд. Ин баҳс барои Мински расмӣ пайомадҳои хеле ногувор овард ва то ҳол Лукашенко ба Аврупо ҷуброн мепардозад. Ин ҳама таҳримҳое, ки кишварҳои аврупоӣ ва пуштибонаш-СММ, Бонки Ҷаҳонӣ ва САҲА ба Белорусия бор карданд, натиҷаи амали хеле зираконаи «Газпром» буд. Баҳси мазкур барои газ боиси он шуд, ки ботадриҷ Аврупо нисбат ба Белорусия мавқеи «чап»-ро пеш гирифт. Ва бештари кишварҳои аврупоӣ ба Минск таҳрим эълон кардаанду вуруди худи президентро ба Аврупо манъ намуданд! Инқилоби газии «Газпром» дар Белорусия номуваффақ анҷом ёфт. Вале замина гузошта шуд. Дар 1 сӯҳбат президент Лукашенко ҳатто рӯирост гуфт: «Маскав ба ин васила мехоҳад, инқилоб кардаву нафари таҳти нуфузашро ба қудрат расонад…».

«Фишори газӣ»

То ҳамин 1 соли ахир барои Тоҷикистон низ соли хеле вазнин омад. То 7,50 сомонӣ боло рафтани 1 литр бензини навъи 93 ва дигар анвои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, ки асосан аз тасмимҳои Кремл вобаста буд, дар кишвар боиси нигарониҳои ҷиддӣ шуд. Дар с.2011 тибқи 1 қарор, В.Путин (он замон сарвазир!) танҳо ба ширкатҳои миллии Русия имтиёзи бо боҷи камтари гумрукӣ ворид кардани маводи сӯхтро дод. Аз ширкатҳои миллии русӣ «Газпром» дар бозори Тоҷикистон мавқеи густарда дорад. Ҳадаф ин аст, ки бояд ба ин васила «Газпром» таҳти нигарониҳои мардумӣ ба ҳукумати Тоҷикистон фишор орад, тавре ки дар Қирғизистон амалӣ кард. Сабаб ва роҳҳои фишор: марз, фурудгоҳи ҳарбии «Айнӣ», дивизияи 201, таҳти контрол гирифтани ҳукумати Тоҷикистон, ки замони ахир дар сар ҳавои Аврупо ва Амрикоро дошт, ба Душанбе роҳ наёфтани пойгоҳи низомии НАТО, қатъи дасти Пекин ба сармоягузории бештари иқтисодиёти Тоҷикон ва 1001 суду зиёни дигар буд.

Яккатозии газӣ

Александр Кременетский-масъули дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи Русия дар 1 посухи хаттӣ навишт, ки Русия ягон ширкати махсусро баҳри содироти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон бе пардохти боҷи гумрукӣ муайян накардааст. Зимнан коршиносон мегӯянд, вогузор кардани бозори маводи нафтии кишвар танҳо ба 1 ширкати хориҷӣ барои Тоҷикистон хавфнок аст. Ба қавли таҳлилгарон, яккадав шудани «Газпром” дар хариди маводи сӯхти дар доираи созишномаи Тоҷикистону Русия аҳамияти ин қарордодро барои Тоҷикистон камранг кард. Қарордоде, ки Тоҷикистон онро бар ивази зиёд кардани мӯҳлати будубоши базаи ҳарбии 201-и Русия ба даст оварда буд. Ҳарчанд «Газпромнефт” ягона ширкате боқӣ мондааст, ки имкони харидории сӯзишвории бебоҷро аз Русия дорад, аммо чун дар бозори Тоҷикистон яккатоз аст, бо чӣ нархе хоҳад, ба фурӯш мебарорад. Онҳо боло рафтани қимати бензин дар солҳои ахирро намуна меоранд, ки ба карат гарон шуд. Ин дар мавридест, ки «Газпром» 50,2%, беш аз нисфи бозори маводи сӯхти Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад. Аммо ин ширкат бо воситаи ширкатҳои дигари ҳампаймонаш то 90%-и бозори маводи сӯхти Тоҷикистонро назорат мекунад.

«Вобастагии газӣ»

Ба гуфтаи мутахассисон, ҳоло ҳам дар 2 мавзеъ-«Нафтмайдон» ва «Рангон» захираҳои зиёди нафту газ ҳаст. Бино бар омори расмӣ, Тоҷикистон беш аз 3 триллион метри мукааб газ ва ҳудуди 200 миллион тонна захираи нафт дорад. Ба эътиқоди коршиносони соҳа, Тоҷикистон бояд ба истихроҷ ва коркарди гази табиӣ аз конҳои дохилии кишвар рӯ орад, то аз вобастагии комили ҳамсоякишварҳо бираҳад. Зеро ба тамоми шикасту рехтҳо дар риштаи дӯстии Душанбею Тошканд «Газпром», хосса, раҳбарияти Кремл даст дошту дорад. Ба ҷуз ин, то кунун «Газпром» дар қаламрави Тоҷикистон на худ коре кард ва на гузошт, ки дигар ширкатҳои бурунмарзӣ низ ба ҷустуҷӯи нафту газ биоянд. Ба дигар маънӣ, Газпром кулли симҳои иртиботии нафту газии Тоҷикистонро буррида, ҳукумат ронданӣ буд: «Тоҷикистон фақат вобаста аз «Газпром» бошад!».

Ин буд ҳадафи Газпром, ширкате, ки дар таърихи мавҷудият ба ягон шарике садоқат нишон надодаасту мо ва ҳукумати мо бовар доштем, ки барои мо газ кофта мебарорад, боз аз чуқурии 6300 метр; Ман хоб будам, ё ҳукумати ман?! Русҳо он қадар гӯл нестанд ва моро низ гӯл намеҳисобанд.

«Сиёсати газӣ»

Ва ахиран: соле пеш «Газпром” корҳои иктишофӣ дар майдони Сариқамиш, воқеъ дарғарби Душанберо пурра қатъ карда, ба ҳукумати Тоҷикистон нома низ фиристод. МуродХол-сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ ин хабарро тасдиқ кард, аммогуфт,ширкати «Газпром” то ҳол далели қатъи корашро шарҳ надодааст. Баъдан,Игор Лякин-Флоров-сафири Русия дар Тоҷикистон, аз андозҳои баланд дар кишвар сӯҳбат кард. Дар идомаи сафир боз Газпром гуфт: «Мавсими ҷамъоварии ҳосил нархи бензинро гарон кард!”

Фирдавс Пӯлодӣ, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, «Газпром” дар гузашта ҳам як дафъа бо айни чунинбаҳона корҳои иктишофӣ дар майдони «Олимтой»-и н.Данғараро қатъ карда буд. Ӯ мегӯяд, инширкати русӣ дар ҳоле ба иктишофи конҳои газ мароқ зоҳир кард, ки ба бозори Тоҷикистон ширкатиканадагии «Тетис Петролиум” ворид шуда буд. «Ҳоло русҳо захираҳои кофии газу нафт доранд вачандон майл надоранд, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли ин маҳсулотро ба роҳ монанд, чунворидкунандаи аслӣ ҳоло худи онҳо ҳастанд. Ширкатҳои русӣ ба хотири рақобат бо ширкатҳои дигарбарои оянда ин конҳои газу нафтро банд карданд. Чун агар инҳоро ширкатҳои дигар мегирифт, ҷоибозори ширкатҳои Русияро дар ин ҷо танг мекард” меафзояд Пӯлодӣ.

«Умед-88» — қурбонии Газпром?

Феълан низ «Газпромнефт» ҳамчун ширкати русӣ расман дар рӯи коғаз яке аз ширкатҳои фаъол дарбозори сӯзишвории Тоҷикистон, аммо воқеан, умдатарин воридкунандаи маводи нафтист.

Тавре маълум, президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар поёни сафари дурӯзааш ба Маскав бо мақомоти Русия созишномаҳои ҳамкориро бо арзиши 12 миллиард доллар имзо кард… Путин низ гуфт, Русия аз Узбакистон 5 млрд. метри кубӣ гази табиӣ харида, ширкатҳои Газпром ва ЛукОйл дарУзбакистон тарҳҳои азимро роҳандозӣ мекунанд. Ҳоло дигар маълум нест, ки Газпроми кремлӣ барои дуруст кардани муносиботи сиёсӣ бо Тошканд чӣ тавр рафтор мекунад? Ва ё бо нишон додани иктишофи самимонаи газӣ ба равобити дӯстонаи Душанбеву Тошканд рахна мезанад? Шантаж ва бозии сиёсии Газпроми Русия дар майдони нафтии Тоҷикистон ва соири мамолики собиқи шӯравӣ барои аввалин бор нест. Ин найранги тиҷоратӣ ва сиёсии онро борҳо коршиносони ғарбӣ таҳлили воқеӣ кардаанд. Юрген Рот авлиё нест, аммо рост мегуфт! Зеро ба тахмину пиндори бархе аз иқтисодшиносони тоҷик, Раҷабалӣ Одинаев-директори боздоштшудаи «Умед-88» қурбони бозиҳои душанбегии Газпром дар Тоҷикистон шудааст!!!

 

«АХБОР»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply