«Орди барзиёд»-и аҳолиро мусодира мекунанд

ИҚТИСОД, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА

Мақомоти минтақаи шимоли Туркманистон дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли камбуди орд ҳастанд. Мақомот мехоҳанд, аз роҳи мусодира кардани «орди барзиёд»-и аҳолӣ ин мушкилро ҳал кунанд.

«Мақомот мехоҳанд манзилҳои сокинонро тафтиш карда, орди барзиёд пайдо ва онро мусодира кунанд», — мегӯяд як сокини вилояти Дашоғузи Туркманистон.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир як комисияи махсус сокинонро аз эҳтимоли мусодира шудани орд огоҳ мекунад.

Дар ин кишвар сар аз моҳи декабри соли 2017 норасоии орд мушоҳида мешавад. Дар баробари камбуди ин навъи маҳсулоти ғизоӣ, қимати он низ боло меравад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply