Райан Росс худрсолтарин миллионери ҷаҳон

ИҚТИСОД, Наход, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

“Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол” гуфтани халқ беҳуда нест. Миллионери хурдтарини ҷаҳон Райан Росс ҳамагӣ 9-сол дорад, вале дар умри кӯтоҳи худ боигарии фаровон ба даст овардааст. Шояд шумо гумон кунед, ки Райан писари ягон одами сарватманд аст ё боигариро аз ягон хеши наздик ё бобояш мерос гирифтааст, вале дар асл ин тавр нест. Ба хурдиаш нигоҳ накарда, ин бачаи доно тамоми боигариашро мустақилона тавассути донишу ҳунараш ба даст овардааст.

Бадбахтие, ки хушбахтӣ овард

Вақте ки Райан ҳамагӣ се сол дошт, ба сари оилаи онҳо якбора бадбахтӣ паси бадбахтӣ омадан гирифт. Падараш ҷойи корашро аз даст дод, бародари хурдиаш ба бемории вазнине гирифтор шуд, модараш бе муттако монда, намедонист сарашро ба кадом дар занад. Зани дар гирдоби зиндагӣ афтида пеши худ мақсад гузошт, ки ба хотири беҳтар кардани вазъи иқтисодии оилааш нозукиҳои соҳаи иқтисодро меомӯзад. Бо ҳамин ният вай ба мутолиаи китобҳои иқтисодӣ машғул шуд, то нозукиҳои корро омӯхта, тиҷорати худро ташкил намояд, аммо…

Кӯдаки доно

Райяни 3-сола ба модараш тақлид намуда, чанд мурғобӣ харид. Ҳаққу ҳамсояҳо аз паси мурғобиҳо давида гаштани Райанро бозии кӯдакона мепиндоштанд, падару модараш бошанд ҳайрон буданд, ки ин бачаи шӯх ин қадар парандаро чӣ кор мекарда бошад. Райан ба касею чизе аҳамият надода аз паси нигоҳубини мурғобиҳо шуд. Вай ҳар рӯз тухми 60 мурғобиро фурӯхта, аз ин ҳисоб 15 доллар даромади соф ба даст меовард. Ба ҷойи ӯ ягон кӯдаки дигар мебуд, шояд бо ин пул шоколад ё хурӯсқанд харида, бо завқ мехӯрд, вале Райан ҳаттто як доллари аз ҳисоби фурӯши тухми мурғобӣ ба даст овардаашро сарф накарда, пулашро тин ба тин ҷамъ мекард ва пасандоз менамуд…

Бизнесмени хурдакак

Вақте ки каме бузургтар шуд, вай аз паси калон кардани тиҷорат ва зиёд намудани даромадаш гашта, бо пули пасандоз кардааш дастгоҳҳои алафдаравӣ харид ва ширкати махсуси тоза кардани заминҳои наздиҳавлигиро ташкил намуд. Хизматрасонии мазкур барои як соат 20 доллар нарх дошт. Бо сабаби бисёр хурд буданаш Райан қобилияти мустақилона идора кардани дастгоҳи алафдаравиро надошт, вале ин бачаи ҳушёр ба зудӣ роҳи корро ёфта, наврасони аз худаш чанд сол калонро киро мекардагӣ шуд. Вай ба онҳо барои як соати корӣ 15 доллар дода, аз ҳисоби меҳнати ҳар як коргари кирояш дар ҳар як соат 5 доллар фоида ба даст меовард.

Минбаъд бо мақсади рушди ширкаташ Райан хизматрасонии дигар- обёрии (обпошӣ) газонҳоро ба роҳ монда, аз корафтодагон барои як соати кор 200 доллар талаб мекардагӣ шуд. Акнун вай ба коргаронаш барои як соати корӣ 100 доллар пул дода, нисфи дигари маблағро ба ҷайби худаш мезад. Ҳамин тавр дар бадали шаш сол Райан Росс бо шарофати кордонию боақлиаш дороии бисёр ба даст оварда, ном баровард ва ҷавонтарин миллионери ҷаҳон эътироф шуд.

80-10-10-сирри муваффақият

Журналистони кунҷков аз ин миллионери хурдакак пурсидаанд:

-Мушкил набуд барои як кӯдак оғоз намудани соҳибкории мустақилона, охир ҳатто одамони калон аз ин кор меҳаросанд?

-Не, тамоман мушкил набуд, чунки падару модарам ба ман боварӣ доштанд,-гуфтааст миллионери 9-сола.

Дар идомаи суҳбаташ ин кӯдаки чашми кордон иқрор шудааст, ки аввалҳо дар корҳои мусоҳибот каме мушкилӣ мекашид, вале аз рӯйи принсипи модараш “80-10-10” корро ба роҳ монда, комёб гаштааст. Вақте ки сирри ин рақамҳоро аз Райан мепурсанд, хандида мегӯяд: “Ман бо маслиҳати модарам 80%-и даромадамро барои васеъ кардани тиҷоратам пасандоз намуда, 10%-ро ба ниёзмандон хайр мекунам, 10%- и боқимондаро барои эҳтиёҷотҳои шахсиам сарф менамоям.

Аз Райан Росс пурсидаанд:

-Ҳар як кӯдак метавонад мисли шумо сарватманд шавад ё барои ин қобилияти махсус лозим аст?

-Ин кори мушкил нест ва ҳар кӯдак, агар хоҳад миллионер мешавад. Асосаш бояд ба худ боварӣ дошта бошад. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки бо сабаби хурд буданашон аз дасти кӯдакон ягон кори бузург намеояд, вале ақл муҳим аст, на қуввату дармон. Дар коре, ки ҷисман аз уҳдааш баромада наметавонӣ, коргари кирояро ҷалб намуда, сарватманд шудан мумкин аст,-гуфтааст миллионери 9-сола.

Райан Росс командаи хоккейро мехарад?

 

Имрӯз Райан Росс соҳиби 6 бинои калон ва ду майдони калони хокей ва баскетбол буда, 400 китобро барои инкишофи фикрии хеш харидорӣ намудааст. Вай ният дорад, ки якчанд командаи хоккейро харидорӣ намояд.

 

Миллионере, ки телефон надорад

 

Райан новобаста аз миллионериаш як кӯдаки оддии 9-сола буда, бо ҳамсолонаш ба мактаб меравад ва шӯхию бозӣ мекунад. Миллионери хурдакак ҳатто телефони мобилӣ надорад. Падару модараш ба Райан иҷозат намедиҳанд, ки телефон харад. Онҳо намехоҳанд писарашон аз паси телефонбозӣ шуда, корҳои муҳими тиҷоратиашро фаромӯш созад.

Шаҳло Ниёзова


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply