Ҳукумат масалаи манзил барои оилаҳои серфарзандро баррасӣ мекунад

ИҚТИСОД, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон

Женис Қосимбек, вазири саноат ва рушди зерсохтори Қазоқистон пешниҳод кард, ки сохтмони манзил барои хонаводаҳои серфарзанд афзуда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот бо хабарнигорон Қосимбек рӯзи 6 январ гуфт, вазорати таҳти роҳбарии вай ин масъаларо дар ҷаласаи ҳукумат ба миён мегузорад.

«Мо барои афзудани сохтмон сармоя меҷӯем. Агар солона 700 хона сохта шавад, пас ҳоло бояд ин сохтмонро ду баробар афзоиш дод», — гуфт вай.

Дар ҳоли ҳозир 28 ҳазор хонавода дар навбати дарёфти манзил ҳастанд, хабар дод вазир.

Як рӯз пеш дар Остона бештар аз сад зан талаб карданд, ки вазъи иҷтимоии хонаводаҳои серфарзанд беҳ карда шавад. Онҳо баъди ҳалокшавии панҷ кӯдаки як хонавода дар оташсӯзие дар шаҳри Остона гирди ҳам омаданд.

Шаби 4 феврал дар шаҳри Остона дар оташсӯзии манзили зисти муваққатӣ панҷ кӯдаки як хонавода кушта шуданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply