YouTube  кӯдаки 6-соларо миллионер кард

ИҚТИСОД, Наход, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

 Одатан кӯдакон рӯзҳои дароз бо сару рӯйи пури чирк дар хоку лой ғилмида мегарданд, вале як писарчаи 6-солаи амрикоӣ аз ҳисоби шӯхию бозиҳояш чанд миллион доллар кор карда, ба қатори одамони сарватмандтарини ҷаҳон дохил шудааст. Маҷаллаи машҳури Forbes рӯйхати блогерҳои миллионери ҷаҳонро ба табъ расонидааст, ки Райани шашсолаи амрикоӣ дар зинаи шашуми он қарор дорад. Шояд шумо ҳайрон шуда гӯед, ки чӣ тавр дар ин замонаи душвор, ки аксари калонсолон ҳатто барои нони шиками аҳли оилаашон пул кор карда наметавонанд, як кӯдак миллионер мешудааст? Инак, асрори бизнеси ин  миллионери 6-соларо мекушоем

 

Бозие, ки шуҳрат овард

Вақте ки Райани зебояк сесола мешавад, падару модараш аз шавқи дил ҳар як шӯхию бозии ӯро дар видео сабт карда, дар YouTube мегузоранд. Саҳифаи Райан дар интернет “Ryan ToysReview” ном дошта, мухлисони зиёде пайдо кард. Кӯдакон мехостанд мисли ӯ бозича дошта бошанд, калонсолон хандаҳои зебои ин писарчаи шӯху дӯстрӯякро бо ҳавас тамошо мекарданд. Наворҳо тамоман одӣ буда, дар он чӣ хел бозӣ кардан, давидан, хоб кардан, оббозӣ кардани Райан тасвир ёфтаанд, аммо шахси банаворгиранда ниҳоят фантазияи бой дошта, лаҳзаҳои ҷолибу диданибобро сабт кардааст. Азбаски Райан чеҳраи зебо ва табассуми дилкаш дорад, миллионҳо одамон аз гӯшаю канорҳои гуногуни олам ба саҳифаи ӯ ворид гашта, бо шавқу завқи зиёд ин кӯдаки дилҷӯйро тамошо мекунанд. Кӯдакони тамоми рӯи дунё интизори видеоҳои нав ба нави Райан мешаванд, то бозичаҳои нави Райанро бубинанд. Волидоне низ ҳастанд, ки ба Райан тақлид карда, барои кӯдаконашон дар YouTube саҳифа кушодаанд, вале ягон кӯдак натавонист мисли ин бачаи аҷиб мухлис пайдо намояд…

11 млн доллар дар 1 сол

 Тавре ки гуфтем, Райан мултимиллионер аст ва мувофиқи ҳисоботи  Forbes дар рӯйхати блогерҳои бойтарини дунё дар зинаи шашум қарор дорад. Аз 1-уми июни соли 2016 то 1-уми июни соли 2017 ин кӯдаки шашсола аз ҳисоби YouTube 11 миллион доллари амрикоӣ ба даст овардааст.

Саволи сарнавиштсоз

Замоне ки Райан ҳанӯз саҳифаи худро надошт, ба кӯдакони дигар бо ҳавас менигарист ва мехост мисли онҳо бозичаҳои рангоранг дошта бошад, бозӣ кунад, давад, парад. Боре ӯ мисли одами калон оҳ кашида, аз модараш мепурсад:

-Очаҷон, барои чӣ ман мисли дигар бачаҳо дар  YouTube нестам?

Ин саволи кӯдак волидонашро маҷбур месозад, ки Райанро ба мағозаи кӯдаконаи Lego баранд. Дар мағоза падару модараш Райанро озод гузошта, бо камераи телефонҳояшон чӣ тавр бозича интихоб кардани писарчаашонро сабт мекарданд. Баъди ба хона баргаштан наворҳоро монтаж карда дар YouTube гузоштанд. Он вақт волидони писарак ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки ҳамин як навори одӣ чанд миллион тамошобин пайдо карда, на танҳо ҳаёти фарзандашон, балки сарнавишти худи онҳоро низ куллан тағйир медиҳад…

100+5000000

Баъди  чор моҳи нашри аввалин видеои Райан волидонаш навореро бо номи “100+ cars toys GIANT EGG SURPRISE OPENING Disney Pixar Lightning McQueen kids video Ryan ToysReview” сабт карда, дар YouTube гузоштанд. Дар ин видео Райан бозичаҳои гуногунро санҷида, чӣ тавр ба кор даровардани онҳоро нишон медиҳад. Ин амалҳояш кӯдакро ниҳоят шуҳратманд гардониданд. Пас аз ин навор шумораи мухлисони писарак бо суръати кайҳонӣ афзуда, ҳар ҳафта ду баробар зиёд мешуд. Моҳи январи соли 2016 саҳифаи Райан дар YouTube ҳудуди як миллион тамошобин дошт. Ҳамагӣ дар як сол шумораи мухлисони ин бачаи доно панҷ баробар афзун гашта, муштариёнаш ба 5 миллион расиданд. Видеои машҳуртарини ин блогери ҷавон санаи 13-апрели соли 2016 нашр шудааст. Навор чунин мазмун дорад: Райан тухмҳои пинҳон кардаи модарашро меёбад ва онҳоро як-як шикаста, бозичаҳои дар дарунашон бударо гирифта, бо хурсандӣ бо онҳо бозӣ мекунад. Ин наворро дар YouTube зиёда аз як миллиард нафар тамошо карданд.

Ҳангоми дидани наворҳо дар зеҳни кас андешае пайдо мешавад, ки шояд хонаи ин кӯдак аз бозича пур бошад, вале дар асл чунин нест. Волидони Райан қисми хеле ками бозичаҳоро нигоҳ дошта, боқиро ба дӯстони писарашон тақдим мекунанд…

Райан Росс худрсолтарин миллионери ҷаҳон

Ҳам лаъл ба даст ояду…

Саҳифаи Райан дар YouTube ба тиҷорати оилавӣ табдил ёфтааст.

-Пештар ман дар мактаб дарси химия мегуфтам, шавҳарам бошад, сохтмончӣ буд. Ба хотири фарзандамон ҳарду корро партофта, танҳо аз пушти саҳифаи Райан ҳастем. “Аввалҳо таҷриба надоштем, вале бо мурури вақт чӣ гуна сабт ва монтаж карданро ёд гирифтем”,-мегӯяд  модари Райан.

Мақсади асосии волидони Райан аз сабти ин наворҳо пул кор кардан нест, онҳо мехоҳанд чӣ хел калон шудани фарзандашонро ба хешу таборашон нишон диҳанд. Аксари пайвандони ин оила дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанду имкони тез-тез ҳамдигарро дидан надоранд. Бо василаи YouTube онҳо Райанро мебинанд ва аз шӯхию бозиҳои ӯ завқ мебаранд. Падари Райан дар бора чунин мегӯяд:

-Мо писарамонро сабт карда, дар YouTube мегузорем. Наздиконамон бо ҳавас кӯдаки моро тамошо мекунанд. Фоидаи дигараш он аст, ки ин кор моро бо фарзандамон наздиктар месозад. Ба хотири наворгирӣ мо вақти зиёдамонро бо Райан мегузаронем…

Босси 6-сола

Имрӯз Райани шашсола бос аст, падару модараш бошад, мудом дар хизмати ӯ ҳастанд ва саҳифаашро пеш мебаранд.

-Мо наворҳои писарамонро ҳар рӯз нашр мекунем, вале намехоҳем, ки барои сабти видео реҷаи кӯдак вайрон шавад. Дар рӯзҳои истироҳат наворбардорӣ мекунем ё дар байни ҳафта як-ду рӯзро интихоб карда, рӯзҳои дигар Райанро ба ҳоли худаш мемонем. Вақте ки бача истироҳат мекунад, мо наворҳоро монтаж карда дар саҳифааш мегузорем,-мегӯянд волидони ин миллионери шашсола.

Падару модари ин миллионери шашсола намехоҳанд, ки  писарашон як умр аз ҳисоби роликҳои дар YouTube гузоштаашон зиндагиашро пеш барад.

-Ҳозир ба ӯ чунин кор писанд аст, аммо кӣ медонад, ки ин чӣ қадар давом мекунад. Вақте ман мегӯям, ки сабт мекунем, Райан ба ҳаяҷон меояд ва мо то хоҳиш доштанаш ӯро ба навор мегирем, аммо ин маънои онро надорад, ки писари мо то охири умр ба ин кор машғул хоҳад шуд,- гуфтааст модари Райан дар суҳбат бо журналистон.

 Новобаста ба он ки тиҷорати видеоии ин бачаи шашсола чӣ қадар давом мекунад, Райан кайҳо мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кардааст. Вай аллакай миллионер аст ва метавонад дар оянда ба зинаҳои боз ҳам баландтар баромада, як умр шоҳона зиндагӣ кунад.

Тарҷумаи Саодат Ашӯрова

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply