Толеъномаи 10 июн 2018

ТОЛЕЪНОМА
                                                            Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

hamal

Рӯз барои оғоз намудани кори нав чандон мусоид нестанд, беҳтараш аз пайи амали намудани нақшаҳои пешинаатон шавед. Ҳангоми гузаштан аз роҳ ва рондани мошин эҳтиёткор бошанд, зеро хавфи сар задани садамаи нақлиётӣ вуҷуд дорад. Зудбовариву фориғболӣ имрӯз бар зарари  шумо хоҳад буд.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Хатоҳои  гузашта рӯ зада, таъсири ногувори худро ба ҳаётатон мегузорад.  Бояд сирру асрори худро дар назди ҳар касу нокас накушоед, агар дар назди дӯсту душман шарманда шудан нахоҳед. Дар корхона ё хонаатон баъзе нофаҳмиҳо сар заданашон мумкин.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Ҳодисае имрӯз рухмедиҳад ва чашматон кушода шуда, дӯстро аз душман фарқ мекардагӣ мешавед. Эҳтимол  аз баъзе дӯстонатон ҷудо шавед. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт шавед. Дар ин рӯз аз харид ва таъмири асбобҳои техникӣ худдорӣ намоед.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Агар ба касе чизе ваъда дода бошед, ҳатман ба қавлатон вафо кунед. Пеш аз қабули пешниҳоди нав, ҳама тарафҳояшро санҷида бинед. Кореро, ки аз уҳдаи иҷрояш  ба хубӣ баромада наметавонед, ба гардан нагиред. Хабари хуш ва сафари берун аз шаҳр шуморо интизор аст.  Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Рӯз пур аз навигариҳост. Дар ҳалли мушкили дигарон кумак кардан хуб аст, вале ба зиндагии шахсии онҳо зиёд дахолат накунед. Бо ашхоси нав шинос мешавед ва пешниҳоди онҳо дари бахтроба рӯятон боз мекунад. Албатта агар зирракиву доноиитаонро ба кор баред.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Барои расидан ба мақсад, шумо бояд касбу кори наверо аз худ намоед. Агар  саросема шавед бар зарари худ амал карданатон мумкин. Зиёд ба баҳсу мунозираҳо ҳамроҳ нашавед то сафи душманонатон зиёдтар нагардад. хоҳад гашт.  Аз нобарориҳо рӯҳафтода машавед, зеро «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» сарфаҳм мерафтагӣ мешавед.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ҷашну маҳфилҳои имрӯза шумо гули сари сабад мешавед.  Дар коргоҳ бошад корҳоятон чандон барор намегиранд. Эҳтимол чизе ё касеро аз даст хоҳед дод. Аз нотавонбинии ҳамкасбон рӯҳафтода нашавед чуноне мегӯянд “Худованд сахӣ аст”, шояд тақдир чизеро насибатон мегардонад, ки аз оне,ки аз даст додед ба маротиб беҳтар аст.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз агар ҳама корро бо табъи болида ва дили пур оғоз намоед, тамоми корҳоятон барор мегиранд. Лоиҳаи наватон  ба шумо ҳам ному ҳам нони калон  мебиёрад. Бо кумаки ақрабо мушкили калони худро ҳал мекунед. Охири рӯз хабари наверо ба шумо мерасонанд. Хӯроки шомро дар берун нахуред.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз бояд ниҳоят эҳтиёткор бошед. Ба он чизе, ки мегӯед аҳамият диҳед. Рӯз пур аз рӯйдодҳои аҷибу ғалатиаст.  Қавсҳои муҷаррадро вохӯриҳои аҷиби ошиқона интизоранд. Барои рафъи сардардӣ на аз табобати халқӣ, балки аз хизматрасонии тубиби касбӣ истифода баред. Нисбат ба тарбияи фарзандон бетаваҷҷӯҳнабошед.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Метавонед бо дили пур ба шахсе, ки кайҳо боз дӯсташ медореду дар орзуи васлаш ҳастед, изҳори муҳаббат намоед. Хабарҳои ногаҳонӣ шуморо дар ҳоли ногувор мегузоранд. Агар шахси оқилу накӯкореро ёбед, ки дар амалӣ намудани нақшаҳоятон ба шумо дасти кӯмак дароз намояд, коратон авҷ мегирад ва соҳиби ному нони калон мешавед.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Атрофиёнатон имрӯз аз шумо бисёр чизҳоро меомӯзанд. Дар ҷодаи муҳаббат зодагони бурҷи далвро сюрпризи аҷоибе интизор аст. Як шиносоии тасодуфӣ метавонад оташи ишқу муҳаббатро дар дилатон аланга диҳад. Бо шахси тавоное вомехӯред, ки дари имкониятҳои тозаро ба рӯятон боз карда, зиндагии шуморо куллан дигаргун месозад. Даромади калони пулӣ ба даст меоред.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

 Ваъдаҳои хушку холӣ надиҳед ва бореро, ки тоби бардоштанашро надоред, бар дӯши худ нагиред, то хандахариши дӯсту душман нагардед. Нимаи дуюми рӯз дар оилаи баъзе ҳутҳо бебарориҳо пайи ҳам рух додан мегиранд. Муноқишаҳои оилавӣ метавонанд ба решаи бахти шумо табар зананд, агар сари вақт аз пайи ҳалли мушкилиҳо шуда, нофаҳмиҳоро бартараф насозед.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply