Толеъномаи 10 январ 2019

ТОЛЕЪНОМА

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Бояд сифатҳои беҳтарини худро нишон дода тавонед, нисбати наздикон меҳрубону сабур бошед ва бетоқатӣ накунед. Аксари зодагони бурҷи ҳамал бо шарофати якравии зотӣ ва кӯшиши дар ҳама кор сарварӣ кардан даст ба корҳои душвортарин зада, бурд мекунанд. Дар ҷодаи муҳаббат шитобкорона муносибатҳои ошиқонаатонро барбод надиҳед. Барои он ки вазъи саломатиятон бад нагардад, ба дарди миён диққати хоса диҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ хароҷотатон ба анҷом мерасаду аз натиҷааш шод мегардед.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Аз серкорӣ вақти сархорӣ ёфта наметавонед. Худатон ҳайрон мешавед, ки сусткории зотиятон куҷо мешавад. Дар ин давра гӯё аз хоби дарозмуддат бедор шуда, ба ҳаёти замоне осудаатон тағйиротҳо ногаҳонӣ ворид мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат бори дигар ба самимӣ будани муҳаббати ёратон қоил мегардед. Барои он ки меъдаатон бемор нашавад, аз пурхӯрӣ ва нӯшокиҳои ҷӯшон эҳтиёт шавед. Эҳтимоли гум кардани пулҳоятон дар назар аст, дар ҷойҳои серодам эҳтиёт шавед.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз барор ҳамсафари шумост, аз вазъият истифода баред. Бо шарофати хушчақчақиву зарофатгӯӣ гули сари сабади дӯстон мегардед.  Барои он ки табъи касеро хира насозед, баҳсу мунозира накунед. Ба ғайбату буҳтоне, ки дар атрофи номатон давр мезанад, диққат надиҳед. Хароҷоти калон карданатон лозим меояд, вале беҳтар аст, ки ин корро ба таъхир гузоред. Шубҳаву гумонҳои баде, ки ба дили ошиқон роҳ меёбанд, муваққатӣ ҳастанд. Агар минбаъд низ ба хӯроки худ диққат надиҳед, ҳолати ҷигарро табоҳ месозед.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст, аз муҳлат истифода бурда метавонед мавқеи худро дар корхона беҳтар ва ҳаҷми маошатонро баландтар созед. Дар баробари серкорӣ ниёзҳои худро фаромӯш насозед, вақту қувваи худро аз ҳад зиёд сарф накунед. Ба саломатии ғадуди сипаршакл ва дарди миён диққати хоса диҳед. Серҳаракат бошед, бо варзиш машғул шавед, он гоҳ худро беҳтар ҳис карда, табъатон болида мегардад. Нимаи дуюми рӯз барои мағозаву бозоргардӣ мусоидат мекунад, ҳар чизе харидорӣ мекунед, табъи дилатон мегардад.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз муваффақияти минбаъдина аз масъулиятнокии шумо вобастагӣ дорад. Муносибататон бо ҳамкорон бо баъзе сабабҳо бад мегардад. Агар дар атрофатон нафароне бошанд, ки аз боварии шумо баромадаанд, маҳз дар ҳамин рӯз дӯстиро бо онҳо қатъ намоед. Аксари нафарони дар мучали асад тавлидёфта танбалу коргурез мешаванд. Дар оилаатон осудагиву ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Барои он ки вазъи саломатиятон бад нагардад, худро аз ҳад зиёд хаста нагардонед.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Нисбати наздикони худ меҳрубон бошед, айни замон аҳли оила ба дастгирии шумо ниёз доранд. Мушкилоти пайвандонро сабук созед, вале аз ҳад зиёд худро азият надиҳед. Дар ҷои кор муваффақиятҳои шумо боиси рашку ҳасуди ҳамкорон мегардад. Ба гапу рафтори дигарон диққат надиҳед. Маблағи хуб ба даст меоред, минбаъд барои захира кам-кам пул ҷамъ кардан гиред.  Нафароне ки бемориҳои хунгарди дил доранд, ба мутахассисони ботаҷриба муроҷиат карданро тавсия медиҳем.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Давраи мусоидест барои беҳтар сохтани мавқеи худ дар касбу кор. Бо вуҷуди сар задании монеаҳо бояд фаъолона амал кунед. Аз пашша фил насозед ва худро ба ҳолати сахти руҳафтодагӣ гирифтор насозед.  Тамоми корҳои махфӣ, сиру асрори худро то охири рӯз ба анҷом расонед. Рӯз барои ақди никоҳ ва оиладоршавӣ мусоидат мекунад. Эҳтимол вазъи руҳиятон номусоид гашта, бе ягон сабаб зиқӣ мекунед. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ эҳтиёт шавед.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз диққати худро ба мушкилоти касбӣ равона созед. Оиди нақшаҳои ояндаи худ бо дӯстону ҳамфикрони дилпур маслиҳат кунед. Дар ҷои кор бо муноқишаву моҷаро дучор намегардед. Нафароне, ки дар фикри гирифтани қарз ҳастанд, беҳтараш ин корро рӯзи панҷшанбе ба анҷом расонед. Нафаре аз шумо пул қарз мепурсад, вале дар натиҷа  эҳтимоли вайрон шудани муносибатҳоятон ба вуҷуд меояд. Аксари нафарони дар мучали ақраб тавлидёфтаро вохӯриву шиносоиҳои тақдирсоз дар назар аст.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Вақти бештари худро ба оила ва муошират бо наздикон бубахшед. Вазъи молиявиатон беҳтар мегардад, эҳтимоли ба даст овардани маблағи иловагӣ дар назар аст. Агар нияти харидани телефони мобилӣ дошта бошед, беҳтараш ин корро рӯзҳои истироҳат ба анҷом расонед. Ба танқиди ҳамкорон диққат надиҳед. Қабл аз он ки хариди калон мекунед, нағзакак андеша намоед. баъзеҳо ба сафари роҳи дур мебароянд. Аксари пайвандонатон ба дастгириву ғамхории шумо ниёз пайдо мекунанд. Нафарони муҷаррадро шиносоии тақдирсоз интизор аст.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Бо корҳои нотамоми худ машғул шудан мехоҳед ва пешакӣ дар фикри беҳтар сохтани вазъият ҳастед. Аз муноқишае, ки рӯзи панҷшанбе сар мезанад, дурӣ меҷӯед. Аз миёни наздикон барои худ душман харидан намехоҳед.Рӯзи душвор аст, дар ин рӯз худро бад ҳис карда, нотоб мегардед. Бо сабаби серкории шумо дӯстдоштаатон меранҷад, вале дарҳол муноқиша оғоз карданро маслиҳат намедиҳем. Беҳтараш вазъиятро дуруст фаҳмонида, сабру таҳаммул пеша намоед. Бемор шудан нахоҳед, аз гармохунукшавӣ эҳтиёт шавед.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз нисбати атрофиён бодиққат бошед, ягон чизро мадди назар насозед. Зудбовар нашавед ва ҳар ғайбату бадгӯиеро, ки мешунавед, ба инобат нагиред. Дар акси ҳол муносибататон бо шахсе, ки бароятон азиз аст, вайрон мегардад. Рӯз барои харид кардан мусоид аст. Дар ҷои кор ба эҳсосот дода нашавед, вагарна ба ғалату камбудӣ роҳ медиҳед. Агар имкон дошта бошед, пеш аз хоб бештар пиёда гардед. Ин амал на танҳо табъатонро болида, балки саломатиятонро беҳтар месозад.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ҷои кор боҷуръат бошеду истодагарии бештар зоҳир намоед. Дар ин сурат ба боварии роҳбарияту ҳамкорон даромада метавонед. Бо баъзе ҳамкорон байнатон муноқиша сар мезанад. Дар ҳаёти шахсӣ ба лавандӣ роҳ надиҳед. Миёнаи рӯз барои вохӯриҳои ошиқона бобарор аст. Бештар изҳори муҳаббат карданро фаромӯш насозед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ сайругашти дарозмуддат айни муддао мегардад. Рӯзҳои истироҳат барои харидани чизҳое, ки кайҳо боз дар нақша доштед, мусоидат мекунад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply