• Administrator
  • 08.05.2019
  • 0

Толеъномаи 11 май 2019

ҳамал (21 апрел-22 май)

Ҳамалҳо, ки ҳамеша дар мубориза ва ҳаракат ба сӯйи мақсад ҳастанд рӯз каме аз бекорӣ каме дигиркунанда мегузарад. Барои ислоҳ ин вазъият метавонед ба такмили дониш ва омӯзиши чизҳои нав рӯй оваред. То кадом андоза табъатон хуш бошад ҳамон андоза корҳоятон низ хуб мешавад. аз муноқиша бо наздикон худдорӣ намоед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯз пур аз хушӣ аст. Шумо метавонед аз дастовардҳои хеш ифтихор кунед. Инчунин барои қабули меҳмонҳо рӯзи беҳтарин аст. Дар муошират бо валидайн ва фарзандон бошад каме мушкилот ҷойдоштанаш мумкин. Дӯстдоштаатон бошад шуморо бе ягон ҳарф дарк мекунад. Нимаи дувуми рӯз тӯҳфаи хуше шуморо интизор аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Аксарияти Эҳтиёт бошед, зеро хатари гум кардани пул, калит ва дигар чизҳои муҳим мавҷуд аст. Рӯзро бохариди лавозимоти таъмири хона сар карданро тавсия намедиҳем. Кор бо ҳзамин ва наздикӣ бо табиат боиси беҳтар гаштани саломатӣ ва табъи шумо хоҳад гашт.Нимаи дувуми рӯз вохӯриҳои ҷолиб дар назар аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар имрӯз хариду фурӯши хонаву мошин ва ангораҳои таърихӣ тавсия дода намешавад. Эҳтиёткор бошед, зеро хатогие, ки имрӯз мекунед ба саратон мушкилоти чандрӯза меоварад. Вохӯрӣ бо дӯстони куҳан табъатонро болида месозад. Метавонед баъзе аз муносибатҳои қатъгаштаро барқарор созед. Яке аз наздикон бароятон хабари хуше дорад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯз барои сайру саёҳат хуб аст. Инчунин вохӯрӣ бо ашхосе, ки аз кишварҳои хориҷа баргаштаанд мусоид аст. Имзои ҳуҷҷатҳо ва вохӯриҳои кориро ба рӯзи дигар гузоред. Муошират бо хонумҳои калонсоли авлод хуб мегузарад, аммо ба хонумон иҷозат надиҳед, ки ба ҳаёти шахсиатон дахолат кунанд.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Шумо аз мушкиле ҳарос Маҷбӯр астед, ки хулосаи муҳиме бароред. Ҳарчанд дарк мекунед, ки роҳи бозгашт нест, бозҳам дар қатъи муносибатҳо дудилагӣ каржаистодаед. Бо ин сустиродагӣ имконияти хубро аз даст доданатон мумкин. Нимаи дувуми рӯз вохӯрии романтикӣ шуморо мунтазир аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯз якрангу то андозае дилгиркунанда мегузарад. Вале ҳатто аз ин якрангӣ хулосаҳои даркорӣ мебароред, ки дар оянда зиндагиатонро тағйир медиҳанд. Хабари муҳим аз роҳи дур мерасад, вале қиммати онро дертар дарк хоҳед кард. Нимаи дувуми рӯз эҳтимол аз сардардӣ азият мекашед. Беҳтар мебуд дар ин муддат тану рӯҳатон истироҳат кунанд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Зодагони Ҳавасу хоҳиши азхуд кардани чизҳои нав ақрабҳоро ба амалҳои бемулоҳиза талқин мекунад. Шумо имрӯз асабиву сурташвиш мешавед. Ба одамони оромтабиат ва зудранҷ муошират бо шумо мушкил мешавад. Хатари ҷанҷол бо шахсе, ки пеш аз ин шуморо пурра дистгирӣ мекард мавҷуд аст. Ба дӯстии душманон фирефта нашавед, эҳтимол онҳо дар оянда на як бору ду бор ба шумо зарар хоҳанд расонд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Зодагони Рӯз ноорому пурмоҷарост. Гоҳе ба як кор даст мезанед гоҳе ба кори дигар, вале ягонтоашро то ба охир расонида наметавонед. Онҳое, ки дер боз аз худ дарак намедоданд имрӯз ҳаваси сӯҳбати шуморо мекунанд. ташвишҳои рӯзгор низ имрӯз зиёд мешаванд. Хушбахтона саломатиатон хуб буда, аз ӯҳдаи ҳамааш мебароед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Нисбати Рӯзи хубу бобарор аст. Бо шарофати сухандонӣ ва дилёбиатон метавонед шартномаҳои муҳимро ба имзо расонида маблағи хуб ба даст оваред. Аз роҳи интихобкардаатон нагардед, кӯшиш накунед, ки аз таҷрибаи дигарон кор гиред. Баҳри беҳ гардонидани саломатӣ аз маҳси бадан ва сузандармонӣ истифода баред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Мушкило Агар бештар ба ақл такя намоеду ба эҳсосот дода нашавед метавонед дили шахси наздикатонро, ки аз шумо ранҷидааст ба даст оваред. Рӯз барои қабули меҳмонон дар хона ё ташкили вохӯрӣ дар табиат мувофиқ аст. Бо ҳамсари хеш меҳрубон бошед, зеро вақтҳои охир вай пазмони муҳаббати шумо гаштааст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Баъзе Рӯз на он тавре мегузарад, ки интизор доштед. Маҷбур мешавед, ки дар рафти кор фикру нақшаҳоятонро иваз кунед. Аз дӯстони куҳан хабари аҷибе мешунавед. Дар оилаатон баъзе мушкилот сар мезанад, вале шумо бояд аз ин чиз ба воҳима наафтед ва ин мушкилоти хурд бо ҳазл назар кунед.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner