• Administrator
  • 11.03.2019
  • 0

Толеъномаи 11 март 2019

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз ҳама кор ба фоидаи шумо анҷом меёбад,масъалаҳои душворро ба осонӣ ҳал мекунед. Эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ вуҷуд дорад, нисбати наздикон ботаҳаммул бошед, ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Мушкилиҳои сарзадаи рӯзгорро бо қувваи худ рафъ карда метавонед. Бо дӯстдоштаи худ беҳтараш сари як пиёла чой нишаста, ба сайругашт набароед. Саломатӣ дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Нимаи аввали рӯз барои истироҳат ва вохӯрӣ бо дӯстон мувофиқ аст. Шумо аз доираи нафароне ҳастед, ки ҳар як ҷашну маҳфилро ранги тоза мебахшед. Дар масъалаҳои молиявӣ каме камбудӣ пайдо шуда, хушбахтона роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Баъди нисфирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Реҷаи рӯзро риоя карда, аз бемориҳои зиёд эмин мемонед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Барои ба даст овардани манфиатӣ пулӣ маҷбӯр мешавед зиёд меҳнат кунед.. Аз фикру хаёли зиёд бо наздикон муноқиша карданатон имконпазир аст. Хушбахтона кор ба муноқишаи ҷиддӣ намерасад. Нисбати тавсия ва маслиҳати табибон фориғболӣ накунед, нишонаҳои бемориҳои сарзадаро ба эътибор гиред. Мулоқоти ошиқона хастагиятонро рафъ месозад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯз басо бобарор аст. Заҳматҳои тӯлонатон натиҷаи хуб медиҳанд. Вазъи молиявӣ ташвиш намедиҳад. Дар ин рӯз нисбати дӯстдоштаи худ рашкро раво дида, бо ин роҳ муҳаббати худро собит намудан мехоҳед. Ба хасташавӣ роҳ надиҳед, пурхурӣ низ ба саломатиятон зарар мерасонад. Бо нафароне, ки то ин дам забон ёфтанатон душвор буд, муросо карда метавонед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Бояд новобаста аз вазъият оромиро аз даст надиҳед. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонед ҳама мушкилотро ба осонӣ рафъ намоед. Дар ин рӯз эҳтимоли сар задани муноқишаву баҳс ва нофаҳмӣ зиёд аст. Аз макру ҳиллаи нафароне, ки хуб намешиносед, эҳтиёт шавед. Худатон низ ҳангоми муошират ба касе фишор наоред. Вақте расидааст, ки ба шахси дӯстдоштаи худ изҳори муҳаббат намоед. Баъди нисфирӯзӣ харидҳоятон бобарор мешавад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Ҳарчанд вазъияти молиявиатон хуб нест, боз ҳам барои ҳалли ин мушкилот дар ҷустуҷӯи роҳи осони пулкоркунӣ нашавед. Вагарна мушкилотатон меафзояду кам намешавад. Ба коре, ки дилатон моил нест, даст назанед. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон хуб ҷараён гирифта, дар ягон мавзӯъ баҳс намекунед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад, худро хуб ҳис мекунед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Нимаи аввали рӯз бояд зиёд меҳнат кунед. Меҳнати фикри ба манфиати кори шумо буда, аз меҳнати ҷисмонӣ имрӯз беҳтараш даст кашед. Аз касе қарз нагиред, вагарна дар баргардонидани пул душворӣ мекашед. Ба вазъи ҳаво нигоҳ карда либос пушед, он гоҳ аз шамол хурдану бемории зуком халос мешавед. Нисбати дӯстдоштаатон рашки зиёд накунед, вагарна танҳо мемонед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Аз ҳама бештар худро дӯст доред, ба хотири наранҷидани дигарон худро дар азоб намонед. Чуноне мегӯянд ба хотири равшании роҳи дигарон худро шамъ нашавед, қадр намекунанд. Ба хотири ба даст овардани маблағи калон саломатиро аз даст надиҳед. Бо вуҷуди серкорӣ дар вақташ истироҳат кардану хӯрок хӯрданро фаромӯш накунед. Баъди нисифрӯзӣ бо нафаре шинос мешавед, ки дар як дам ошиқи шайдо гашта, табъатон болида мегардад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ҳавои баҳор ҳар лаҳза тағйир ёфтанаш мумкин. Ба вазъи ҳаво нигоҳ карда либос ба бар намоед, эҳтимоли шамол хурданатон хеле зиёд аст. Аз ҳад зиёд худро хаста накунед ва саломатиро дар хатар нагузоред. Дар масъалаҳои пулӣ ба хароҷоти беҳуда роҳ дода метавонед. Вохӯриҳои тақдирсоз зиндагиятонро тағйир медиҳанд. Ба нафаре ки аз шумо кӯмаку дастгирӣ мепурсад, ҷавоби рад надиҳед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ҳама ҳолат хунсарду бомулоҳиза бошед. Аз баҳсу мунозираи зиёд худдорӣ намуда, беҳтараш истироҳати бофароғат кунед. Ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем, хароҷотатон калон мешавад. Ягона чизеро, ки дар ин рӯз хариданашро тавсия медиҳем, ин асбобҳои техникӣ аст. Мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар монед. Дар табобати бемориҳо маблағи зиёд сарф мекунед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ҳар кор асабӣ нашавед. Мушкилиҳое, ки дар зиндагии шахсиятон сар мезананд, таъсирашро дар пешравии корҳоятон мегузоранд. Бо нафаре аз ҳамкорон муносибати ошиқона карданро тавсия намедиҳем. Аз ҳамкорони худ бе ибо маслиҳат пурсидан гиред. Сафарҳое, ки бо мақсади истироҳат мекунед, бобарор меанҷоманд.  Дар дил кинаву адоват гирифтан боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз тақдир бароятон тӯҳфаи хуше мекунад.  Бо нафаре шинос мешавед, ки зиндагиятнро кулан тағйир медиҳад. Нафаре ба зиндагиятон бармегардад, ки пештар муносибати ошиқона доштед. Бо сабаби нофаҳмиҳои рухдода муносибати худро бо наздикон вайрон насозед. Ба бегонагон имкон надиҳед, ки ба зиндагиву корҳоятон дахолат намоянд. Бо худтабобаткунӣ машғул шуда, табобати бемориятонро душвортар месозед.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner