• Administrator
  • 11.01.2019
  • 0

Толеъномаи 11 январ 2019

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Муошират бо одамони калонсол ё онҳое, ки мақомашон баландтар аст, ба шумо мушкилӣ меорад. Бинобар ин кӯшиш кунед то аз баҳс  бо роҳбарият дурӣ ҷӯед. Фикри қарзи барнагардонда шуморо дилгир кардааст. Барои хариди таҷҳизот ва ё либоси нав вақти мувофиқ нест, зеро чизи харидорӣ намудаатон метавонад нуқсон дошта бошад.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Эҳтимоли хӯрӯҷи бемориҳои роҳҳои нафас вуҷуд дорад. Зуком ва сигоркашӣ ба саломатиатон зиёни зиёд оварданашон мумкин. Хатари дар роҳ пешпо хӯрда афтодан  ва бардоштани захм ё шикастани даст ё бозу вуҷуд дорад. Муваффақият дар кор ва муносибатҳои маҳрамона аз ҳолати рӯҳиатон вобаста аст, то чӣ андоза табъатон болида бошад, ҳамон андоза корҳоятон ҳам бобарор мешаванд.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Диққати шумо пурра ба ҳал намудани масъалаҳои молӣ равона карда мешавад. Барои хариду фурӯш ҳафтаи мувофиқ аст. Хоҳед, ки ба вазифаи баландтар соҳиб шавед, вақтро аз даст надода,  ба боварии шахсони роҳбарикунанда сазовор шавед. Шарики кориатон дар фикри фиреб додани шумо аст. Аз машварату маслиҳати шахси ботаҷриба истифода баред.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Муваффақияту комёбӣ давоми рӯз ҳамроҳи шумоанд. Эҳтимоли ба даст овардани лотереяи бурднок зиёд аст, ҳатто барои онҳое, ки пеш аз ин ягон маротиба чунин лотереяҳоро харидорӣ нанамуда буданд. Шумо аз нав ошиқ мешавед ва шояд ин ошиқӣ бо тӯй анҷомад. Шумо дар симои шахси комилан бегона дӯсти  ҳамрози худро пайдо мекунед.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Барои оғози кори нав ё амалӣ намудани нақшаҳоятон фурсати муносиб нест. Беҳтар аст ба кумаки ёру дўстон шитобед, зеро кӯшишҳоятон барои онҳо дучанд гашта, ба шумо бармегардад. Эҳтимоли хурӯҷи бемориҳои ирсӣ вуҷуд дорад. Асабҳоятон ба оромӣ ниёз дорад. Аз истеъмоли хӯрокҳои вазнин худдорӣ намоед то системаи ҳозимаатон ҳифз гардад.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Асабҳоятон комилан ором ва омода ба кор ҳастанд. Шиносоиҳои нав ва муфид шуморо интизор аст. Бо шахсе дар нақлиёт ё шабакаҳои иҷтимоӣ ошноӣ пайдо мекунед, ки дар ояндаи корӣ ва зиндагии шахсиатон нақши муҳиме мегузорад. Сунбулаҳои оиладор ба зоҳири хеш зиёдтар аҳамият диҳед ва шод кардани хотири ҳамсаратонро бо туҳфа ва изҳори муҳаббат фаромӯш насозед.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Даромади пулӣ асосан аз вазъи саломатиатон, қобилияти корӣ ва бодиққатиатон вобастагӣ дорад. Барои оғози нав фурсати хуб аст. Кори муҳиматонро ба хубӣ ба анҷом мерасонед. Баъзе аз намояндагони ин бурҷ ҷойи кор ва вазифаашонро иваз мекунанд. Вале пеш аз ба кори нав гузаштан ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбиашро ба хубӣ омӯзед.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Фаъолияти кориатон бобарор ва муваффақона пеш меравад.  Муомилаи хуш бо атрофиён ва дилёбиатон боиси барори шумо мегардад.  Вохӯрии хуш ва хотирмоне дар пеш аст.  Ба ақидаи дигарон гӯш дода, барои худ чизҳои наверо дарёфт хоҳед кард. Кӯшиш кунед аз ҷанҷол ва нохушиҳо дур бошед, зеро системаи асаби шумо дар вазъи хароб қарор дорад.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ташвиши зиёд, мушкилоти молӣ, афсурдаҳолӣ,  нофаҳмӣ- ҳамаи ин омилҳо ҳафтаро бароятон нохуб мекунанд.  Беҳтар аст, ки аз муноқишаҳо дур бошед ва ба корҳои хона, аз қабили таъмир  ё ҷобаҷогузории ҷиҳози  рӯзгор машғул шавед. Охири ҳафта пешниҳоди кори сердаромад мегиред.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Кор хушӣ ва даромади зиёд меорад, ба шарте  ки хоксориро канор гузоред ва ба гапи мардум нигоҳ нокарда,  ба пеш ҳаракат кунед. Лоиҳаҳои навро бо шарики пешинаатон ба роҳ монед, маблағи калон ба даст меоваред. Ҳамкорӣ бо шиносҳои нав нокомӣ меорад. Дар муомила бо дӯстдоштаатон сабрро пеша кунед ва ба зудӣ ҳама ғазаби вай ба муҳаббат  мубаддал мегардад.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Дилатон маҳзун ва танҳоӣ мехоҳад. Аз ҷамъият дурӣ меҷӯед. Дар назди издиҳом баромад накунед, шуморо дуруст намефаҳманд. Аз вохӯриҳои ошиқона даст накашед, ҳарчанд маротибаи аввал ба вай муяссар намегардад то шуморо ошиқи хеш гардонад, аммо ба зудӣ шумо шефтаи ақлу заковаташ хоҳед гашт. Аз саломатиатон бохабар бошед, зеро агар бемор шавед, ба зудӣ шифо нахоҳед ёфт.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Нимаи аввали рӯз дар оила  ва дар байни шумову наздикон каме нофаҳмӣ рух медиҳад. Нимаи дуюми рӯз ҳама нохушиҳо бартараф мешаванд. Дар корхона низ корҳо хуб пеш мераванд. Ҳамкасбон шуморо дар ҳар маврид дастгирӣ мекунанд. Навгониҳо дар муносибатҳои маҳрамона шумо ва ҳамсаратонро шод мекунанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner