• Administrator
  • 12.02.2019
  • 0

Толеъномаи 12 феврал 2019

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Нафарони дар мучали ҳамал тавлидёфтаро табъи хушу болида ба пешравиҳои зиёде ноил мегардонад. Ҳар сухани баду нешдореро, ки мешунавед, нодида гирифта, ба ғалату камбудиҳои худу дигарон диққат надиҳед. Нафарони муҷаррад дар интихоби бахти худ набояд ба шитобкорӣ роҳ диҳанд. Ба нафарони оиладор ошиқ шуданро тавсия намедиҳем, он оқибати нек надорад. Вазъи саломатӣ ташвиш намедиҳад, нерӯи тозаро эҳсос мекунед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба маслиҳати наздикон гӯш андозед.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Аввали рӯз бо сабаби фитнаву дасисабозии бадхоҳон эҳтимоли латма хӯрдани обрӯятон дар назди атрофиён вуҷуд дорад. Бо ин сабаб руҳафтода шудан лозим нест, уҳдадориҳои худро чун пештара ба анҷом расонидан гиред. Нимаи дуюми рӯз ҳақиқат рӯи об баромада, бегуноҳии шумо собит ва обрӯятон барқарор мегардад. Нафарони муҷаррадро ишқбозиҳои наву кӯтоҳмуддат интизор аст. Шом барои маҳси бадан созгор аст. Охири рӯз даромади хуби пулӣ ба даст меореду барор ҳамсафаратон мегардад.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи серташвиш аст, мушкилоти майда-чӯйда ҳеҷ тамомшавӣ надорад. Дар ҷои кор ба муноқиша роҳ надиҳеду бо роҳбарият баҳс накунед. Дар ҷойҳои серодам ва дар роҳ эҳтиёткор бошед. Нафарони оиладоре, ки бо ҳамсафари ҳаётӣ муносибати хуб надоранд, меҳру муҳаббатро дар ҷои дигар ҷӯё мешаванд. Дар муносибатҳои ошиқона кӯшиши пурра ба худ тобеъ сохтани шахси дӯстдоштаатонро накунед. Баъзеҳои аз зукоми одӣ азият мекашанд. Дар ин рӯз мушкилоти пулӣ намекашед.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи хубест барои харидорӣ намудани мебел ва асбобҳои техникии рӯзгор. Мардҳо маблағи хуб ба даст оварда метавонанд. Бо ҳамсояҳо моҷаро накунед, аз ин амал фоидае ба даст намеоред. Аввали рӯз сарчашмаи нави даромади пулиро пайдо менамоед. Хафагиву нофаҳмиҳоро ба дил нагиред, вагарна ишқи навро ба дил роҳ дода наметавонед. Агар саломатии хуб мехоста бошед, аз муошират бо нафароне, ки бароятон писанд нестанд, худро канор гиред. Кӯшиш намоед, ки бо касе муноқиша накунед.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз ба  рашку ҳасуд ва бахилӣ роҳ надиҳед. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан ва ҳарферо ба забон овардан бори дигар андеша намоед. Вазъи молиявиатон чандон бад нест, вале яке аз наздиконатон бар замми пули худаш боз пули шуморо низ сарф мекунад. Натиҷаи заҳматҳои худро каме дертар мебинед. Ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед, вагарна ҳамсуҳбати худро сахт меранҷонед. Рӯз барои оиладоршавӣ созгор нест. Нури чашматонро эҳтиёт кунед, кӯшиш намоед, ки ба чашмонатон аз ҳад зиёд вазнинӣ наафтад

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Аз ҳад зиёд бо кор банд нашавед. Ба тағйиротҳое, ки дар ҷои коратон рух медиҳанд, оромона назар карда, ба мунозираву муноқиша роҳ надиҳед. Дар ин рӯз эҳтимоли аз ҳад зиёд пул сарф карданатон дар назар аст. Барои худнишондиҳӣ пул сарф накунед. Дар ҷодаи муҳаббат ба рашк дода нашавед. Ба масунияти бадан диққати хоса диҳед. Айни замон хастагиву бемадорӣ азиятатон медиҳад. Хароҷоти калонро беҳтараш бе саросемагӣ ва оворагӣ ба анҷом расонед.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Аксари нафароне, ки дар мучали мизон тавлид ёфтаанд, аз парешонхотирӣ азият мекашанд. Даромади калони пулӣ ба даст оварда наметавонед, вале вазъи молиявиатон чандон бад нест. Дидори нафаре, ки ишқашро кайҳо дар сина гӯр карда будед, аз нав муҳаббататонро бедор месозад. Нафароне, ки дӯстдошта доранд, ба ҷангу муноқиша роҳ надиҳед. Ба шиносҳои нав ва овозаҳои беасос бовар накунед. Парҳез ва хӯрокҳои сабук ҳолати рӯдаву меъдаатонро сабук месозад.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Вақте расидааст, ки шубҳаву нобовариро аз дил дур сохта, ба эҳсосот дода нашавед. Дар масъалаҳои молиявӣ танҳо ба худ умед баста метавонед. Нимаи аввали рӯз даромади наву хуби пулӣ ба даст меоред.  Ба ғизои худ диққати хоса диҳед, эҳтимоли аз хӯрок ё маҳсулоти бесифат бемор шуданатон дар назар аст. Нофаҳмии оилавӣ боиси халалдор гаштани оромии оила мегардад. Дар сари қаҳр бинои муҳаббати худро, ки чандин сол бо меҳри зиёд бунёд намудаед, валангор насозед.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзи орому осуда аст. Дар ҷои кор уҳдадориҳои худро ба хубӣ ба анҷом мерасонед. Дӯстон шуморо қадр мекунанду бадхоҳон дар ин давра бо зиндагии шахсии худ машғул мегарданд. Мутаассифона, танҳо як нафаре ҳаст, ки ба шумо зарари калон расонидан мехоҳад. Бояд гуфт, ки сабаби чунин рафтори душманатонро ҳатто худатон намедонед. Муносибатҳои ошиқонаатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дар ин рӯз аз пештара бештар хастагиро эҳсос мекунед. Кӯшиш намоед, ки сари вақт истироҳат намуда, кори зиёд накунед.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Нафарони дар мучали ҷаддӣ тавлидёфта корчаллон ва сарфакор ҳастанду зиндагидӯстдор. Хабару навгониҳои зиёдро интизор бошед. Айни замон бояд бо сабру пуртоқат ва уҳдабаро бошед. Комёбиҳои молиявӣ табъи дилатон аст. Дар ҷодаи муҳаббат ба даҳони худ нигоҳ карда гап занед, то ки ба муносибатҳои ошиқонаатон зарар нарасад. Ба эҳсосот дода нашавед, ба коре, ки боиси сар задани бемориҳои дилу рагҳои хунгард мешаванд, роҳ надиҳед. Дар ин давра ҳангоми хариду фурӯши хона фиреб хӯрданатон имконпазир аст.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Нафароне, ки қарздоранд, дар ин рӯз қарзашонро баргардонидан лозим меояд. Бо нафароне, ки дар муноқиша будед, аввалин шуда қадами оштишавӣ мегузоранд. Дар ҷодаи муҳаббат хомӯшӣ шуморо аз нофаҳмиҳои зиёд раҳо мебахшад. Ба ғизои худ диққат диҳед, эҳтимоли бемор шудани узвҳои ҳозима ва ҷигар дар назар аст. Хӯрокҳои консервагӣ ва ғизои муддати зиёд дар рафҳои мағоза истодаро истеъмол накунед. Шитобкорӣ боиси сарф кардани маблағи зиёд мегардад.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Ҳар сухане, ки ба забон меоред, оқибаташро андеша намоед. Гуфтори беандеша ва баҳсу мунозира ба ҷанҷоли ҷиддӣ печида, дӯстии чандинсолаи шуморо барбод медиҳад. Бояд сарчашмаи нави даромадро пайдо намоед. Нимаи дувуми рӯз даромади пулӣ имкон дорад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон дилсардӣ эҳсос карда мешавад. Нисбати дӯстдоштаатон ба рашк роҳ надиҳед. Нафароне, ки бо табобати бемориҳо машғул ҳастанд, доруро аз миқдор зиёд истеъмол карданро тавсия намедиҳем.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner