Толеъномаи 14 июн 2018

ТОЛЕЪНОМА
   Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

hamal

Шуморо вохӯрӣ бо дӯстоне, ки кайҳо боз надида будед, дар назар аст. Дар аввали рӯз нақшаҳои пешинаро аз нав дида баромадан ба манфиати шумо хоҳад буд. Барои пешниҳоди лоиҳаи нав рӯзи мувофиқ аст. Баъзе ҳамалҳоро ба ҷойи кори нав даъват мекунанд. Шомро дар ҳалқаи пайвандон гузаронидан айни муддаост

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Барои бартараф намудани мушкилиҳои доштаатон аз нафарони наздикатон маслиҳат пурсед. Корҳои дар нақша будаатонро беҳтараш ба баъд гузоред. Муносибати хубро дар байни коргаронатон нигоҳ доред ва хушмуомилагиро фаромӯш накунед. Бо пайвандонатон дар арафаи ид муноқша накунед. Кинаҳои куҳанро аз дил берун кунед.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Вақти он расидааст, ки корҳое, ки дар ҳаётатон асосианд, барои амалаш оғоз кунед. Аз сафарҳои дур даст кашед, зеро ҳавои гарм сабаби бад шудани саломатиатон мегардад, ки масъалаи ҷиддиро пеш меорад. Дар рӯзҳои гарми тобистон саломатиатонро эҳтиёт намоед. Ба пиёдагардӣ машғул шавед.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи навинро ситораҳо бароятон пур аз шунидани хабарҳои  хушҳолкунанда пешгӯйӣ мекунанд. Дар баробари ин шахсеро, ки дер интизораш будед, ба шумо вомехӯрад. Нисбат ба саломатии худ бепарво набошед. Дар гармии ҳаво кӯшиш кунед, ки гаштугузор нанамоед, зеро таъсири нурҳои офтоб саломатиатонро бад хоҳад кард.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Кӯшиш кунед, ки корҳои муҳиматонро ба рӯзи дигар гузоред. Вазифаи нав гирифтанатон дар назар аст. То ин давра бояд ҳама корҳое, ки ба шумо вобастааст, ба хубӣ анҷом диҳед. Хӯроки шомро бо дӯстон тановул кунед.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи навро бо нақшаҳои нав оғоз намудан, хеле боманфиат аст.  Ба кӯдаконатон аҳамияти ҷиддӣ диҳед, зеро нурҳои гарми офтоб ба саломатиашон зарар расониданаш мумкин. Муносибати атрофиён шуморо ғамгин месозад, вале ба ин нигоҳ накарда, хушмуомилагиро аз даст надиҳед.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Шуморо муҳаббати ғайриинтизор имрӯз думболагир мешавад. Нафаре, ки кайҳо боз аз ҳаётатон дур шуда буд, вомехӯред. Масъулияте, ки дар дӯш доред, моҳирона ба анҷом расонед. Дар аввали рӯз аз дур хабаре мешунавед. Нимаи дувуми рӯз шуморо ба гуфтушуниди муҳиме шуморо даъват мекунанд.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Вақти он расидааст, ки аз рӯйи нақшаи пешбинишудаатон амал намоед. Шояд корҳои шартномавӣ, ҷобаҷокунии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ташвишатонро дар ин рӯз зиёд кунад. Истироҳатро фаромӯш насозед, зеро аз кори зиёд асабҳоятон хаста шуда, шояд баъзе масъалаҳои сарпечидаро биёрад.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Гурӯҳи кормандонатон барои пешбурди маъракае, ки корхонаатон бояд гузаронад, шуморо пешбар интихоб мекунанд. Таҷрибаи андухтаатонро дар амал нишон диҳед. Бо рақибонатон дар муомила бо эҳтиёт бошед. Ҳар нафаре, ки кӯмак мехоҳад, дареғ надоред. Дар моҳи бузург кӯшиш намоед, ки дили касеро наранҷонед.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Агар нияти хариди калон карданро доред имрӯз фурсати муносиб нест. Чизҳое, ки бароятон аҳамияти таърихӣ доранд, дуюм бора ба ҳаётатон бар мегарданд. Муносибатҳои кандашудаи солҳои пеш дубора барқарор мегардад. Ин шом маслиҳати хуберо аз шахси наздикатон интизор шавед.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Ба саломатиатон диққати ҷиддӣ диҳед. Ҳангоми муносибат бо атрофиён эҳтиёткориву ҳушёриро аз даст надиҳед.  Вақтатонро ба кӯдакон гузаронидан руҳияатонро болида мегардонад. Изҳори миннатдориву муҳаббат карданро ба ҳамсари меҳрубонатон фаромӯш накунед.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Ба корҳои хона машғул шуданро ситораҳо тавсия медиҳанд. Меҳрубонии шуморо кӯдаконатон дер боз интизоранд. Барои муносибатҳои шахсиатонро ба эътидол даровардан шом фурсати муносиб аст. Тӯҳфаи ногаҳонӣ ва изҳори муҳаббат шуморо хушҳол месозад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply