• Administrator
  • 16.07.2017
  • 0

Толеъномаи 16 июл 2017

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз чунон бо корҳои касбӣ машғул мешавед, ки барои корҳои оилавӣ диққат намедиҳед. Ваъдаеро, ки ба шахси наздикатон дода будед, иҷро намоед. Ҳамали соҳибкор бурҳони иқтисодиро аз сар мегузаронад. Дар корҳои нафарони эҷодкор муваффақият дида мешавад, нақшаҳоро ба зудӣ амалӣ месозед.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Дар муносибатҳои ошиқонаатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Агар танқидро нисбати шахси дӯстдоштаатон бас накунед, вазъият душвортар мегардад. Агар шумо дар вазифаи роҳбарӣ кор мекарда бошед, ба кори кормандони худ бодиққат бошед. Эҳтимоли фиребу дуздӣ вуҷуд дорад. Барои он ки ба меъдаатон зарар нарасад, ба реҷаи хӯроки худ бодиққат бошед.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз рафти касбу кори худ қаноатманд намегардед. Баъзеҳо дар фикри пайдо намудани ҷойи кори дигар мешаванд. Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон ботаҳаммул бошед. Ҳатто камтарин муноқиша боиси ҷанҷоли калон мегардад. Ба қарз ғутта намезанед, вале маблағи пулиеро, ки дар интизораш будед, ба даст намеоред.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Зимни робита бо ҳамкорон ва наздикон мушкилиҳои начандон хурд дар назар аст. Сабаби тамоми нофаҳмиҳо табъи хираи шумо мегардад. Агар ба дағаливу эҳсосот роҳ диҳед, аз муноқиша халосӣ намеёбед. Бо худтабобаткунӣ машғул нашавед, хусусан ҳангоми бемориҳои музмин. Ба корҳои вазнини ҷисмонӣ роҳ надиҳед.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Барои ба мағозаву бозор рафтан рӯзи бобарор аст. Дар рафти кор танҳо ба нафарони дилпур боварӣ кунеду ба корҳои нав даст назанед. Дар масъалаҳои ошиқона бояд масъулият ва ташаббусро ба дӯши худ гиред. Барои бонувоне, ки ба идораҳои давлатӣ ва роҳбарият муроҷиат кардан мехоҳанд, рӯзи бобарор аст.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Агар аз ёри худ ҷудо шудан нахоҳед, нармгуфтор бошед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ аз кори якрангу дилгиркунанда низ даст накашед. Бонувонро шиносоиҳои аҷиб интизор аст, эҳтимол муносибатҳои дӯстонаи шумо ба ишқу муҳаббат табдил меёбад.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз ҳангоми робита бо хешовандон ба дағалӣ роҳ надиҳед. Бо вуҷуди ҳақ ба ҷониби шумо будан боодобона рафтор кунед. Рӯзи хубест барои истироҳат ва сафарҳо. Дар масъалаи ошиқона барои ислоҳ намудани вазъият чораҳои фаврӣ андешиданатон лозим аст. Бо сабаби сар задании мушкилоти оилавӣ бо ҳам муноқиша накунед, онро якҷоя рафъ намоед.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар корҳоятон пешравӣ дида мешавад. Дар рафтору гуфтор ба ягон амали беандеша даст назанед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намуда, хастагиву бемадориро рафъ кардан муяссаратон мегардад. Дар муносибатҳои оилавӣ якдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат дида мешавад.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз аз ҷониби дӯсти наздикатон дурӯягӣ ва рафтори беандеша дида мешавад. Парњезро риоя намуда, аз хўрокњои шўр, равѓанин ва серѓизо худдорї намоед. Барои рафъ намудани мушкилињое, ки байни шумову дўстдоштаатон пайдо шудааст, муваќќатан робитаатонро бо ў ќатъ намоед.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Рӯзи бобарор аст, хусусан барои мардҳо. Шарикони фаъоли кориро ҷалб ва ҳамкорони навро пайдо карда метавонед. Муносибати нави ошиқонаро бо иззатталабӣ нобуд месозед. Хобҳоятон дар ин рӯз амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани либоси ифлос нишонаи хуб нест.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз рақибону душманонатон ба ҳиллаву найранг мегузаранд. Агар ба кӯмаки миёнаравҳо муроҷиат кунед, ғолиб меоед. Ба хонаи далвҳои муҷаррад хостгор меояд. Барои беҳтар гардонидани саломатӣ оббозӣ мусоидат мекунад. Баъзеҳо дӯстони нав пайдо мекунанд.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Дар робита бо атрофиён душвориҳо сар мезананд. Ҳутҳои ҷавон аз уҳдаи мушкилоти ба сарашон омада бо душворӣ мебароянд, хусусан бо наздикони худ созиш карда наметавонанд. Муносибатҳои ошиқонае, ки чандон устувор набуданд, пароканда мешаванд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner