• Administrator
  • 18.02.2019
  • 0

Толеъномаи 18 феврали 2019

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Ҳар қадаре ба нуқтаи назари атрофиён диққат диҳед, ҳамон андоза табъатон хира мегардад. Андешаҳои худро возеҳу равшан иброз намоед, он гоҳ диққати нафарони баобрўро ба худ ҷалб месозед. Қаҳру ғазаби худро ба сари аҳли оила нарезед. Вохўрии ошиқона ё хотирмон имкон дорад. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, хўрокҳои сабук истеъмол кунед.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Сари қарори муҳиме омаданро маслиҳат намедиҳем, зеро дар ин рўз корҳоятон барор намегиранд. Имкони бо ҳамкорон ё роҳбарият муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Дар ҳаёти оилавӣ мушкилиҳои зиёд пеш омада, аз серкорӣ роҳи коратонро гум мекунед. Асабонияту хастагӣ ба вазъи саломатиятон бетаъсир намемонад. Муносибатҳои ошиқонаатон хуб аст.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рўз хатари гум кардани маблағи калонатон вуҷуд дорад. Ҳамёну ҷувздон ва кортҳоятонро эҳтиёт кунед. Табъатон дар давоми рўз чанд бор тағйир меёбад, аз ин лиҳоз аз ҳар кори ночиз асабӣ шуданро маслиҳат намедиҳем. Дар ҳар коре, ки имрўз анҷом доданӣ мешавед, танҳо ба қувваи худ умед набандед, кўмаки атрофиён айни муддао мегардад.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рўз кўшиши ба дўстдоштаи худ изҳори муҳаббат карданро накунед. Беҳтараш бо кору бор ва мушкилиҳои оилавӣ машғул шавед. Дар ҷойи кор нобарориҳо ҳамсафаратон гашта, хатари бо ҳамкорон муноқиша карданатон зиёд аст.  Асабоният ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасонад.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Аз рафтору кирдоратон дар ин рўз бисёр чизҳо вобастагӣ дорад. Ба эҳсосот дода нашавед ва ба садои қалби худ гўш андозед. Агар назди компютер зиёд менишаста бошед, зуд-зуд аз ҷоятон хеста гаштугузор карданро фаромўш накунед. Изҳори муҳаббат кардани яке аз ҳамкоронатон боиси пайдо шудани гапу калочаи зиёд мегардад.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рўз тавре рафтор мекунед, ки гўё дигарон бояд дар наздатон таъзим намуда гуфтаҳоятонро иҷро намоянд. Беҳтараш ғурури худро як сў гузошта аз пайи кор шавед, вагарна меҳрубонии сардор ба ғазаб мубаддал мегардад. Ҳар қадаре бо дўстон самимӣ бошед, ҳамон андоза муносибатҳоятон мустаҳкам мегарданд. Хабари ногаҳонӣ боиси сарфи зиёд кардани маблағ мегардад.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рўз ба хотири оштӣ шудан бо ҳамсафари ҳаётии худ ҳама корро мекунед. Агар шумо гунаҳкор бошед, бахшиш пурсиданро фаромўш накунед. Барои ба маъракаву ҷашн рафтан рўзи хуб аст, кунҷи танҳоӣ ихтиёр накунед. Барои он ки пулро зиёд сарф накунед, буҷаи худро барои як моҳ тартиб диҳед.  Нисбати ёри худ диққати бештар ҷудо кунед, вагарна дар сари рашк ва ногуфтаҳои зиёд нофаҳмӣ сар мезанад.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рўзи хатарнок аст. Рух додани садама, сироят ёфтану сар задани ҳодисаҳои нохуш имкон дорад. Ғами саломатии худу наздиконатонро хўред. Ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем. Ронандагон бояд дар роҳ ҳушёриро пеша намоянд. Ба макру фитнаи баъзеҳо ҳамроҳ нашавед. Имтиҳони зиндагиро сабурона паси сар кунеду аз мушкилиҳо наҳаросед.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Хабари ногаҳонӣ зиндагиятонро ба куллӣ тағйир медиҳад. Бо атрофиён ё роҳбарияти коргоҳатон муноқиша имкон дорад. Дўсти наздикатон бо хабари ногаҳонӣ шуморо дар ҳолати ногувор мегузорад, вале ҳама чизро ба дил наздик қабул накунед. Нафароне, ки ба тиҷорат машғуланд, корашон барор меёбад.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ҳама кору иқдомҳоятон ба кўмаку дастгирии дўстон умед бандед. Каме нотоб гаштанатон имкон дорад. Бемории дар ин рўз пайдошуда тўл мекашад. Дар ин рўз қайчӣ задани мўй, истеъмоли хўроки вазнин ва ба оина нигоҳ кардан манъ аст. Нисбати шахси дўстдоштаатон боэҳтиётона рафтор кунед, вагарна имкони ҷудо шуданатон хеле зиёд аст.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рўз маблағи барои рўзи мабодо пинҳон кардаатонро ба ҳеҷ ваҷҳ сарф накунед. Қабл аз коре кардан нағзакак андеша намоед. Мулоқоти ошиқонаро беҳтараш ба рўзи дигар монед, вагарна аз муноқиша амон намеёбед. Аз ҷониби дўстону наздикон кўмак мегиред. Агар дўстонатонро кайҳо боз надида бошед, ба меҳмонӣ даъват кунед.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Мушкили зиёде дар ин рўз домангиратон мегардад. Қариби бегоҳ хаставу асабӣ мешавед. Қаҳру ғазаби худро нигоҳ доред. Бемориҳои дар ин рўз пайдошуда чандон хатарнок нестанд, вале табобаташро ҳатман ба анҷом расонед. Хусусан ба ҳолати дандону вораҳои худ диққати бештар ҷудо кунед. Бо нафароне, ки пайваста шуморо танқид мекунанд, дарди дил накунед.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner