• Administrator
  • 19.05.2018
  • 0

Толеъномаи 18 май

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Бояд имрӯз вақтатонро беҳуда нагузаронида аз пайи мустаҳкамсозии саломатӣ шавед. Дар коргоҳ баъзе навгониҳо ба назар мерасад. Ҳамалҳои  муҷаррад шояд имрӯз ишқи зиндагиашонро пайдо мекунанд.Охири рӯз ба мулоқоти ошиқона даъват мешавед.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Имрӯз ба эҳтимоли зиёд дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо нафаре шинос мешавед, ки ба зиндагии шумо фараҳ меоварад. Нимаи дувуми рӯз манбаи нави даромад пайдо мешавад. Аз саломатии хеш бохабар бошед. Дарди меъда шуморо каме азият медиҳад.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз каме хаставу ошуфтаҳол гардида дасту дилатон ба кор намеравад. Беҳтар мебуд агар аз кор ҷавоб гирифта каме ба сайри табиат ё тамошои филм мерафтед. Шомро дар иҳотаи пайвандон гузаронед. Аз истеъмоли хӯрокҳои вазнинҳазм худдорӣ намоед. Барои рафтан ба мулоқотҳои ошиқона рӯзи мувофиқ нест.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи бобарор буда, ҳам дар ҷодаи муҳаббат ва ҳам дар ҷодаи касбӣ бамуваффақиятҳо ноил мегардед. Нимаи дувуми рӯз дар роҳ бо шахсе рӯба рӯ мешавед, ки диданаш намехостед кӯшиш кунед асабӣ нашавед ва ба суханҳои бадхоҳонаи ӯ дода нашавед.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Барои сафарҳои корӣ ва ё шахсӣ фурсати муносиб аст.  Дар маҳфили дӯстатон бо шахсе шинос мешавед, ки табъатонро хира месозад. Охири рӯз ба шумо пешниҳоди ҷолиӣбе мекунанд, вале барои қабул кардани он нашитобед.  Пеш аз оғози коре бояд хуб андеша намоед.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯз дар гуфтор ва рафтор бояд хело бомулоҳиза бошед вагарна яке аз дӯстони наздикатонро меранҷонед. Ба коргоҳатон аз роҳи дур меҳмон меояд агар соҳиби вазифаи балантар шудан хоҳед бояд ба ҳар роҳе ба ӯ писанд оед. Аз истеъмоли хӯрокҳои вазнинҳазм худдорӣ намоед.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Им рӯз вазъи саломатиатон ба таври ногаҳонӣ бад мешавад. Бояд дар ягон ҳолат чи дар коргоҳ бошаду чи дар хона дар танҳои нагардед. Ҳангоми ронандагӣ кардан ё гузаштан аз роҳи мошингард эҳтиёт бошед.  Бо ҳамсафари ҳаётии хеш меҳрубон бошед.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ҳарчанд шумо табиатан одами хушҷақчақу дилёбед, аммо имрӯз рафтори  баъзе аз атрофиён шуморо ба ғазаб меорад. Кӯшиш кунед ба муноқишаҳои атроф ҳамроҳ нашавед. Дӯстдоштаатон охири рӯз хотиратонро бо тӯҳфае шод мекунад. Саломатиатон давоми рӯз хуб аст.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Хушбахтона рӯз барои сафару шиносоӣ созгор аст. Робита бо дӯстони нав ҳам фоида меораду ҳам табъи дилатон мегардад. Миёнаи ҳафта муносибатҳоятон бо фарзандатон ё шахси дўстдошта вайрон мегардад. Охири рӯз барои муайян сохтани сабабҳои камқувватӣ ба табиб муроҷиат кунед.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз бо масъалаҳои пулӣ, хариду фурўш алоқамандӣ дорад. Он чизеро, ки кайҳо дар ҷустуҷӯяш будед, харидорӣ мекунед.  Миёнаи рӯз бо яке аз хешовандонатон муноқиша мекунед. Сабаби нофаҳмӣ дар он аст, ки шумо бе маслиҳати наздикон ба коре даст мезанед. Дар сарфи маблағ исрофкориро пеш нагиред.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Ба бемориву камбудиҳои шахсӣ диққати бештар ҷудо кунед. Ғами дигаронро хўрданатон хуб аст, вале боре дар бораи худ фикр карда, аз пайи табобати бемориҳоятон шавед. Нимаи дувуми рӯз аз шиносшавӣ бо нафаре худдорӣ намоед, хусусан ба нафаре ошиқ шуданро тавсия намедиҳем. Охири рӯз дар бораи дўстдоштаатон хабаре мешунавед, ки якбора дилхунук мегардед.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Барои он ки бо дӯстдоштаатон ранҷишу озурдагӣ рух надиҳад, то охири рӯз бо баҳонае аз ӯ худро дур гиред. Баъди он ки асабҳоятон орому қалбатон осуда мегардад, ба худ меоед.  Хариди калон карданро маслиҳат намедиҳем. Имкони гум шудани ҳуҷҷатҳои лозима ва ҳамёнатон вуҷуд дорад, аз ин лиҳоз фориғболӣ накунед.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner