• Шаҳло НИЁЗОВА
  • 20.04.2019
  • 0

Толеъномаи 20 апрел 2019

Ҳамал(21 апрел-22 май)

Имрӯз дар корҳои эҷодӣ ва ҷодаи муҳаббат навигариву дилхуширо интизор бошед. Нимаи аввали рӯз дар робита бо атрофиён фаъолнокӣ нишон дода бурд мекунед. Агар алҳол рухсатӣ нагирифта бошед, метавонед аз пайи баргузор намудани маъракаҳои арӯсӣ ва фотиҳатӯй гардед. Ба хотири мулоқоти ошиқона аз нақшаҳои корӣ рӯ нагардонед. Агар ба нафаре писанд омадан хоҳед, ба соддалавҳӣ роҳ надиҳед. Ҳамзамон аз иғвогарии зане эҳтиёт шавед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Барои ободонии хонаву дар ва тағйир додани муносибатҳои оилавӣ кӯшиш ба харҷ диҳед. Рӯзи бобарорест барои оғоз намудани зиндагии мустақилона, кӯчидан ба манзили нав, харидани хона ва сар кардани таъмир. Вохӯрии банақшагирифтаатон бо сабабе баргузор намегардад. Ба хонаатон омадани меҳмон эҳтимол дорад. Барои дидорбинии бобову бибӣ ва волидони пир рафтанро фаромӯш насозед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз дар атрофатон ҳодисаи ногаҳоние рух медиҳад, шиноси нав пайдо мекунед ё тасодуфан ба ҷое сафар мекунед. Шуморо истироҳат ва дилхушӣ интизор аст, вале дар масъалаҳои молиявӣ чандон рӯзи бобарор нест, аз ин рӯ пулро зиёд харҷ накунед. Ба нафароне, ки ба хонаатон меоянд, диққат диҳед. Эҳтимол бо нафаре муносибатҳоятонро қатъ кардан лозим меояд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Саратонҳо бояд ба навигариҳои молиявӣ омода бошанд.Бо нафаре вомехӯред, ки кайҳо боз якдигарро надида будед, вале вохӯриҳои банақшагирифтаатон баргузор намешаванд. Баногаҳ табъатон тағйир ёфта, сару либоси худро нав карда, бо нафаре, ки қаблан табъи дилатон набуд, ишқварзӣ кардан мехоҳед. Ин ҳолататон зудгузар асту аз кори карда сахт пушаймон мегардед, аз ин рӯ ба коре, ки ислоҳнопазир аст, даст назанед. Дӯстони наву шуғли дигар пайдо мекунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Нимаи аввали рӯз корҳоятон бобарор ва фаъолтар мегардед. Даст рӯи даст гузошта нишастанатон беҳуда аст, ҳатман аз вазъияти мусоид истифода бурда, муваффақ шуда метавонед. Хеле серташвиш мегардед, сафару вохӯриҳо зиёд мегарданд. Ба саломатии худ диққат дода, дар атрофатон нафарони дилкашро гирд оваред. Саломатиятон бо сабаби пурхӯрӣ нохуб мегардад, хусусан ширинихӯрӣ ё хастагии бардавом зарар мерасонад. Эҳтимоли бемор шудани гурдаву миён зиёд аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯз сиру асроре, ки дар дил доред, аз қалби худ раҳо намоед. Эҳтимол бо хайру сахои пинҳонӣ машғул мешавед. Тамоми фикру зикри худро ба корҳое равона месозед, ки аз он даромади пулӣ ба даст оварда тавонед. Одати пайваста фикри дигарон карданро партоеду аз пайи саломатӣ ва мушкили худ шавед. Нисбати дӯстдоштаи худ ҳукмфармоӣ накунед, вагарна муносибатҳоятон вайрон мегардад. Қувваи худро ба коре равона созед, ки аз уҳдааш баромада тавонед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дӯсте пайдо мекунед, ки ҳамфикру ҳамақидаи шумо аст. Дар корҳоятон пешравӣ дида мешавад обрӯятон афзуда, ба бисёр чизҳо ноил мегардед. Бояд ба сару либоси худ диққат диҳед. Дар ҷойи кор вазъият ба таври ногаҳонӣ тағйир меёбад. Дар ин рӯз метавонед аз пайи ислоҳ намудани ғалату камбудиҳои худ шавед. Дар вақтҳои холигӣ аз назди телевизор ва компютер худро дур гирифта, чашмонатонро истироҳат диҳед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)


Рӯз барои нафароне, ки касбу кори худро иваз кардан ё худро дар соҳаи тиҷорат санҷидан мехоҳанд, мусоид аст. Корҳое пеш меоянд, ки барои иҷро намуданашон танҳо будану тамоми фикру андешаҳои худро ҷамъ карданатон лозим меояд. Бо нафароне риштаи дӯстиятонро тақвият бахшед, ки дар амалӣ сохтану орзуву ниятҳоятон дар паҳлӯятон бошанд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзи хубест барои нишон додани ташаббус ва пухтакорӣ. Агар танбалиро рафъ карда тавонед, нақшаҳои ҷасуртаринатонро амалӣ сохта метавонед ва кӯшиши зиёд низ ба харҷ доданатон лозим намеояд. Танҳо бо табъи болида комёбӣ ба даст оварда метавонед. Дар ин рӯз бо атрофиён забон ёфтанатон осон мегардад, аз имкони мусоид ҳам дар касбу кор ва ҳам дар ҳаёти шахсӣ истифода баред. Дар масъалаҳои молиявӣ ба кори хатарнок даст назанед. Нисбати саломатӣ ва бехатарии шахсӣ бодиққат бошед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Бо сабаби ба асабоният дода шуданатон ба ғалату камбудиҳо роҳ медиҳед. Барои он ки шумову наздиконатон ранҷ накашед, худро ба даст гиред. Навигариҳое, ки имрӯз рух медиҳанд, зиндагии шуморо куллан тағйир медиҳанд. Баъзеҳоро зиёдшавии маош ва мукофотпулӣ интизор аст. Аз асабхаробӣ эҳтиёт шавед, бештар дар муҳити орому осуда вақт гузаронида, кӯшиш кунед вақтатон хуш бошад. Агар қаблан бо шахси дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ муносибати нохуб дошта бошед, дар ин рӯз кор ба муноқишаи калон мерасад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз нисбати саломатии худ бодиққат бошед. Бо вуҷуди зиёд будани кору ташвишҳо, ҳатман барои истироҳати кутоҳмуддат вақт пайдо кунед. Бадшавии вазъи саломатиятон бо сабаби камқувватӣ ва хастагии зиёд аст. Аввали рӯз дар муносибатҳои заношавҳарӣ нофаҳмӣ рух медиҳад. Барои аз муноқиша эмин мондан аз нобоварӣ ва рашк худдорӣ намоед. Нимаи дуюми рӯз барои далвҳое, ки муносибатҳои пинҳонии ошиқона доранд, бобарор меояд, аз мулоқотҳои ошиқона ҳаловат мебардоред.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Нисбати нафароне, ки дӯсташон медоред ғамхориву меҳрубонӣ зоҳир намоед. Миёни шумову шахси дӯстдоштаатон дилхунукӣ меафтад. Агар шумо соҳиби оилаву фарзанд бошед, рафтори кӯдакон боиси ташвишатон мегардад. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед. Дорувориҳоро зиёд истеъмол накарда, аз машрубот худдорӣ намоед. Нимаи дуюми рӯз ба маърака ё тӯйи арӯсӣ даъватӣ мешавед.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner