• Administrator
  • 22.02.2019
  • 1

Толеъномаи 22 феврал 2019

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Зимистон ба охир мерасад, вале шумо омадани баҳорро эҳсос намекунед. Руҳафтодагӣ ба ҳаётатон бетаъсир намемонад, аз ин лиҳоз худро ба даст гиред. Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур намуда, кори табъи дил ва сердаромадро ҷӯё шавед. Аз робита бо нафарони шубҳанок худдорӣ намоед. Нохуб гаштани вазъи саломатиятон аз эҳтимол дур нест.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз худро дар ҳама корва дар назди ҳама гунаҳкор эҳсос мекунед ва чунин ҳолат то бегоҳ давом мекунад. Беҳтараш диққати худро ба коре, ки даромади хуб меорад, равона намоед. Нафарони муҷарраде, ки дӯстдошта доранд, бо сабаби ночиз дили ёри худро меранҷонанд. Бегоҳирӯзӣ андаке нотоб мегардед, вале ин нишонаи хастагиятон аст.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи душвор аст, дар оилаву ҷодаи касбу кор мушкилиҳо сар мезананд. Эҳтимоли бемор шудани дил, меъда ва устухонҳоятон вуҷуд дорад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоеду бори вазнин набардошта, асабӣ нашавед. Ба мушкилиҳои сарзада оромона назар кунед. Ҳангоми кор бо асбобҳои нӯгтез ҳушёр бошед. Орзуҳои ошиқонаатон амалӣ намегарданд.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Қабл аз он, ки касеро танқид мекунед, ба рафтори худ нигаред. Дар дунё нафари бе камбудӣ нест, аз ин лиҳоз нисбати дӯстон кинояву норизогӣ накунед. Вазъи молиявиатон бо оҳистагӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Барои ошиқон рӯзи мусоид аст, меҳру муҳаббати зиёдро эҳсос намуда, болу пар мебароред. Саломатиятон ташвиш намедиҳад, вале ин маънои онро надорад, ки фориғболӣ намоед.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Ҳар қадаре маблағи ҷамъкардаи худро пинҳон кунед ҳам, имрӯз маҷбур мешавед пул сарф кунед. Барои эҳтиёҷоти фарзандон, таъмири мошин ва наздиконатон хароҷот мекунед. Инчунин фавран аз пайи ташхиси тиббӣ шуданатон лозим меояд, ки он низ маблағи зиёд талаб мекунад. Бонувон бояд аз баҳсу мунозираи беҳуда бо ҳамсар худдорӣ намоянд.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи хатарнок аст, дар оилаву ҷодаи касбу кор мушкилиҳо сар мезананд. Ҳодисае боис мегардаду дилатон аз шахси дӯстдоштаатон мемонад. Камтарин низоъ боиси аз ҳам ҷудо гаштанатон мегардад. Саломатиро эҳтиёт карда аз ашёҳои нӯгтез, шиша ва оҳан худро дур гиред. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ низ ҳушёриро аз даст надиҳед.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз хомӯшӣ ихтиёр накунед, фикру андешаҳои худро ба атрофиён равшану возеҳ расонед. Аз фаъол будани шумо касбу кор, обруву нуфуз ва миқдори пулҳои ҳамёнатон вобастагӣ дорад. Бо худтабобаткунӣ машғул нашавед, ҳатто ҳангоми зуком ба табиб муроҷиат кунед. Ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуданатон имкон дорад, барои раҳоӣ ёфтан диққати худро ба мушкили шахсони бароятон наздик равона созед.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Мушкили асосии шумо дар ин рӯз нофаҳмӣ бо ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатон аст. Барои оштӣ шудану ба ҳамдигарфаҳмӣ омадан бояд ба якдигар гузашт карданро омӯед. Бархе соҳиби вазифа мегарданд ё даромади пулӣ ба даст меоранд, вале ба куҳи тиллоӣ умед набандед. Дари хонаи шумо бояд барои меҳмонон ҳамеша кушода бошад.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзи хатарнок аст, дар оилаву касбу коратон мушкилиҳо пеш меоянд. Хислати ғамхорӣ ва дилсофиятон боиси мазоқу масхараи душманон мегардад. Ба чунин нофаҳмиҳо диққат надиҳед. Агар имкон дошта бошед, ба ниёзмандон дасти хайру саховат дароз кунед. Ҳангоми кор бо ашёҳои нӯгтез ҳушёр бошед. Ошиқатон ба ҳарфи пурмуҳаббати шумо ниёз дорад.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Аз субҳи барвақт занги телефонии дӯсти собиқатон табъатонро хира месозад. Аз ҳад зиёд зудбовару сода нашавед ва мушкили дигаронро ба зиндагии худ ворид насозед. Барои сафари роҳи дур, таъмири мошин ва таъмири техникӣ рӯзи мусоид нест. Дар ҳаёти шахсиятон мушкилиҳо сар зада, бо нафарони бадкирдор дӯстӣ пайдо карданатон имкон дорад.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз дар гуфтору рафтор бодиққат бошед. Аз худхоҳиву худпарастӣ худдорӣ намуда, танқиди одилонаро қабул карданро омӯзед. Баъди нисфирӯзӣ хабари ногаҳонӣ боиси ба мушкилиҳои оилавӣ ворид гаштанатон мегардад. Баъзеҳо бо мушкилиҳои фарзандон саргардон мешаванд. Аз хӯрокҳои вазнин ва нушокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ҳаёти аксари ҳутҳо нофаҳмӣ бо ҳамкорон ва роҳбарияти коргоҳ бо сабаби мушкилиҳои молиявӣ муноқиша сар мезанад. Баъзеҳо аз ин моҷаро бурд мекунанд. Ҳаёти шахсии худро махфӣ нигоҳ дошта, рақами суратҳисоб ва пароли почтаи электронии худро ба касе нагӯед. Эҳтимоли фиреб хӯрдану ба доми дуздону ҳаннотон афтиданатон вуҷуд дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner