• Administrator
  • 24.04.2019
  • 0

Толеъномаи 24 апрел 2019

Ҳамал(21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз ба хотири рафъ сохтани чанд мушкили оилавӣ ҳам вақти холиву ҳам вақти кории худро сарф менамоед. Аз он ки корҳоятон ба таъхир мемонад, озурда нагардед. Ҳамкорон шуморо дастгирӣ мекунанду баъди рафъи мушкилиҳо боз фурсати истироҳат ҳам пайдо мешавад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Имрӯз хатари зиёд шудани мушкилиҳои пулӣ вуҷуд дорад. Агар вазъи иқтисодиятон номусоид бошад, кӯшиши аз мушкилӣ гурехтанро накунед. Қаҳру ғазаби худро нигоҳ доред, вагарна кор ба ҷангу ҷанҷол анҷом меёбад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи хубест барои амалӣ намудани нақшаҳои дерина. Корҳои аввалиндараҷаро ба осонӣ ба анҷом мерасонед, чизе наметавонад хотиратонро парешон созад. Дарди сар қариби бегоҳ рафъ мегардад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз чизеро исбот кардану ба саросемагӣ роҳ додан лозим намеояд. Бе шитобкорӣ аз пайи кор мешаведу ҳатто баъзе уҳдадориҳои худро ба таъхир мегузоред. Беҳтараш ин рӯзро ба  наздиконатон бубахшед. Барои нишастҳои дӯстона, ба  театру қаҳвахона рафтанатон мусоид аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Имрӯз саломатиятон хубу қувваи кориятон дучанд мегардад. Бо атрофиён ба осонӣ дар муошират мешаведу дар ҳалқаи наздикону дӯстон дилхушӣ кардан мехоҳед. На танҳо эҳсосоти худро, балки дигаронро низ таҳти назорат гирифтан муяссаратон мегардад. Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз дар ҳама кор пешсаф будан мехоҳед. Ба зудӣ сари қароре омада масъулиятро эҳсос мекунед ва дигаронро барои пешравии корҳоятон ҷалб карда метавонед. Ҳамаи ин бе ягон мушкилӣ ба шумо даст медиҳад, зеро атрофиён дар иқдомҳоятон дастгирӣ мекунанд.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз бодиққат бошед, нафареро, ки бароятон хеле азиз аст, ранҷонида метавонед. Аз уҳдаи тамоми корҳои бар дӯш доштаатон хеле хуб мебароед. Аз тақдир гила накунед, беҳтараш сабру таҳаммулро пеша намоед. Дар ин рӯз бо касе муноқиша накунед, хусусан бо занҳо. Дар акси ҳол пагоҳ пушаймон мешавед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)


Дар ин рӯз бояд тамоми ҷасорати худро ба кор баред. Аз таваккал кардан наҳаросед. Вазъият худ ба худ беҳ мегардад. Даромади пулиятон меафзояду обрӯву нуфузатон зиёд мегардад. Дар бораи пешравиҳоятон овоза накунед, вагарна аз шумо қарз мепурсанд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз аз машрубот худдорӣ намоед. Беҳтараш бо варзиш машғул шуда, рӯзро хуб гузаронед. Ғизои зараровар хӯрданатон боиси дарди меъдаву рӯдаҳо мегардад. Зудбовар нашавед, вагарна ба доми ҳаннотон меафтед. Нимаи аввали рӯз баъзе ҳодисаҳои  ногувор рух медиҳанд. Бо сухани бад касеро наранҷонед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Ин рӯзро ба зебоӣ, хардани либос ва бофароғат сохтани хонаву дар бубахшед. Бонувон ба нигоҳубинии мӯйҳояшон бояд диққат диҳанд. Баъди рӯзи корӣ оббозӣ кардан боиси болидаруҳӣ ва хоби бароҳати шумо мегардад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Шуморо имрӯз вохӯриҳои ногаҳониву армуғони ногаҳонӣ интизор аст. Бо вуҷуди хеле бобарор будани рӯз ба роҳи макру фиреб наравед, вагарна маблағи калонро аз даст медиҳед. Дар ин рӯз ба кӯмаки нафарони калонсол ҷасурона умед баста метавонед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Имрӯз бароятон лаҳзаҳои зиёди нишотовар меорад. Воқеаҳои рухдода табъатонро болидаву дӯстони наздик дар лаҳзаҳои даркорӣ дастгирӣ намуда, саратонро ба осмон мерасонанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner