• Administrator
  • 28.04.2019
  • 0

Толеъномаи 28 апрел 2019

Ҳамал(21 апрел-22 май)

Дар ҷодаи касбу кор тағйиротҳои мусбӣ рух дода, робита бо ҳамкорон гарму самимӣ гашта, аксари ҳамалҳо шиносҳои даркорӣ пайдо мекунанд. Аз доираи одоб берун рафтор накунед, зеро касбу кор набояд ба муносибатҳои дӯстонаатон таъсир расонад. Барои дидорбинии наздикони калонсолатон вақт пайдо кунед. Ба саломатии худ диққат диҳед. Агар вақтатон хушу болидаруҳ бошед, ҳама коратон барор мегирад. Дӯстдоштаи худро бо кинояву дағалгуфторӣ наранҷонед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Лаҳзаҳои аҷибу ғайриодиро аз сар мегузаронед. Мушкилиҳои молиявиро рафъ карданатон лозим меояд. Муҳим он аст, ки дар ҳузури ҳамкорон боҷуръат амал намоед. Аз сафари корӣ ҳам руҳатон болида мегардаду ҳам шиносҳои нав пайдо мекунед, вале кӯшиш кунед, ки дӯстдоштаатон рашк накунад. Дар рафъи мушкилоти оилавӣ чаққону уҳдабаро бошед, наздикон ҳама камбудиятонро мебахшанд. Барои саврҳои оиладоре, ки дар андешаи иваз кардани манзили зист ҳастанд, рӯзи мусоид аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи хеле аҷиб шуморо интизор аст. Камбудиҳои худро ҷуста, барои ҳар ғалати содирнамуда худро азият надиҳед, зеро инсон бе камбудӣ намешавад. Муносибатҳоятон бо аҳли хонавода хубтар мегардад, вале бисёр чизҳо аз шумо вобастагӣ дорад, қаҳру ғазаби худро ба сари наздиконатон нарезед ва барои нобарориҳои ночиз танқид накунед. Хотири худро бо либоси нав ё хӯрдании лазизе шод гардонед, он гоҳ табъатон болидаву муносибатҳои ошиқонаатон низ рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Нақшаву ниятҳое, ки назди худ мегузоред, аз шумо кӯшишу ғайрати зиёдро талаб намекунанд. Рафту душвориҳо пайдо шаванд, бе дудилагӣ ба дӯстони худ занг зада, аз ҳамкорон кӯмак пурсед. Маблағи хуби пулӣ ба даст меоред, вале дар танҳоӣ мағозаву бозоргардӣ накунед, вагарна тамоми пулро сарф карда пушаймон мешавед. Барои шахси дӯстдоштаатон вақт ҷудо карда, барояш муҳити хушу гуворо муҳайё намоед. Худхоҳиро аз худ дур намоед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Ҷасурона амал кунед, дар корҳои муҳим масъулиятро ба душ гиред. Дар ҳаёти оилавӣ ва шахсӣ ягон тағйирот дида намешавад, вале бо наздикони худ муноқиша накунед, зеро дар ин рӯзҳо асабониву зудранҷ мегардед. Ҳатто дар ҳолате, ки вазъи молиявиатон хуб бошад, маблағи зиёдатиро захира намоед. Нисбати нафароне, ки дар ин рӯзҳо шинос мешавед, шубҳа накунед. агар нафаре шуморо фиреб дода ё ба фоидаи худ истифода бурдан хоҳад, бо ӯ низоъ накунед, вагарна нафарони нисбататон вафодорро аз даст медиҳед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Шарму хиҷолатро аз худ дур созед. Тақдир шуморо бо нафарони воломақоме рӯ ба рӯ месозад, ки кӯмаку дастгирияшон дар пешравии корҳоятон мерасад. Аз ҷониби атрофиён муносибати сардро ҳис мекунед. Барои дастгириву кӯмаки онҳоро ба даст овардан кӯшиш карданатон лозим меояд, зеро мушкиле пеши роҳатон меояд, ки дар рафъ карданаш душворӣ мекашед. Шахси дӯстдоштаатон барои хушҳоливу табассуми шумо ба ҳама кор қодир аст. Баъзан рашк кардани ёратон нишонаи дӯстдорияш аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Ҳангоми сафару саёҳат кардан ба амалҳои хатарнок даст назанед. Барои раҳоӣ ёфтан аз мушкилиҳои ба саратон омада ба истироҳати берун аз шаҳр рафта ғубори дил бароред. Ба қаҳру асабоният роҳ надиҳед, саломатиро эҳтиёт кунед. Хабаре, ки дар ин рӯз мешунавед, нақшаҳоятонро тағйир медиҳанд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)


Дар ин рӯз бо ободонии хонаву дар машғул шуда, мушкилоти худро фаромӯш мекунед. Дар робита бо атрофиён бештар гузашт намоед, бо вуҷуди ҳақ будан хомӯширо авлотар донед. Муносибатҳои ошиқонаатонро дар ҷойи дуюм гузоред, он гоҳ барои аҳли оила вақти бештаре ҷудо карда метавонед. Ақрабҳои муҷаррадро таъқиб намуда изҳори муҳаббат мекунанд. Пулҳои худро сарфакорона истифода баред. Ба умеди даромади пулӣ аз пайи чанд кор нагардед. Бигзор маблағи ёфтаатон кам, вале доимӣ бошад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Барои аксари қавсҳо рӯзи бобарор меояд. Барои пешравии корҳоятон болидаруҳ ва табассуми хурсандона кифоя аст. Аз сабукфикрӣ худдорӣ намоед, дӯстону наздикони худро ба доми ҳилаву найранг напечонед. Нафароне, ки дар марказҳои дилхушкунанда фаъолият мекунанд, даромади хуб ба даст меоранд. Нофаҳмиҳое, ки байни шумову дӯстдоштаатон сар мезананд, бетаъсир намемонанд. Руҳафтода нашавед, вазъият ба зудӣ рафъ мегардад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар назди касе бечоранолӣ накунед. Зиндагӣ бе мушкилӣ намешавад, аз ин рӯ дӯстону наздикони худро бо шиква ҷонбезор накунед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон оромиву нишот ҳукмфармо мегардад, дӯстдоштаатон ба тамоми шарту шароити шумо розӣ мешавад. Муносибати наздикон чандон хуб нест, вале нозу нузи хешу ақраборо дар сурате бардошта метавонед, ки барояшон маърака ороста сари як хон гирд оваред. Агар фикри қарз гирифтанро дар сар дошта бошед, саросема нашавед, вагарна қарзатон зиёд шудан мегирад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Навигариҳо зиёд мешаванд, дар сурати душвор гаштани вазъият гунаҳкоронро наҷӯед. Далвҳои муҷаррад харидорони зиёд пайдо мекунанд. Коратон зиёд мешавад, вале ҳаққи хизматро сари вақт гирифта наметавонед. Аз кори бепул даст кашиданатон беҳтар аст. Барои истироҳат кардану мушкили худро аз ҳисоби дигарон рафъ намудан мусоид аст. Аломатҳои бемориеро, ки дар ин рӯзҳо пайдо мешавад, беэътино нагузоред.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯзи зебои баҳорӣ ҳутҳо хеле меҳрубону саховатманд мегарданд. Аз комёбиву дастовардҳои худ фахр накунед, аз ҳар комёбии ночиз шод гаштанро омӯзед. Муҳити кориятон хеле гуворо буда, шумо мушкилиҳои чанд муддат батаъхирмондаро низ рафъ мекунед. Муносибатҳоятон бо шахсе, ки дӯсташ медоред, хеле хуб ҷараён гирифта, табъатон дучанд болида мегардад. Миёнаи рӯз туҳфаи ногаҳонӣ ва даромади хурд табъатонро болида мегардонад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner