Толеъномаи 3 феврал 2019

ТОЛЕЪНОМА

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Нимаи аввали рӯзро пурра ба рафъ кардани мушкилоти оилавӣ сарф намоед. Вагарна хавфи пош хӯрдани оилаатон ба миён меояд. Барои шиносоии нав ва мулоқотҳои пинҳонии маҳрамона нимаи дувуми рӯз мувофиқ аст. Харидорӣ намудани асбобҳои техникии рӯзгор, компютерҳо, телефонҳои мобилӣ бобарор анҷом меёбанд. Барои пешгирӣ аз хурӯҷи бемориҳои ирсӣ аз истеъмоли хӯрокҳои серравған ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Сарвҳое, ки ба тиҷорат машғуланд ва ё дар соҳаи бонкдорӣ фаъолият мекунанд ин рӯз муваффақ мешаванд. Нимаи дувуми рӯз ба сафари корӣ баромада, эҳтимол ишқи зиндагиатонро вомехӯред ва ё шояд онро аз даст медиҳед. Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред, сари вақт иктифо карданро омӯзед. Дар фикри қарз гирифтан ё қарз додан набошед. Манбаи даромади хешро аз дӯсту душман пинҳон доред.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Нимаи аввали рӯз вохӯрие тақдирсозе шуморо интизор аст, ки дар аввал шояд дар аввал тақдирсоз буданашро дарк накунед вале касме дертар хоҳед фаҳмид. Барои ба роҳбарият пешниҳод намудани нақшаи нави корӣ фурсати мувофиқ аст. Ҳангоми муошират бо нафарони оиладор эҳтиёт шавед, сирру асроратон фош гашта, дар ҳоли ногувор мемонед. Охири рӯз бо сабабе сахт ошуфтаҳол мегардед, вале вазъиятро мустақилона ислоҳ карда метавонед.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Шумо зиёд хаста шудаед. Кӯшиш кунед зиёд асабӣ нашавед, бештар барои истироҳат вақт ҷудо кунед. Бештар хоб кунед то организматон барқарор шавад. Ба ҳеҷ ваҷҳ уҳдадориҳои иловагиро ба дӯши худ нагиред. Дар муносибатҳои заношавҳарӣ ранги тоза ворид мегардад. Нохушиҳои ба саратон омада ба шарте итмом меёбанд, ки зиракиву ҳушёриро пеша намоед. Фаромӯш насозед, ки ҳар инсон созандаи бахти худ аст. Дар масъалаҳои молиявӣ муваффақ мегардед.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Нимаи аввали рӯз барои пешгирӣ намудани бемориҳои музмин мусоидат мекунад. Аз пайи ташхису муайян сохтани бемориҳо шуда, табобатро сар кунед. Вақте расидааст, ки дар фикри тақвият додани масунияти бадан шавед. Агар шумо дар ҷустуҷӯи ҷои кор бошед, дар ин рӯзҳо кори мувофиқ пайдо карда метавонед. Ба эҳсосот дода шудану аз ҳад зиёд шартакигӯйӣ дар ҷодаи муҳаббат боиси сар задани дилранҷӣ мегардад. Нисбати камбудиҳои дӯстдоштаатон каме таҳаммул намоед, вагарна эҳтимоли ҷудо шуданатон вуҷуд дорад.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Нафарони оиладоре, ки муносибатҳояшон бо волидони ҳамсафари ҳаётӣ чандон хуб нест, дучори муноқишаву низоъҳои оилавӣ мегарданд. Бадии кор дар он аст, ки шумо барои ислоҳи вазъият коре карда наметавонед. Миёнаи рӯз барои мулоқоти ошиқона, туҳфаҳои хотирмон созгор аст. Нимаи дуюми рӯз сафару саёҳатро ба нақша гирифтан бамаврид аст. Ҷуфти беҳтарин барои шумо нафаре мегардад, ки дар мучали ақраб, далв ва ҳамал ба дунё омадааст. Хароҷоти ногаҳонӣ боиси холӣ шудани кисаҳоятон мегардад. Ба саломатии меъдаву рӯдаҳо диққати хоса диҳед, парҳезро риоя кунед.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Нимаи аввали рӯз бо ободонии хонаву дар ва замини наздиҳавлигӣ машғул шавед. Камбудиҳои рӯзгорро бо кӯмаки аъзоёни оилаатон бартараф карда метавонед. Нимаи дуюми рӯз бо масъалаҳои молиявӣ машғул шуданатон лозим меояд. Айни замон қарзи кӯтоҳмуддат гирифтану қарз додан бобарор анҷом меёбад. Эҳтимол даромади пулии наздикони шумо афзоиш меёбад. Бо ин маблағ шумо камбудиҳои шахсии худро бартараф карда метавонед. Эҳтимоли халалёбии асаб ва ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Миёнаи рӯз аз хариди кардаатон шод мегардед.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Нимаи аввали рӯз бобати муносибати худ нисбати атрофиён андеша намоед. Робитаатонро бо нафароне, ки вақтҳои охир муносибати сард доред, канданатон беҳтар аст. Нимаи дуюми рӯз нисбати дӯстдоштаи худ ботаҳаммул бошед, ба ташаббусҳояш монеа эҷод накунед, эътимодатонро қавӣ созед ва дилашро наранҷонед. Дар ин рӯз барои дӯстдоштаи худ хароҷоти зиёд карданатон лозим меояд. Аз харидани туҳфа худдорӣ намоед. Нисбати бемориҳои музмин фориғболӣ карданатон боиси сарфи маблағ ва пушаймониятон мегардад.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Нимаи аввали рӯз диққати худро барои рафъи масъалаҳои молиявӣ равона созед. Аз рӯйи нақша амал намуда, ба натиҷаи дилхоҳ расидан муяссаратон мегардад. Давраи бобарорест барои хариди калон, таъмири хона ва ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳои даркорӣ. Нафароне, ки аз фарбеҳӣ азият мекашанд, бо риояи парҳез дар муддати кӯтоҳ хароб шуда метавонанд. Бемориҳоро пешгирӣ ва тозагиро риоя карда, саломатиятон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Нуқтаи назаратон бо ақидаи аъзоёни оила мувофиқ наомада, боиси ранҷишу хафагӣ мегардад.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз ба умеди кӯмаку дастгирии касе нашавед, мустақилонаву фаъолона амал намоед. Агар аз масъулиятнокӣ натарсед, мушкилоти зиёдеро рафъ карда метавонед. Қисмати зиёди ҳафта эҳсоси хавотирӣ ва асабонияти зиёд, ки сабабаш номаълум аст, азиятатон медиҳад. Ба нафарони ношонос бовар накунед ва бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем. Дар назди худ ва одамон поквиҷдон бошед. Эҳтимол шуморо ба фаъолияти ғайриқонунӣ ва мамнӯъ ҷалб карданӣ мешаванд.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз аз маъракаву нишасти дӯстон дурӣ ҷустанатон беҳтар аст, вагарна хароҷоти калон мекунед. Дар ин рӯзҳо ба дӯстон қарз додану қарз гирифтанро тавсия намедиҳем. Дар акси ҳол муносибататон бо онҳо вайрон мегардад. Дар муносибатҳои ошиқона бештар ба садои қалб гӯш андозед, фиреб намехӯред. Ҳушёриро пеша намоед, вагарна ба доми ҳаннотон афтиданатон имконпазир аст. Нимаи дуюми рӯз мушкилоти рӯзгорро ба осонӣ рафъ месозед. Рӯз барои қабули меҳмонон мусоидат мекунад.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Аввали рӯз барои расидан ба мақсад ба ҳама кор даст заданӣ мешавед. Ҳама гуна монеа ва бо шумо созиш накардани атрофиён боиси қаҳру ғазабатон мегардад. Ба назаратон чунин мерасад, ки шуморо таҳқир кардан мехоҳанд, вале дар асл чунин нест.  Беҳуда ба муноқиша роҳ надиҳед, вагарна худатон зарар мебинед. Миёнаи рӯз дастгириву маслиҳати дӯстатон айни муддао мегардад. Нимаи дуюми рӯз барои сафарҳои берун аз шаҳр, шиносоиҳои нав ва сайругашт дар пойтахт мусоид аст. Агар шумо нияти харидорӣ намудани телефони мобилиро дошта бошед, рӯзи дигарро ба нақша гиред.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply