• Administrator
  • 03.01.2019
  • 0

Толеъномаи 3 январ 2019

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Ба садои қалби худ гӯш андозед, хусусан дар робита бо нафароне, ки ба асабатон мерасанд, ба як қарори муайн омада, риштаи дӯстиро қатъ карданатон беҳтар аст. Дар ин рӯзҳо дӯстро аз душман фарқ карданатон осон мегардад. Кӯшиш намоед, ки пул қарз надиҳед, вагарна пули худро рӯзҳои наздик гирифта наметавонед. Эҳтимоли сар задани баъзе мушкилиҳои молиявӣ вуҷуд дорад.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз ягон санҷиши ҷиддӣ ва комёбии назаррас дида намешавад. Диққати худро ба масъалаҳое равона созед, ки ба осонӣ рафъ мегарданд, ба камбудиҳои дигар нодида назар намоед. Нимаи дуюми ҳафта ба корҳои шахсони бегона бинӣ нахалонед. Эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ бо ҳамкорон ва роҳбарият вуҷуд дорад. Ба шамол хӯрдани пойҳо имкон надиҳед.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи хубест барои кори ақлонӣ ва эҷодкорӣ. Нафароне ки нияти аз худ намудани касбу ҳунари нав доранд ё забон омӯхтан мехоҳанд, аз ҳамин рӯз сар карда аз пайи омӯзиш шуданатон лозим аст. Хариду фурӯши хона бобарор анҷом меёбад. Саломатӣ аз тарзи хӯрокхӯриятон вобастагӣ дорад.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз бо истироҳати фаъол, сафару саёҳат ё тамошои манзараҳои дилфиреби диёрамон машғул шудан боиси оромии асабҳо ва истироҳати бофароғати шумо мегардад. Нафароне, ки бо рафъ намудани мушкилоти ҳуқуқӣ машғул мешаванд, дучори монеае намегарданд. Шахси дӯстдоштаатон ба кӯмаки молиявӣ ниёз пайдо мекунад. Саломатиятон ташвиш намедиҳад.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз кори наверо оғоз карданатон хуб нест. Агар ягон коратон барор нагирад, беҳтараш онро ба таъхир гузоред. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта хеле хубу гуворо ҷорӣ мегарданд. Шиносоии нав табъатонро болида мегардонад. Ба ҳолати гурдаҳо диққат дода, сари вақт аз пайи табобат шавед.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ҷодаи касбӣ ҳамаи коратон аз рӯйи реҷа ҷорӣ мегардад. Диққати бештари худро ба саломатӣ равона созед. Ба дарди миён бепарвоӣ зоҳир накунед.Дар ҷодаи муҳаббат танҳо хабарҳои хуш ва тағйиротҳои ғайриоддӣ рух медиҳанд. Ба нафаре ки баъди нисфирӯзӣ аз шумо қарз мепурсад, пул надиҳед. Хабари шунидаатон нақшаҳоятонро барбод медиҳад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)mizon

Айни замон дар касбу коратон тағйиротҳо рух медиҳанд. Маблағи пулиеро, ки интизор будед, ба даст оварда наметавонед. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати ёратон меҳру муҳаббати беандоза эҳсос мекунед. Баъзе нафарони муҷаррад муҳаббати худро пайдо месозанд. Саломатиро эҳтиёт кунед, аз пурхӯрӣ ва кори вазнин худдорӣ намоед.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз корҳоеро ба нақша гиред, ки муддати дароз аз уҳдааш намебаромадед. Агар нафаре аз шумо кӯмаку маслиҳат пурсад, ҷавоби рад надиҳед, албата аз рӯйи имкону вазъият амал намоед. Аз сарфи маблағи зиёд худдорӣ намоед. Қарз гирифтану қарз доданро маслиҳат намедиҳем. Изҳори муҳаббати нафаре боиси ранҷишатон мегардад.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Айни замон дар шоҳроҳи зиндагиятон имтиҳоне пеш меояд, ки ҳатман аз он гузаштанатон лозим аст. Минбаъд ҳама чиз аз худи шумо вобастагӣ дорад. Аз одамоне, ки ба одамгарияшон дилпур нестед, кӯмак напурсед ва ба касе чизеро ваъда надиҳед, ба гумон аст, ки аз уҳдааш бароед. Камҳаракатӣ ва пурхурӣ ба саломатӣ зарар дорад, инро фаромӯш насозед.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Ба шарте рӯзи бобарор мешавад, ки бо наздикони худ баҳсу мунозира накунед. Бо корҳои муфиди ҷамъиятӣ ё коре машғул шавед, ки бароятон эҳсоси қаноатмандӣ бахшида тавонанд. Эҳтимоли бо ошиқи пешина оштӣ шуданатон вуҷуд дорад. Рӯзи хубест барои тахт намудани ҳуҷатҳо. Бо худтабобаткунӣ машғул нашавед.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз қувваву нерӯи зиёдеро эҳсос мекунед, аз ин рӯ вақти пурқимати худро ба корҳое равона созед, ки чанд муддат дар иҷро карданашон душворӣ мекашидед. Корҳоятон барор мегиранд. Рӯзи хубест барои харид кардану ба бозору мағоза рафтан. Яхи дили дӯстдоштаатонро бо туҳфа шикаста метавонед.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз қувваи зиёди ҷисмонӣ ва равониятон сарф мегардад. Ба ҳар ҳодисае, ки дар ин рӯз рух медиҳад, чун ба имтиҳон назар кунед. Айни замон бо мушкили худ ба роҳбарият муроҷиат карданатон лозим нест. Дар лаҳзаҳои бекорӣ бо корҳое машғул шавед, ки табъатонро хуш ва аз ташвишҳо берун сохта метавонанд. Аз доираи нафароне, ки гирифтори зуком ҳастанд, дурӣ ҷӯед.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner